сафарҳо
ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рӯзгори мардум, ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун, татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ, вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ, дидору мулоқот бо намояндагону фаъолон ва қишрҳои гуногуни аҳолӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ифтитоҳи Маркази перинаталии вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар
27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Маркази перинаталии вилояти Хатлонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Маркази перинаталӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барномаи “Ҳифзи солимии модар ва кӯдак ва ёрии таъҷилӣ” дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бо тарҳи зебову замонавӣ дар назди Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бурӣ Воҳидов бунёд гардидааст.
Муассисаи нави соҳаи тандурустӣ аз 3 ошёна иборат буда, дорои 10 шуъба, аз ҷумла шуъбаҳои қабул, ташхис, таҳлилгоҳ, модару кӯдак, таваллуд, амалиёти ҷарроҳӣ ва эҳёи калонсолон мебошад.
Дар шуъбаи амалиёти ҷарроҳӣ, ки дар ошёнаи 3-юми бино ҷойгир аст, барои гузарондани аксар намуди амалиёти ҷарроҳии эндовидеоӣ дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ васлу насб гардидаанд, ки пас аз ҷарроҳӣ беморон бистарӣ ва ба эҳёгарӣ фаро гирифта мешаванд.
Дар Маркази перинаталии вилояти Хатлон, ки дар маҷмуъ, 90 кати хоб дорад, 45 нафар мутахассиси дорои маълумоти олии тиббӣ ба кор таъмин гардид. Онҳо асосан ба сокинони вилояти Хатлон, пеш аз ҳама, барои ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакони навзод ёрии баландсифати тиббӣ мерасонанд. Илова бар ин, беш аз 10 нафар бонуи қаблан бешуғл ҳамчун гурӯҳҳои ёрирасон ба кор ҷалб ва бо маоши хуб таъмин шуд.
Дар Маркази перинаталӣ таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ, аз қабили рентгени рақамӣ, дастгоҳҳои ташхиси ултрасадо, асбобҳои ҷарроҳии эндовидеоӣ, беҳушкунию нафасдиҳӣ ва дигар таҷҳизоти муосир, ки истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мебошанду барои ҳифзи солимии модару кӯдак шуруъ аз давраи ҳомиладорӣ то таваллуд ва баъд аз таваллуд пешбинӣ шудаанд, васлу насб гардидаанд.
Инчунин, дар марказ нуқтаи тамйизгардонӣ мавҷуд аст, ки тамоми таҷҳизоти тиббӣ баъд аз амалиёти ҷарроҳӣ пурра безарар карда мешаванд.
Дар ошхонаи марказ ба беморон, модарони ҳомила ва модарони баъд аз таваллуди фарзанд ғизои болаззат, ки асосан парҳезӣ аст, бо риояи меъёрҳои беҳдоштӣ омода ва пешниҳод мегардад.
Барои хизматрасонии саривақтии тиббӣ ба модару кӯдак дар Маркази перинаталии вилояти Хатлон ду адад воситаи нақлиёти ёрии таъҷилии сайёр бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мавҷуд аст.
Илова бар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам беҳтару хубтар расондани ёрии босифати тиббӣ ба беморон ба Маркази перинаталии вилояти Хатлон як автомашинаи ёрии таъҷилӣ туҳфа карданд.
Акнун, бо бунёди Маркази перинаталии вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар, дар самти хизматрасонии сатҳи баланди тиббӣ ба модару кӯдак шароити арзанда фароҳам оварда шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.10.2021 №: 216 Мутолиа карданд: 3998