Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
CentralAsia (UZ). Ерик Ашимов, муовини Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай, ки рисолати нозиронро дар интихоботи роҳбари ҷумҳурӣ сарварӣ мекунад, хабар дод, ки интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон бидуни қонуншиканӣ ва ҷавобгӯ ба қонунгузории миллӣ баргузор шуд.
Лента.ру. Президенти Россия Владимир Путин ба роҳбарони минтақаҳо дар якҷоягӣ бо Роспотребнадзор дастур дод, ки назоратро аз болои риояи тадбирҳои санитарию эпидемиологӣ, ки ба пешгирии паҳншавии COVID-19 дар тамоми намудҳои нақлиёт нигаронда шудааст, пурзӯр кунанд.
TВЦ. Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Гебрейесус гуфт, ки пандемияи коронавирус ҳанӯз аз ба поён расидан хеле дур аст ва қаноатмандӣ мисли худи вирус хатарнок мебошад.
Мир24. Дар натиҷаи тирпарронӣ дар шаҳри Бойси иёлати Айдахо (ИМА) ду нафар ба ҳалокат расида, шаш нафар захм бардошт, - хабар медиҳад шабакаи телевизионии KTVB7.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 941