logo

сафарҳо

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Ифтитоҳи муассисаи хусусии таълимӣ 
27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Зархези шаҳри Бохтар Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Мактаби хусусии инноватсионӣ”-ро ба истифода доданд.
 
Муассиса аз таҳхона, шаш ошёна, бисту ду синфхона, панҷ лаборатория, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон ва иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Муассисаи таълимии замонавӣ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби оилаи Назризодаҳо барои 480 хонанда дар як баст бунёд гардида, раванди таълим дар он ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад. Айни ҳол дар он 300 хонанда дар се зина таҳсил менамояд.
Барои илмомӯзӣ дар муассисаи мазкур муосиртарин шароит фароҳам буда, раванди таълим ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ шудааст. Синфхонаҳои барҳавои фанни химия, физика, биология, астрономия, геометрия, табиатшиносӣ, математика, ҷуғрофия, омодагии дифои ҳарбӣ, компютерӣ, инчунин, китобхона, китобхонаи электронӣ ва амсоли инҳо имкон медиҳанд, ки хонандагон бо истифода аз шароити арзандаи илмомӯзӣ таҳсил намоянд.
Дар ҳуҷраҳои озмоишгоҳи муассиса омӯзгорони соҳибтахассус бо истифода аз асбобу аёниятҳои дарсӣ таҷрибаҳои гуногуни илмӣ мегузаронанд, ки аз машғулиятҳои дӯстдоштаи хонандагон аст. Муассисаи барои ҳунаромӯзии хонандагон синфхонаҳои барҳавову алоҳидаи таълими меҳнат низ дорад.  
Бино ба иттилои масъулон, ба муассиса барои таълиму тарбияи хонандагон беш аз 50 нафар ба кор ҷалб гардид, ки 30 нафари онҳо омӯзгори соҳибтахассус мебошанд.
Бо мақсади ҳифзи саломатии хонандагону омӯзгорон нуқтаи тиббии бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурии кумаки аввалия муҷаҳҳаз сохта шуд.
Барои баргузории ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни фарҳангию оммавӣ дар ошёнаи 5-уми бино маҷлисгоҳ бо 70 ҷойи нишаст мавҷуд аст.
Дар китобхона шумораи зиёди адабиёти таълимию бадеиро гирд овардаанд, ки хонандагон имкон доранд, аз ин ганҷинаи бебаҳо босамар истифода намуда, дониши худро сайқал диҳанд. 
Тамоми синфхонаҳо, ҳуҷраҳо ва роҳравҳои муассиса дар фасли сармо бо шабакаи худӣ гарм карда мешаванд.  Қобили таъкид аст, ки барои хонандагони ноҳияҳои дурдасти мамлакат дар ошёнаҳои 5 ва 6-ум хобгоҳ барои 160 кас ҷойгир аст, ки дорои шароити зарурӣ мебошад.
Дар таҳхона ошхонаи барҳавои замонавӣ бо 100 ҷойи нишаст ҷой гирифтааст.
Дар саҳни муассисаи таълимӣ барои тарғиби тарзи ҳаёти солим майдончаи муосири варзишӣ бунёд ёфт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи бино баҳои баланд дода, иқдоми созандаи соҳибкори ватаниро намунаи ибрату шоистаи таҳсин арзёбӣ карданд.
Саҳн ва атрофи Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Мактаби хусусии инноватсионӣ” бо гулу буттаҳои мавсимӣ оро ёфтаанд.
Пас аз шиносоӣ бо шароитҳои фароҳамгардида, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди муассисаи таълимии томактабӣ барои 200 нафар тарбиятгиранда санги асос гузоштанд.
Тибқи лоиҳа, боғчаи кӯдакон аз 3 ошёна ва 10 ҳуҷраи барҳавои таълимӣ иборат буда, бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои замони муосир сохта мешавад. 
 
Баистифодадиҳии  МТМУ № 16 
27 октябр дар шаҳри Бохтар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои наву замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 16-ро ифтитоҳ намуданд.
 
Он дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо маблағгузории ширкати “Синохидро Тоҷикистон” бо харҷи зиёда аз 10 миллион сомонӣ бунёд шуда, аз лиҳози меъморӣ ва шароити мусоиди таълиму тарбия дар шаҳри Бохтар камназир аст. 
Зимни шиносоӣ, ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки мактаб барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ мешавад.
Корҳои сохтмониро коргарону мутахассисони ҶДММ “Диаман-К” ва “Сарҳадсоз” бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонданд.
Бинои асосии он сеошёна буда, сию ду синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ ва ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон дорад.
Ҳамаи синфхонаҳо бо пешрафтатарин технология ва воситаҳои муосири илмомӯзӣ, ба монанди тахтаи электронӣ ва компютер, муҷаҳҳаз буда, ҷиҳати сайқал додани дониши хонандагон се озмоишгоҳ амал мекунад.
Мактаб, ҳамчунин, дорои бунгоҳи тиббӣ, ошхона барои 100 нафар, маҷлисгоҳ бо 320 ҷойи нишаст ва толори барҳавои варзиш мебошад.
Барои таъмини он бо гармӣ буғхонаи дорои таҷҳизоти муосири бо ангишт фаъолияткунандаро ба истифода доданд.  
Дар ҳудуди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16, ки 2 гектарро ташкил медиҳад, дар фазои кушод майдончаҳои муосири варзиш барои футболи хурд, баскетбол, волейбол ва теннис бунёд гардида, ҷиҳати гузарондани дарсҳои амалии омодагии ҳарбӣ як майдончаи замонавӣ низ сохта шудааст.
 
Коргоҳи мебелсозӣ ба истифода  дода шуд 
27 октябр дар шаҳри Бохтар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи мебелсозии ҶДММ “Акобир”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
 
Коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Нуралӣ Бекназаров бо харҷи қариб 3 миллион сомонӣ сохта шуда, дар он, асосан, номгӯи зиёди мебел барои хона, муассисаҳои таълимӣ, корхона, ошхона ва манзилҳои истиқоматӣ истеҳсол мешавад.
Иқтидори солонаи он коркарди зиёда аз 15 ҳазор тахтаи махсус, ба монанди ДСП, МДФ, ДВП ва истеҳсоли 600 маҷмуи мебели гуногуни мулоим буда, дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ аз Туркия, Италия ва Чин ворид гардиданд.
Раванди истеҳсоли мебел, ки аз ҷониби мутахассисони соҳаи саноат мураккабтарин кор дониста мешавад, дар асоси дархости ташкилоту муассисаҳо ва аҳолӣ дар корхона сурат мегирад. Ашёи хом, ба монанди чӯбу тахта, фурнитура ва дигар қисмҳои металлӣ, ки барои истеҳсоли мебел зарур аст, аз хориҷи мамлакат дастрас мешаванд.
Тибқи иттилои роҳбарияти ҷамъият, намудҳои гуногуни мебел, ки дар ин ҷо истеҳсол мешаванд, аз лиҳози тарҳ ва сифат ҷавобгӯи стандартҳои муосир буда, дар бозори Тоҷикистон харидорони зиёд доранд.
Дар саҳни ҳавлии коргоҳи нав маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба намоиш гузошта шуд.
 
Бунёди коргоҳи истеҳсоли мебел  ва сардхона 
27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар коргоҳи истеҳсоли мебел ва сардхонаи ҶДММ “Баракати Истиқлол”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
 
Коргоҳи мебелсозӣ ва сардхона дар майдони қариб як гектар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Анваршоҳ Шодмонзода бунёд гашт.
Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсоли мебел таъкид шуд, ки тибқи баҳогузории озмоишгоҳӣ маҳсулоти коргоҳ аз лиҳози намуд ва сифат ба стандартҳои муосир ҷавобгӯст.
Вобаста ба фармоиш ва талаботи бозор дар коргоҳ зиёда аз 30 номгӯи мебел, аз қабили ҷевону рахти хоб, мизу курсӣ барои хона, корхона, ошхона ва муассисаҳои таълимӣ, истеҳсол мешавад.
Дастгоҳу таҷҳизоти замонавии мебелсозӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид ва васлу насб гардид.
Сардхонаи замонавӣ барои нигоҳдории маҳсулоти гуногуни кишоварзиву дигар маводи ғизоӣ имконияти васеъ дорад. Аз ҷумла, дар сардхона, ки аз панҷ қисм иборат аст, метавон 1500 тонна сабзавоту мева ва 100 тонна гӯшт захира кард. Дар он дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, ки ҳарорати дохили иншоотро мутобиқ ба меъёр нигоҳ дошта, сифати хуби маҳсулотро таъмин менамояд, насб шудаанд. 
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бештар намудани теъдоди чунин сардхонаҳо дар шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои вилояти Хатлон масъулонро вазифадор намуданд. Зеро вилояти Хатлон аз минтақаи калидии аграрии Тоҷикистон буда, таъминоти аҳолии ҷумҳурӣ бо аксар номгӯи маҳсулот аз фаъолияти кишоварзони он вобастагии амиқ дорад.
Соҳибкори маҳаллӣ Анваршоҳ Шодмонзода иқдом гирифтааст, ки оянда дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар коргоҳи истеҳсоли обҳои гуногуни ташнагишикан бунёд намояд.
Эъмори Маркази стоматологии вилояти Хатлон 
27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Маркази стоматологии вилояти Хатлонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
 
