logo

иҷтимоиёт

АВРУПО. МУАРРИФИИ МУВАФФАҚОНАИ СИМОИ СИЁСӢ ВА ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН

Бо ташаббуси Президенти Фаронса ва сарварони Иттиҳоди Аврупо 11 октябри соли равон сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор кишварҳои Аврупо сурат гирифт. Қобили зикр аст, ки сабаби даъват мавқеи ҳамаҷониба санҷидашуда ва устувори давлати мо ва Сарвари он дар робита ба мушкилоти минтақа, хусусан вазъ дар Афғонистон, мебошад.
 
Пешвои миллат дар ин сафари худ барномаи хеле ғаниву гуногунсоҳаро ба иҷро расонданд. Аз ҷумла, зимни сафари корӣ ба Подшоҳии Белгия бо Президенти Шурои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел, Президенти Палатаи намояндагони Парлумони Федералии Белгия хонум Элиан Тилйё ва ноиби Президенти Комиссияи Аврупо, Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният Ҷозеп Боррелл, намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Тери Ҳакала ва Подшоҳи Белгия Аълоҳазрат Филипп вохӯрданд.
13 октябр бошад, сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Фаронса оғоз ёфта, зимни он бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон ва Раиси сенати ин кишвар Жерар Ларше мулоқот намуданд.
Дар онҳо масъалаҳои гуногун, ки вазъи Афғонистон дар меҳвари гуфтугӯ қарор дошт, мавриди баррасӣ қарор  гирифтанд. Аз ҷумлаи натиҷаҳои  ин  вохӯриҳои Пешвои муаззами миллат чунин нуктаҳои муҳимро оид ба масъалаи Афғонистон зикр кардан зарур аст:
- талошҳои муштараки ҷонибҳо барои таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон тавассути  татбиқи  барномаҳои БОМКА ва КАДАП таъкид гардиданд;
- аз қабули барнома ва лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо барои Тоҷикистону Афғонистон ва Осиёи Марказӣ изҳори қаноатмандӣ шуд;
- оид ба таъмини амнияти кишварҳои Осиёи  Марказӣ ва истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон ва эҷоди шароити мусоид барои рушди осоиштаи он, табодули афкор сурат гирифта, қайд гардид, ки амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ бо таъмини сулҳу субот дар Афғонистон иртиботи бевосита дорад;
- махсусан зикр гардид, ки Тоҷикистон ҷонибдори барқарории ҳар чи зудтари сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсоя, дӯст, ҳамзабону ҳамфарҳанг мебошад ва Созмони Милали Муттаҳид бояд дар пешбурди ин раванд нақши калидӣ дошта бошад;
- Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз мавқеи устувори Тоҷикистон ҷиҳати ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон ёдовар шуда, тарафҳо роҳҳои муассири истиқрори сулҳу субот дар ин кишварро баррасӣ намуданд;
- ҷонибҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти Афғонистон, муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар зуҳуроти хатарбори  ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ изҳори омодагӣ карданд;
- бо таваҷҷуҳи махсус ба вазъи мураккаби сиёсӣ ва гуманитарӣ дар Афғонистон, таъкид шуд, ки барои ҳалли мушкилоти сиёсӣ ва гуманитарӣ дар ин кишвар ҷомеаи ҷаҳон, давлатҳо  ва  созмонҳои  бонуфуз,  аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, бояд бетараф набуда,  барои аз байн бурдани онҳо дахолати тамоми ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ зарур аст;
- зикр гашт, ки Тоҷикистон бо доштани қисми зиёди сарҳади давлатӣ бо Афғонистон барои таъмини амнияти минтақа ва ҳифзи сарҳадот, пурзӯр кардани иқтидори мудофиавии сарҳад, тадбирҳои судмандро амалӣ месозад.
Қобили зикри хос аст, ки мавқеи кишвари мо оид ба ҳамаи ин масъалаҳо, ки асоси сиёсати Тоҷикистон ва Сарвари онро дар самти ҳалли қазияи Афғонистон ташкил медиҳанд, аз ҷониби сиёсатмадорони сатҳи баланди Белгия, Фаронса ва Иттиҳоди Аврупо дастгирӣ ёфт.
Зимни ин сафарҳои Пешвои миллат фарҳанги миллати мо низ дар сатҳи баланд ба мардуми аврупоӣ муаррифӣ шуд. Аз ҷумла, Намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи Гимейи Фаронса сурат гирифта, дар он осори давраҳои энеолит ва биринҷии  шаҳраки Саразми бостонӣ, ки ба Феҳрасти мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил мебошад, 211 нигора аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон, нигораҳо ва наворҳо оид ба мавзеъҳои таърихию сайёҳии Тоҷикистон, сарвати нодири таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик ва ғайра ба намоиш гузошта шуданд. Дар умум, тамошобинон имкон пайдо карданд, ки тавассути нигораҳо ҷаҳони маънавии худро оид ба давраҳои гуногуни таърихии миллати тоҷик, ба монанди давраи пеш аз милод –  “Ойини зардуштӣ”, “Империяи Ҳахоманишиҳо”, “Давлати Юнону Бохтар”, “Империяи Кӯшониён” ва “Давлати Сосониён” ғанӣ гардонанд.
Албатта, буданд як тудаи бехабарон, ки мехостанд аз ин воқеаи муҳими сиёсӣ истифода бурда, ғаразҳои шахсии худро амалӣ созанд. Вале, хушбахтона, иқдомҳои беасосу пурғарази онҳо аз ҷониби мақомоти расмии Фаронса, Полша ва Литва дастгирӣ наёфтанд. Ҳамаи ин нишон дод, ки тири душманони миллати тоҷик бори дигар дар Аврупо хок хӯрд.
Дар маҷмуъ, ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо ва чорабиниҳое, ки дар доираи он баргузор гардиданд, нишон доданд, ки Тоҷикистон имрӯз ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ нуфузу мақоми баланд дошта, қодир аст, ки дар ҳалли масъала ва мушкилоти сатҳи минтақавию байналмилалӣ саҳми сазовор гузорад. Ташрифи навбатии Пешвои миллат симои сиёсӣ ва фарҳангии кишвари моро дар сатҳи хеле олӣ ба оламиён муаррифӣ намуда, барои мардуми Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ боз як даричаи навро ба Аврупо бикушод.
 
Хуршед ЗИЁӢ,
директори Маркази тадқиқоти стратегии 
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.10.2021    №: 216    Мутолиа карданд: 495
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед