Хабарҳо
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»
Аз 8 то 12 ноябри соли равон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», ки ба муносибати 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ бахшида шудааст, доир мегардад.
Ба иттилои Вазорати фарҳанг, маросими ҷоизасупорӣ ва барномаи фарҳангӣ бо иштироки ғолибони озмун 16 ноябр муқаррар гардидааст. Аз довталабони даври ниҳоии озмун дархост мешавад, ки 7 ноябри соли равон, соати 14:00 дар театри мазкур аз қайд гузаранд.
Анҷумани VI омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви ИДМ
28 - 29 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Анҷумани VI омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви ИДМ таҳти унвони «Фазои таълимии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил - манбаи стратегии рушди устувор» ва нахустин Фестивали маҳорати педагогии омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви ИДМ аз рӯйи 5 номина баргузор мегардад.
Дар анҷуман роҳҳои муассири таъмини таълими дастрас ва босифат дар ҳама сатҳҳо ва рақамикунонӣ дар соҳаи маориф, вазъ ва дурнамои рушди илми педагогика, муносибатҳои инноватсионӣ дар татбиқи стандартҳои касбии омӯзгор ва ташкили корҳои таълимӣ, фаъолсозӣ ва рушди шарикӣ миёни муассисаҳои таълимӣ бо мақсади таҳкими ҳамкории байналмилалии башардӯстона дар фазои ИДМ ва ҳифзи забони русӣ ҳамчун воситаи муҳимтарини ҳамгироӣ баррасӣ мегарданд.
Густариши ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Туркия
Муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода бо сардори раёсати мубориза бар зидди терроризми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия Ҳасан Йигит мулоқот кард.
Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳоро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва мубодилаи иттилоот мавриди баррасӣ қарор доданд.
Гуфта шуд, ки яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин вусъати терроризм аст. Ин ҳолат водор месозад, ки тамоми имкониятҳои мавҷуда бар зидди зуҳуроти номатлуб истифода шаванд.
Ёрии башардӯстонаи Беларус ба Тоҷикистон
Бар асоси қарори Шурои вазирони Ҷумҳурии Беларус ва ҳамоҳангии умумии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи ин кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии башардӯстона ирсол гардид.
Кумакҳо иборат аз электрогенераторҳо, хаймаҳо, маводи ғизоӣ ва дорувориҳо иборат буда, дар маҷмуъ, 40 тоннаро ташкил медиҳанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар дод, ки маводи башардӯстонаро ҳайати Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Беларус бо сарварии муовини вазир Александр Худолеев ба Душанбе расонд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 851