Бинои нави дуошёна бо тарҳи муосир сохта шуда, дар таҳхонаи он ҳуҷраҳои ёрирасони табобати дандон ҷойгир буда, барои беморон шароити муосир фароҳам аст.
Марказ аз чор шуъба иборат буда, бо дастгоҳу таҷҳизоти навтарини тиббии истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи дунё муҷаҳҳаз мебошад. Масоҳати он  960 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Барои ташхиси саривақтӣ ва дақиқи бемориҳои стоматологӣ, табобат, пармакунӣ, ҷарроҳии ҷоғ ва бо сифат сохтани дандон 15 таҷҳизоти муосир харида шуд.
Дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ харид ва васлу насб гардиданд, ки аз ин пас барои ташхису табобати саҳеҳ ва саривақтии беморон истифода мешаванд.
Фармоишгари бино раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон буда, бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир бунёд ёфтааст. 
Марказ ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сохта шуд. Акнун, табибон бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир метавонанд ба сокинон хизмати босифати тиббӣ расонанд.
Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани марказ, 50 табиб, бахусус кадрҳои ҷавон ва бештар аз ҳисоби занон, бо кори доимӣ таъмин гардиданд.
 
Бинои нави Маркази тибби Хатлон 
 
27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Садриддин Айнии шаҳри Бохтар бинои нави Маркази тибби Хатлонро ифтитоҳ намуданд.
Бино аз таҳхона ва панҷ ошёна иборат буда, бо сифати баланди меъморию шаҳрсозии муосир бунёд ёфт.
Иншоот бо дастгириҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби оилаи Назаровҳо сохта шуд.
Дар рафти сохтмон беш аз 100 мутахассису коргар аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ бо кори мавсимӣ таъмин буданд.
Дар шуъбаҳои марказ, аз ҷумла дармонгоҳӣ, ҷарроҳӣ, табобатӣ, эҳёгарӣ ва ғайра, ки бо таҷҳизоти муосири ташхису табобатӣ таъминанд, барои муолиҷа ва табобати беморон шароити мусоид муҳайё мебошад.
Дар ошёнаи якуми бино ҳуҷраҳои табибони ҷарроҳ, урология, қалб, стоматология, эндовидеоскопӣ, сабти барқии дил, ултрасадо ҷойгиранд.
Ҳамзамон, дар беморхона ҳуҷраҳои қабул, ташхиси ултрасадоии қалб, гиёҳдармонӣ, осебшиносӣ, хатна, озмоишгоҳи клиникиву биохимиявӣ, китобхона барои бозомӯзии табибон, ҳамшираҳои шафқат ва шунавандагони шуъбаи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии вилояти Хатлон, коллеҷҳои тиббӣ ва донишҷӯёни факултети биохимияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фаъолият менамоянд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Маркази тибби Хатлон дорои 40 кат буда, дар як рӯз имкони қабули беш аз 60 беморро дорад.
Дар ошёнаҳои дуюму сеюми бино шуъбаҳои эҳёгарӣ, ҷарроҳӣ ва беморони амрози даруна, ҳуҷраҳои табибон, бастубанд, доругузаронӣ ва ошхона ҷой гирифтаанд.
Маҷлисгоҳи замонавӣ, ҳуҷраҳои маъмурӣ ва таълимӣ ҳамчун заминаи илмию клиникӣ барои пешбурди фаъолияти минбаъдаи кормандон истифода мешаванд. 
Мавриди зикр аст, ки давоми сӣ соли соҳибистиқлолӣ бо дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустии вилояти Хатлон беш аз пеш рушд менамояд.
 
