Хабарҳо
ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ИСТЕҲСОЛИ БЕШТАРИ КАРТОШКА
Лахш яке аз калонтарин ноҳияҳои картошкапарварӣ дар ҷумҳурӣ ба шумор рафта, деҳқонон давра ба давра майдони кишт ва истеҳсоли картошкаро зиёд карда истодаанд. Аз ҷумла, соли гузашта кишоварзони ноҳия зиёда аз 100 ҳазор тонна картошкаи хушсифат рӯёнданд.
Ба гуфтаи Аваз Маҳмадов, саркишоварзи ноҳия, соли ҷорӣ ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ деҳқонон майдони кишти картошкаро ба 5 518 гектар расонданд. Имрӯзҳо кишоварзон ҷаҳду талош доранд, то ҳосили бо арақи ҷабин парваридаашонро сари вақт ва беталаф ҷамъ оваранд.
Дар ноҳияи Лахш тайи солҳои ахир, асосан, навъи картошкаи «Тоҷикистон», ки деҳқонон онро палакдароз ном мебаранд, кишт мешавад. Зеро ин навъро олимону деҳқонон ба шароити маҳал мутобиқ намудаанд, ки ҳосилнокиаш нисбат ба дигар намудҳо зиёд аст. Полиз, ки самар дод, кишоварзон дар навбати аввал баргу пояро даравида, пас аз 5 – 10 рӯз ба ғунучини ҳосил шуруъ мекунанд.
Деҳқонони лахшӣ дар як мавсим ду ҳосил – картошка ва алаф мегиранд. Картошка бештар дар мавзеъҳои баландкӯҳи Лахш, Муксу, Ҷилондӣ, Сартало ва Каромик парвариш ёфта, деҳқонон аз баландиҳои 1300 – 2000 метр аз сатҳи баҳр ҳосили фаровон ба даст меоранд.
Пешрафти соҳаи картошкапарварӣ дар ноҳияи Лахш ба ташкили системаи илман асосноки тухмипарварии маҳаллӣ вобастагии зич дорад. Ин аст, ки, бо мақсади рушди соҳаи тухмипарварӣ дар шароити минтақаҳои баландкӯҳ, олимон дар ҳамкорӣ бо деҳқонон тухмиҳои ба шароити маҳал мутобиқу серҳосилро парвариш намуда истодаанд, то дар оянда хоҷагиҳои картошкакор тавонанд майдони кишту истеҳсоли онро боз ҳам афзуда, дар таъмини бозорҳои кишвар бо маҳсулоти хушсифат саҳми арзанда гузоранд.
РАШТ. ДАШТҲОИ ТАШНАЛАБ ШОДОБ МЕШАВАНД
Дар доираи барномаҳои беҳтар намудани ҳолати обтаъминкунии заминҳо дар ноҳияи Рашт, бунёди ду канал ва беҳтарнамоии вазъи мелиоративии заминҳои кишоварзӣ пешбинӣ шудаанд. Бо анҷоми корҳои сохтмонии ду иншоот, 600 гектар замин обёрӣ шуда, ҳамзамон, майдони кишти зироатҳо бештар хоҳад гашт.
Сохтмони навбати аввали канали Камчароғи ноҳияи Рашт ба масофаи шаш километр, ки аз сатҳи баҳр дар баландии қариб 3 ҳазор метр ҷойгир мебошад, худ таҷассумгари раванди корҳои ободонӣ ба шумор рафта, бо ташаббуси шахсони саховатманду хайрхоҳи деҳоти Қалъаи Сурх ва маблағгузории Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила татбиқ мешавад.
Бояд гуфт, ки мушкилоти нарасидани оби полизӣ солҳо боз ба рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла афзоиши майдони боғу картошка, монеа эҷод мекард. Ҳоло бошад, корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, ба истифода додани канал имкон медиҳад, ки то 350 гектар замин обёрӣ гардад.
Ин мавзеи доманакӯҳро «дашти беоб» ном мебаранд, ки дар ҳудуди деҳоти Ҳоит воқеъ мебошад. Бо мақсади обёрии он, дар замони шуравӣ лоиҳаи азхудкунии ин заминҳо тарҳрезӣ шуда буд, аммо амалӣ нашуд. Маҳз аз файзу баракати истиқлол ин дуюмин лоиҳаи азхудкунии заминҳост, ки дар ҳудуди ноҳияи Рашт ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо маблағгузории Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад.
Додарҷон МИРЗОЗОДА, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 751