Хабарҳо
ҶОМИ ОСИЁ – 2022
Тоҷикистон марҳилаи интихобиро бобарор оғоз кард
Дар варзишгоҳи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U23) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё – 2022 (гурӯҳи «В») бар мунтахаби Лубнон (U23) бо ҳисбои 1:0 ғолиб омад.
Тӯби ғалабаоварро ҳимоятгар Ваҳдат Ҳанонов (дақ.87) ба самар расонд.
Дар вохӯрии дигари гурӯҳ Эрон ба дарвозаи Непал чор голи беҷавоб зад.
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби мо бо Непал (28 октябр) ва Эрон (31 октябр) қувваозмоӣ мекунад.
Тибқи низомномаи мусобиқот ғолибони 11 гурӯҳ ва 4 дастаи зинаи дуюм бо натиҷаҳои беҳтар ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё – 2022 роҳ меёбанд.
ЛИГАИ ОЛӢ
«Регар-ТадАЗ» ва «Равшан» ба он роҳхат гирифтанд
Тимҳои «Регар-ТадАЗ» (шаҳри Турсунзода) ва «Равшан» (Зафаробод) дар мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи аввал мутаносибан зинаҳои якуму дуюмро ишғол карда, ба Лигаи олӣ роҳ ёфтанд.
Дар робита ба ин, роҳбарияти ФФТ ва Лигаи футболи кишвар бо намояндагони ин дастаҳо вохӯрӣ намуда, доир ба талаботи асосии низомномаи литсензиякунонӣ ва масъалаҳои инфрасохторӣ, маъмурию кадрӣ, молиявию ҳуқуқии Лигаи олӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шуд.
Маҳмуд БАҲРОМ,
шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 714