Бинои гурӯҳи “Тоҷикобод” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт 
27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Вахш бинои гурӯҳи “Тоҷикобод”-и шуъбаи ноҳияи Вахши раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро ифтитоҳ карданд.
Зимни суҳбат бо кормандон, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати содиқонаву софдилона бар нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.
Бино аз се ошёна ва панҷ ҳуҷраи корӣ иборат буда, барои кору зиндагии кормандон шароити муосир муҳайё шудааст.
Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми бино ду хонаи сеҳуҷрагӣ ва ду хонаи дуҳуҷрагӣ ҷойгиранд.
Пас аз ифтитоҳи иншоот, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба се оилаи хизматчиён калиди хонаҳои истиқоматиро тақдим намуданд.
Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои кору зиндагии шоистаи хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот шароити муосир муҳайё шудааст ва ин иқдомҳои шоиста минбаъд низ идома меёбанд.
 
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 15
27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун ва мулоқот бо сокинон ба шаҳри Левакант ташриф оварданд.
 
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, дар кӯчаи Борбад бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 15-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот сеошёна буда, аз 18 синфхонаи таълимию фаннӣ, аз ҷумла технологияи информатсионӣ бо 12 компютер ва ҳунаромӯзии духтарон, китобхона, маҷлисгоҳ бо беш аз 100 ҷойи нишаст, ошхона, толор ва майдончаҳои варзиш барои футбол, волейбол, теннис ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ иборат мебошад.
Дар атрофи бино гулу бутта ва ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонда шуда, саҳни муассиса сафолакпӯш ва чароғон гардидааст.
Муассисаи таълимӣ дар масоҳати 1,06 гектар доман густурда,  640 хонанда дар ду баст дар шароити хуб таҳсил мекунад. Дар он барои таълиму тарбия 50 омӯзгор ҷалб шуд.
Бинои муассисаи таълимӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд мутобиқ ба талаботи замони муосир бунёд ёфт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз ифтитоҳ ва шиносоӣ бо имкониятҳои муассисаи нави таълимӣ, кормандони соҳаи илму маорифро барои дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия намудани ҷавонон ҳидоят карда, онҳоро вазифадор намуданд, ки барои ҷалби ҳар чи бештари ҷавонон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва илмҳои дақиқ беш аз пеш масъулиятшинос бошанд.
 
МДТ “Литсейи касбии саноати кимиё” 
27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  шаҳри Левакант бинои Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии саноати кимиё”-ро пас аз таъмиру навсозӣ ба истифода супурданд.
 
