иҷтимоиёт
ВАҚТЕ РОҲБАР ҶАВОНПАРВАР АСТ...
Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки дар давоми даҳ соли оянда дар ҳар як деҳа ва маҳалҳои аҳолиашон аз 100 хоҷагӣ зиёд як муассисаи томактабӣ, як толор ва як майдони варзиш бунёд карда, ба оммавӣ шудани варзиш ва солимгардонии аҳолӣ мусоидат намоянд.
Ин нукоти муҳимро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ (26 декабри соли 2019) ироа намуда буданд. Бешак, ин тадбири саривақтию муҳим шаҳодати он аст, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии кишвар ба ҳисоб рафта, ба таъмини оммавигардонии варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ равона гардидааст. Воқеан, барои рушди варзиш ва тарбияи варзишгарони сатҳи байналмилалӣ бунёди инфрасохтори варзишӣ нақши калидӣ дорад.
Тавре Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттилоъ дод, давоми соли 2020 ва шашмоҳаи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 219 иншооти варзиш бо харҷи зиёда аз 1 миллиарду 88 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Дар ҳоли ҳозир дар мамлакат қариб 11 ҳазор иншооти варзиш, аз ҷумла 125 варзишгоҳ, наздики 7500 майдончаи варзиш, 1803 толори варзиш, 93 ҳавзи шиноварӣ, 37 маҷмаа ва 804 иншооти махсуси варзиш фаъолият мекунад.
Рақамҳои овардашуда, бозгӯйи дар амал татбиқ гардидани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Олег Василевич Матитсин, вазири варзиши Федератсияи Россия, дар Конгресси XXVII илмии байналмилалӣ таҳти унвони «Бозиҳои олимпӣ ва варзиш барои ҳама», ки бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 50-солагии таъсисёбии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов (21 октябри соли 2021, шаҳри Душанбе) чунин иброз дошт: «Дар Тоҷикистон бо саъю талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш сол аз сол рушд меёбад. Мутмаинем, ки варзишгарони тоҷик зери роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба музаффариятҳои аз ин ҳам баландтар даст меёбанд».
ҚАСРИ ТЕННИС ВА МАҶМААИ ОБИИ ВАРЗИШ
Яке аз рӯйдодҳои муҳим дар соҳаи варзиш бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Қасри теннис ва маҷмааи обии варзиш буд, ки қариб ба маблағи як миллиард сомонӣ сохта шудаанд.
Дар робита ба ин, Шодӣ Сафаров, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи С. Раҳимов, гуфт, ки баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ барои тамошои ин иншооти муҳташам нафарони зиёд, аз ҷумла собиқ хатмкардагони Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ аз тамоми манотиқи кишвар меоянд.
Ӯ афзуд, ки чанде қабл як гурӯҳ хатмкардагони донишкада дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ аз ВМКБ ва вилоятҳои Суғду Хатлон пас аз боздиди қаср ба ин ҷо ташриф оварданд. Бо хушнудӣ иброз доштанд, ки сабаби асосии ташрифашон аз наздик дидани иншооти барҳавои варзиш буд, зеро солҳои таҳсили онҳо ин шароитро танҳо орзу мекарданд.
- Мову шумо шоҳид будем, ки Қасри теннис ва маҷмааи обии варзиш дар шароити ниҳоят вазнин на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои ҷаҳон, яъне хуруҷи бемории ҳамагири коронавирус ба истифода дода шуд. Воқеан, кушода шудани чунин иншооти муҳим барои варзиши кишвар муждае барои на танҳо мухлисони тоҷик, балки варзиши ҷаҳон, дар пасманзари COVID-19 буд, ки инсоният бо варзиш ба ҳаёти муқаррарӣ бармегардад. Гузашта аз ин, маҷмааи варзиш дар рушди соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии дохилӣ низ созгор ба ҳисоб меравад, - иброз дошт ректори донишкада.
ҶОИЗАИ ПРЕЗИДЕНТӢ
- Иқдоми беназири дигаре, ки Президенти маҳбуби моро на танҳо миёни сокинони кишвар, балки миёни давлатҳои хориҷӣ ҳамчун шахсияти варзишдӯст муаррифӣ намуд, таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзиш мебошад. Ҷоизаи мазкур, ки аз фонди захиравии Президенти кишвар ба варзишгарони ғолиб тақдим мегардад, варзишгаронро водор намуд, ки солҳои охир шумораи медалҳои худро аз мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ зиёд намоянду миллату давлатамонро аз пештара дида бештар сазовор муаррифӣ намоянд, - иброз дошт Дилшод Назаров, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио – 2016.
