Хабарҳо
АФҒОНИСТОН. КӮШИШҲО БАҲРИ БАРҚАРОРСОЗИИ СУЛҲ
Тавре ҳама огоҳем, 20 октябри соли равон дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе ҷаласаи хадамоти махсуси Тоҷикистон, Россия, Ӯзбекистон, Эрон, Қазоқистон, Чин ва Покистон баргузор гардид. Иштирокдорон зимни он аз вазъи феълии Афғонистон, ки ҳанӯз ҳам дар он амалҳои террористӣ ва дигар аъмоли хушунатомез бо қурбонии зиёди одамон идома доранд, изҳори нигаронӣ карданд.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки созмонҳои террористии дар Афғонистон буда, ба минтақа ва ҷаҳон хатар эҷод мекунанд. Иштирокдорони ҷаласа аҳамият ва зарурати ташкили ҳукумати фарогирро дар Афғонистон бо назардошти манфиатҳои ҳамаи халқиятҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ зикр карданд. Дар ин маврид, ҷонибҳо пешниҳодҳои судманд баён доштанд.
Дар баробари ин, иштирокдорон аз созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои манфиатдор даъват ба амал оварданд, ки дар ҳалли қазияи Афғонистон тамоми кӯшишҳоро баҳри барқарорсозии сулҳ, таъсиси ҳукумати фарогир ва мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ равона созанд.
Умед аст, ки пас аз ин вазъияти Афғонистон дар меҳвари назари созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои манфиатдор қарор мегирад ва бо мусоидати онҳо дар ин сарзамини азияткашида бо таъсиси ҳукумати фарогир сулҳу субот барқарор мешавад.
Сорбон БОЗОР,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 738