иҷтимоиёт
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Исми Абдуқодир Ҷабборов чун ходими давлативу ҷамъиятӣ, олим ва соҳибкори муваффақ барои хурду калони кишвар ошност. Ин фарди ватандӯсту соҳибдил бо истеъдоди фитрӣ ва қобилияти кордонӣ дар ҳама ҷабҳаи фаъолияти худ корҳои назаррас аҷом додааст. Ташаббусҳои камназири Абдуқодир Ҷабборов барои ҷомеа садҳо ҷойҳои нави кор фароҳам оварда, мавзеъҳои ободу дилрабо ва воқеаҳои наҷиби хотирмон эҳдо кардааст.
Соли 1974 Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абуалӣ ибни Сино баъдан Донишгоҳи давлатии тиббии Украинаро хатм намудааст. Солҳои 1978 - 1989 дар вазифаҳои ҷонишини сардухтури Стансияи санитариву эпидемиологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷонишини сардори Раёсати мудирияти корҳои Шӯрои вазирон кор кардааст.
Алҳол муассиси маҷмааи меҳмонҳонаҳои «Абдуқодир Ҷабборзода» ва витсепрезиденти федератсияи иттифоқҳои варзишӣ аз рӯйи намудҳои варзиши миллии халқҳои Авруосиё дар назди Асамблеяи халқҳои Авруосиё, узви Шӯрои халқҳои Авруосиё мебошад.
Маҷмааи меҳмонҳонаҳои «Абдуқодир Ҷабборзода», ки дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд қарор дорад, аз беҳтарин меҳмонхонаҳои кишвар маҳсуб меёбанд. Хидматрасонӣ ва шароити истироҳат дар ин меҳмонхона ҷавобгӯи талаботи замон буда, Абдуқодир Ҷабборов дар ҳамдастӣ бо кормандони соҳибтахассуси худ кӯшиш мекунад, ки меҳмонони даргоҳаш бо хотири болида вориди он гарданду бо дили шод берун шаванд.
Дар пиёда кардани сиёсати давлату ҳукумат, аз ҷумла сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои ҷолиб мегузорад. Аз зумраи ин ташаббусҳои наҷиб дар шаҳри Гулистон бунёд намудани маҷмааи истироҳатию фароғатии «Осоишгоҳи Абдуқодир Ҷабборзода» ба ҳисоб меравад, ки бо тарҳи зебо, риояи тамоми меъёрҳои сохтмонию меъморӣ, нақшу нигори миллӣ, кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва сангҳои ороишии ватанӣ ба як макони дилфиреб дар соҳили Баҳри тоҷик қомат афрохтааст.
Сохтмони он соли 2019 оғоз шуда, дар доираи корҳои ободу бунёдсозӣ ба хотири сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатии кишвар сурат гирифт. Осоишгоҳ дар як вақт имкони қабули то 55 нафарро дорад ва дар он 15 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд. Бо навтарин дастгоҳу таҷҳизоти тиббии ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ таъмин аст. Ин ҷо табобати бемориҳои амрози дарунӣ, асаб, роҳи нафас, сутунмӯҳра бо усулҳои гуногун ва истифодаи таҷҳизоти муосири тиббӣ роҳандозӣ шудааст. Ба қавле Осоишгоҳи «Абдуқодир Ҷабборзода» аз зумраи иншооти муҳими соҳаи табобату истироҳат мебошад, ки дар соҳили «Баҳри тоҷик» бунёд шудааст.
Зимнан ин ва дигар заҳматҳои ӯ бо нишон, ордену медалҳо, ифтихорномаву сипосномаҳо қадр шудааст. Аз ҷумла, соли 2002 Ҳукумати шаҳри Маскав Абдуқодир Ҷабборовро барои меҳнати арзишманд бо ордени «Святого Станислава рыцарской степени РФ» қадрдонӣ намуд. Соли 2012 бо медали «Дӯстии халқҳо - ягонагии Россия» - и Ассамблеяи халқҳои Россия сарфароз гардид. Аълочии тандурустии СССР, Корманди хизматнишондодаи фарҳанги Тоҷикистон, узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон аст. Абдуқодир Ҷабборов олим ва донишманди беназир мебошад ва унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносиро дорад.
Бале ӯ як зиндагии пур аз ибрат ва омӯхтаниро аз сар мегузаронад ва ҳар амалу кори ин марди ватандӯст барои ҷавонони имрӯза дарси мактабу матонат аст.
Саидумрон САИДОВ,
номзади илмҳои филология,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.10.2021 №: 215 Мутолиа карданд: 526