Бояд гуфт, ки ҷоиза 9 январи соли 2015 бо Фармони Президенти мамлакат ба тасвиб расида, то имрӯз зиёда аз 200 варзишгар, яъне ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ бо он сарфароз гардонда шуда, ҳаҷми умумии ҷоизапулӣ беш аз 4 миллион сомониро ташкил додааст.
ҚОНУНИ НАВ БАҲРИ РУШДИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ
Моҳи июни соли ҷорӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» - ро ба тасвиб расонд.
Дар шарҳи ин қонун Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, иброз дошт, ки қонуни мазкур бо назардошти ҳимояи манфиатҳои миллӣ, рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти тарбияи ҷисмонию варзиш ва зарурати мутобиқ намудани он ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ дар таҳрири нав таҳия гардид.
Ӯ афзуд, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба ислоҳоти комили ҳуқуқӣ ниёз дошта, қонунгузории амалкунанда муносибатҳои мавҷударо танзим карда наметавонад. Илова бар ин, он ба мақоми ваколатдори давлатӣ ҷиҳати пешгирии намудҳои варзише, ки зимни машғулият бо онҳо вазъи руҳӣ ва ҷисмонии инсон зарар мебинад, махсусан дар шумораи зиёди варзишгарони наврас, ҷавонон ва занон боис ба осеб ва ё ҷароҳат бардоштан мегарданд, заминаҳои ҳуқуқиро муҳайё хоҳад кард.
- Ҳамчунин, дар қонун механизмҳои нави оммавӣ кардани варзиш, ҷалби ҷавонон ба варзиши касбӣ, субъектҳои соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар соҳаи мавриди назар, бо назардошти имконият ва шароити ҳозира, муқаррар шудааст. Хусусияти дигари қонун аз он иборат аст, ки муносибатҳои марбути ҳам соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва ҳам варзиши касбиро танзим намуда, муносибатҳои марбут ба ҷалби ҳама қишри аҳолиро ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш пурра танзим менамояд. Айни замон ин муносибатҳо тавассути ду санади ҳуқуқӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрии варзишӣ» танзим мегарданд, ки муносибатҳои ҷамъиятиро пурра фаро гирифта наметавонад, - гуфт раиси кумита.
ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК
Боиси тазаккур аст, ки баъди сохтани иншооти гуногуни варзиш, муҳайё намудани шароитҳои зарурӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ва ҳалли мушкилоти мавҷуда барномаҳои миёнамуҳлати давлатӣ қабул ва амалӣ гардида истодаанд. Барномаҳои маҷмуии «Рушди тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш», «Рушди футбол барои солҳои 2017 – 2021» ва тайи чор соли охир зери роҳбарии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон гузарондани Фестивали бозиҳои миллии варзиш, ки воситаи муҳими эҳё ва рушди бозиҳои миллии варзиш мебошад, аз ҷумлаи онҳост.
Натиҷаи ҳамин иқдомҳост, ки тибқи таҳлилҳои мутахассисони соҳа, агар дар 70 соли даврони гузашта варзишгарони мо аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ҳамагӣ 133 медал ба даст оварда бошанд, пас дар даврони соҳибистиқлолӣ ин рақам ба зиёда аз панҷ ҳазор расидааст. Танҳо соли 2019 варзишгарони тоҷик аз мусобиқаҳои байналмилалӣ ба хазинаи варзишии кишвар 203 медал (65 медали тилло, 57 нуқра ва 81 биринҷӣ) ворид карданд.
Метавон гуфт, ки ин охирин иқдом ё дастгирии Ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат дар самти рушди соҳаи варзиш ва варзишгарон нест. Зеро Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 июли соли 2020 зимни суханрониашон дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе таъкид намуданд: «Минбаъд низ бунёди инфрасохтори варзиш дар мамлакат идома меёбад ва барои варзишгарон, алоқамандони тарзи ҳаёти солим ва умуман, сокинони кишвар тамоми шароиту имкониятҳои муосир таъмин карда мешаванд».
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.10.2021 №: 216 Мутолиа карданд: 983