Бояд гуфт, ки он 25 июни соли 1964 ҳамчун Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии № 40  ташкил шуда, соли 2006 ба Литсейи касбии саноати кимиё табдил ёфт. Бо гузашти солҳои тулонӣ ва хароб гаштани бино зарурати таъмир ва навсозӣ ба миён омад.
Бо мақсади ба талаботи замон мутобиқ намудани иншоот ва муҳайё сохтани шароити созгори касбомӯзӣ, тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ оғоз гашт. Натиҷа ҳамин аст, ки дар муддати на чандон зиёд, шуруъ аз даромадгоҳи муассиса то се бинои таълимии дуошёна, як бинои дуошёнаи маҷлисгоҳ ва толори варзиш ободу зебо гардонда шуданд.
Дар хобгоҳи муассиса, ки аз се бинои чорошёна иборат буда, барои 426 хонанда пешбинӣ мешавад, корҳои созандагӣ идома доранд.
Сохтмону навсозии иншоот бо саҳми соҳибкорон ва шахсони бонангу номуси шаҳри Левакант ва вилояти Хатлон бе ҷалби маблағҳои буҷет анҷом дода мешавад.
Дар баробари таъмир, ҳамзамон, дастгоҳу лавозимоти муосири илмомӯзию касбомӯзӣ дастрас гардид.
Давоми 57 сол дар муассиса 14 ҳазору 484 нафар таҳсил намуда, соҳиби дипломи соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ шудаанд. Солҳои пеш Омӯзишгоҳ дар Иттиҳоди Шуравӣ ягона муассисае ба ҳисоб мерафт, ки мутахассисони варзидаи соҳаи истеҳсолии маводи кимёвиро омода менамуд.
Дар доираи корҳои ободонӣ дар Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Левакант, ҳамзамон, осорхона ташкил гашт, ки таърихи таъсиси литсей, таҳсилу фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, синфхонаи даврони хондан дар ин ҷо, китобхона ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварро дар бар мегирад.
Мавриди зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 1969 – 1971 дар ин муассиса дар гурӯҳи рақами 10 бо ихтисоси “Челонгари барқии асбобҳои андозагирӣ-санҷишӣ ва автоматика” таҳсил карда, онро бо муваффақият хатм намудаанд.
Айни замон шумораи толибилмони ин даргоҳи илму маърифат 278 нафарро ташкил намуда, 44 омӯзгор аз рӯи 10 ихтисос ба онҳо таълим медиҳад.
Дар идомаи боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди литсей бо ҷараёни сохтмони бинои филиали Донишкадаи соҳибкорӣ, сайёҳӣ ва хизмат шинос шуданд.
Иншоот дар масоҳати 1,55 гектар бунёд ёфта, аз 7 ошёна иборат мебошад. Айни замон 28 мутахассиси ватанӣ ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гашта, ба таври густурда фаъолият доранд, то ки иншоот дар муҳлати пешбинишуда бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир ба истифода дода шавад.
Мавриди зикр аст, ки филиали Донишкада аз 30 июли соли 2021 дар заминаи Литсейи касбии саноати кимиё таъсис дода шуд.
Ҷараёни таълиму тарбия дар ин боргоҳи илму маърифат дар шуъбаҳои рӯзона ва фосилавӣ аз рӯи низоми таҳсили кредитӣ мувофиқи нақшаҳои таълимии ихтисосҳои хадамоти гумрук, иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот, молия ва қарз, энергетика ва кори бонкӣ сурат мегирад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро вазифадор намуданд, ки иншоотро бо сифати баланд сохта, барои ба талаботи бозори меҳнат омода кардани мутахассисони ҷавон аз имкониятҳои фароҳамгашта мақсаднок истифода баранд.
 
Хоҷагии моҳипарварии “Фалҳобод” ва истироҳатгоҳ 
27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Хатлон Хоҷагии моҳипарварии “Фалҳобод” ва истироҳатгоҳ дар деҳаи Вахши деҳоти “Ваҳдат”-и шаҳри Левакантро, ки ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд шуданд, мавриди истифода қарор доданд.
 
Иншооти мазкур аз ҷониби сокини ватандӯсти вилояти Хатлон Фатҳулло Соҳибов бо ҷонибдорӣ аз иқдомҳои бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қомат афрохт.
Дар он 25 ҷои корӣ муҳайё гашта, сокинони шаҳри Левакант бо шуғли доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.
Хоҷагии моҳипарварӣ ва истироҳатгоҳ дар майдони 32 гектар доман паҳн мекунад. Аз масоҳати умумии хоҷагӣ дар 20 гектар ҳавзҳо барои парвариши 50 ҳазор моҳӣ ва 12 гектар фароғатгоҳ бунёд гардиданд.
Дар ҳавзҳои алоҳида истироҳаткунандагон метавонанд ба моҳидорӣ машғул шуда, вақти худро хуш гузаронанд.
Барои ободу дилкаш гардондани ҳудуди фароғатгоҳ дарахтони ороишӣ ва гулу буттаҳои зебо шинонда шуданд.
Ҳудуди истироҳатгоҳ чароғон ва барои фароғати сокинон суҳбаткада ва нишастгоҳҳо сохтаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми Фатҳулло Соҳибов, ки ҳамеша барои ободии диёри хеш талош меварзад, баҳои арзанда дода, иқдоми ӯро шоистаи таҳсин хонданд.
Мавриди зикр аст, ки майдони замини ҳавзи моҳипарварӣ ва истироҳатгоҳ пештар сангзор буда, маҳз бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба макони тамошобоб, дилнишин ва назаррабо мубаддал гашт.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.10.2021    №: 217    Мутолиа карданд: 4423
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед