иҷтимоиёт
САҲМИ МОНДАГОРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ ФАРҲАНГӢ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ОЛМОН
Бешубҳа, Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду инкишофи соҳоти мухталифи кишварашон саҳми бағоят бузург доранд. Талошҳои ғамхоронаашон на танҳо дар бахшҳои сиёсати дохилӣ, балки дар арсаи сиёсати хориҷӣ ва дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври арзанда муаррифӣ намудани Ҷумҳурии ҷавони Тоҷикистон равона гардидааст.
Дар ин ҷода ҳанӯз аз солҳои аввали ба Истиқлоли давлатӣ расидани Тоҷикистон роҳбари он замон ҷавони кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахши густариши муносибатҳои дуҷониба бо давлатҳои мутараққии ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Федеративии Олмон, диққати алоҳида зоҳир намуданд. Натиҷаи ин ғамхориҳо буд, ки соли 1994 Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Бонн ифтитоҳ ва ҳамин тариқ, заминаи рушди робитаҳои байни ду давлат гузошта шуд.
Дар баробари бахшҳои дигари ҳамкорӣ самти табодули фарҳангӣ яке аз самтҳои муҳим ба шумор мерафт. Аллакай, моҳи августи соли 1995 Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории фарҳангӣ таҳия ва ба имзо расонда шуд, ки асоси фаъолияти ду кишварро дар ин самт ташкил медод.
Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи июни соли 2000 дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2000 дар Ҳанновер Тоҷикистон дар он на танҳо ғурфаи худро таъсис дод, балки барномаи фарҳангии бошаҳомати устодони санъати тоҷик ба тамошобинони олмонӣ муваффақона пешниҳод гардид.
Дар партави супоришҳои роҳбарияти олии Тоҷикистон масъулони ин намояндагии дипломатӣ конференсияҳо, ба монанди "1100-солагии Рӯдакӣ" дар Осорхонаи исломии Берлин, тарҷума ва муаррифии китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих” бо забони олмонӣ ва дигар чорабиниҳоро муваффақона баргузор намуданд.
Ҳамасола то замони пандемия дар шаҳри Берлин Иди Наврӯз ба таври васеъ ҷашн гирифта мешуд, ки мавриди қабули сокинон ва меҳмонони пойтахти Олмон қарор гирифта буд. Тавре маълум аст, Ҷашни Наврӯз бо пешниҳоду талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи мероси фарҳангии башарият ворид карда шуда, мақоми байналмилалӣ пайдо кард.
Дар солҳои гуногун дар Ҷашни Наврӯз ва зиёфатҳои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати он гурӯҳҳои "Шамс" ва "Авесто", ансамбли халқии мусиқӣ таҳти роҳбарии ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатманд Холов, ҳунарманди халқии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев, сарояндагони эстрада Шабнами Сурайё ва Фахриддини Малик, скрипканавозон Ноҳид Зайналпур ва Азалия Галиахметова, иҷрокунандагони машҳури рақсҳои тоҷикӣ аз ансамбли "Гулрез" Абригул Наҷувонова ва Тахмина Мирзоева, инчунин, Хайринисо Ватанова, Ирина Алкова ва Меҳрубони Азиз баромад мекарданд.
Соли 2001 ба муносибати даҳсолагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз ҷониби як қатор собиқ шаҳрвандони Тоҷикистон, ба монанди оҳангсози маъруф Фирӯз Баҳор, Эрна Гейзер, Наталя ва Александр Ҳайзерҳо дар ҳамбастагӣ бо Сафорат Ҷамъияти олмонӣ-тоҷикӣ таъсис дода шуд. Мақсади асосии ҷамъият тарғиби фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Германия аст. Фаъолияти фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти олмонӣ-тоҷикӣ, инчунин, барои муттаҳидсозии диаспораи тоҷикистониён дар Ҷумҳурии Федеративии Германия хизмат менамояд.
Дар доираи ин ҳамкориҳои судманд ҷониби олмонӣ ҳам дар таблиғи фарҳанги Тоҷикистон саҳми худро мегузорад. Ҳамин тавр, Институти археологияи Олмон (Das Deutsche Archäologische Institut) дар асоси Ёддошти тафоҳум якҷоя бо Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон ва Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнография ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аллакай, давоми чандин сол дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ҳафриёти археологӣ мегузаронанд. То ин дам бостоншиносони олмонӣ дар ноҳияҳои Данғара, Ховалинг, Восеъ, Кангурт ва Фархори вилояти Хатлон ҳафриёти археологӣ гузаронда, бозёфтҳои беназири таърихӣ пайдо намудаанд. Натиҷаҳои ин корҳо дастраси доираҳои олмонӣ низ мегарданд. Маҷаллаи олмонии "Восток" (Wostok) аксаран мавод оид ба Тоҷикистон ва фарҳанги онро нашр менамояд. Соли 2007 ва дар остонаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин маҷалла шумораи махсуси худро пурра ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои он бахшид.
Ҷамъияти олмонӣ - тоҷикӣ аз талошҳои мондагори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон илҳом гирифта, даҳҳо чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор намудааст, ки қисми зиёди онҳо дар якҷоягӣ бо Сафорати Тоҷикистон дар Олмон гузаронда шудаанд. Аз миёни чорабиниҳои фарҳангии Ҷамъият метавон консерти оҳангсози маъруфи тоҷик Фирӯз Баҳор, баромади сарояндаи "Шашмақом" Гулчеҳра Қурбонова, сарояндагони муосири машҳур Парвин Юсуфӣ, Олим ва Алишер Солизодаҳо, Бобоҷон Амонулло, намоишгоҳҳои расмҳои Заур Дахте ва Шуҳрат Ёров, намоишномаҳои мусаввараҳои рассомони тоҷик, намоиши филмҳои устодони тоҷик, якчанд шоу-мӯдҳо бо намоиши рангини либосҳои занона аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистонро зикр кард.
Конференсияҳои илмӣ бахшида ба адабиёти тоҷик низ гузаронда мешаванд, масалан, дар ҳамбастагӣ бо олими Донишгоҳи Ҳумболдти шаҳри Берлин ҳамоиши исломӣ бо номи "Адабиёти тоҷик дар анҷоми аввали аср. Роҳ ба сӯи оянда" доир гардид. Ҳамчунин, аз ҷониби муаллифи ин сатрҳо раиси Ҷамъияти олмонӣ-тоҷикӣ Александр Ҳайзер маҷмуаи тарҷумаҳои олмонии ашъори Рӯдакӣ (2008), Фарзона (2014), ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ ("Ишқи минуӣ", 2018) ва "Китоби ишқ" (2020) ба нашр расонда шуд.
Воқеаи равшан ва хотирмони ҳаёти фарҳангии Берлин ташкили сафарҳои ҳунарии Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар соли 2014 мебошад, ки аз ҷониби Ҷамъият бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда буд.
Александр ХАЙЗЕР, раиси Ҷамъияти олмонӣ – тоҷикӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.10.2021 №: 217 Мутолиа карданд: 562