logo

Хабарҳо

Шавкат Мирзиёев бо беш аз 80 дарсади овозҳо дар интихобот пирӯз шуд

 
CentralAsia (UZ). 25 октябр Комиссияи марказии интихобот бо як нишасти хабарӣ натоиҷи муқаддамотии интихоботи президентиро, ки  рӯзи якшанбе баргузор шуд, эълом кард. 
Дар интихоботи президентии Ӯзбекистон шумораи бештари овозҳоро Шавкат Мирзиёев – 80,1 дарсад ба даст овард.
Номзадҳои боқимонда шумораи чунин овоз гирифтанд:
5,5% - номзад аз Ҳизби демократии Ӯзбекистон «Миллий тикланиш» Алишер Қодиров;
4,1% - Нарзулло Обломуродов, номзад аз Ҳизби экологӣ;
6,6% - номзад аз Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон Мақсуда Варисова;
3,4% - Баҳром Абдуҳалимов, номзад аз Ҳизби сотсиал-демократи «Адолат»;
Дар интихобот 16 миллиону 212 ҳазору 343 нафар ё 80,4 дарсади интихобкунандагони бақайдгирифташуда ширкат карданд.
 
 
Гирифторони COVID-19 дар ҷаҳон аз 243 миллион нафар гузашт
TВЦ. Бино ба маълумоти охирини Донишгоҳи амрикоии Ҷонс Ҳопкинс дар бораи вазъи COVID-19,  шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон аз 243,6 миллион нафар гузашт.
Тибқи маълумоти субҳи 25 октябр, дар давраи пандемия 243 657 129 нафар ба коронавирус мубтало шуда, 4 947 967 кас аз ин беморӣ ба ҳалокат расид.
Дар ҷойи аввал аз рӯйи шумораи мубталоён ба коронавирус ҳанӯз ҳам Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 45 444 260 ҳолати сироят қарор дорад.  Ҳиндустон бо 34 175 468 ҳолат дар ҷойи дуюм ва Бразилия бо 21 729 763 ҳолат дар ҷойи сеюм аст.
 
 
 
Россия дар нишасти вазирони хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Теҳрон ширкат меварзад
ТАСС. Россия 27 октябр дар нишасти вазирони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Теҳрон ширкат хоҳад кард. Дар ин бора намояндаи махсуси Президенти Россия оид ба Афғонистон, директори Департаменти дуюми Осиёи ВКХ Замир Кобулов изҳор дошт. 
«Россия ҳатман дар ин нишасти кишварҳои ҳамсоя ширкат хоҳад кард, мо дар бораи шеваҳо ва таркибашон каме дертар хабар хоҳем дод», - гуфт ӯ. Ҳарчанд Россия ҳамсояи воқеӣ нест, аммо ҳамчун як кишвари муҳим арзёбӣ мешавад, аз ин рӯ, даъват шудааст.
Кобулов, ҳамчунин, афзуд, ки Амрико барои ширкат даъват нашудааст. «Дар ҳар сурат тасаввур кардан барои ман душвор аст», - гуфт ӯ.
 
 
 
СММ: «Афғонистонро гуруснагӣ таҳдид мекунад»
Известия. Бар асоси як пажӯҳиши Барномаи ҷаҳонии ғизо ва Созмони ғизо ва кишоварзии СММ, гуруснагии марговар ба 23 миллион нафар дар Афғонистон таҳдид мекунад.
«Агар чораҳои таъҷилӣ андешида нашаванд, моҳи ноябр Афғонистон ба гуруснагии фарогир мувоҷеҳ хоҳад шуд. Беш аз нисфи аҳолии кишвар, қариб 23 миллион нафар норасоии шадиди ғизоро аз сар мегузаронанд. Ин як рекорди нави ғамангез барои ин кишвар аст, ки ҳоло яке аз бадтарин буҳронҳои  гуманитарӣ дар ҷаҳонро аз сар мегузаронад», - менависад сомонаи СММ.
Муаллифони тадқиқот дар хулосаҳои худ якчанд омилҳоро ба назар гирифтаанд: хушксолӣ, низоъ, пандемия ва буҳрони иқтисодӣ.
«Дар пеш зимистони сард аст ва баъзе ноҳияҳои Афғонистон низ барои созмонҳои башардӯстона дастнорас хоҳанд шуд. Ҳар дуюмин афғон дар вазъияте хоҳад буд, ки тибқи таснифи СММ, метавонад ҳамчун буҳрони дараҷаи сеюм ва ҳатто чаҳоруми хатар таъриф шавад. Барои таъмини ғизо ва ҳифзи манбаи зиндагии мардум дахолати фаврии ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур аст, вагарна Афғонистон ба фалокати гуманитарӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд», - омадааст дар паём.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 850
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед