Хабарҳо
АРМУҒОНИ ТОЗА ДАР СИНОШИНОСИИ ТОҶИК
Аз ҷониби доктори илми филология, профессор Саидраҳмон Сулаймонов бори аввал аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума ва таҳқиқ гардидани "Китоб-ун-набот" ("Гиёҳнома") ва "Китоб-ул-ҳайвон" ("Ҷонварнома") аз бахши табииёти донишномаи фалсафии Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино "Китоб-уш-шифо" аз рухдодҳои бузурги фарҳангии кишварамон ба шумор рафта, чопи онҳо ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ туҳфаи муносиб ба Ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии кишвар мебошад.
Бо вуҷуди шуҳрати ҷаҳонии мутафаккир ва таъсири чашмраси фалсафа ва тибби ӯ дар Аврупо, Россия, Эрон ва кишварҳои араб, то ҳол бархе аз осори гаронбаҳои ӯ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ҳанӯз тарҷума нагардида, мазмуну муҳтаво ва арзиши илмии онҳо дар асрҳои миёна ва нақши ӯ дар пешбурди осори илмии асримиёнагӣ ва махсусан, дар соҳаи тиб, ботаника ва байторӣ (ветеринария) муайян нашудааст, дар ҳоле ки ин асарҳо осори арзишманд ва сарчашмаҳои боэътимоди илми тиб, ботаника ва байторӣ баъди асари доиратулмаорифии ӯ "ал-Қонун фи-т-тиб" ба ҳисоб мераванд. Маврид ба ёдоварист, ки тарҷумаи ин ду асари Шайхурраис дар Аврупо ба забони лотинӣ ва қаштилӣ дар миёнаҳои асри XII баёнгари он аст, ки онҳо ҳанӯз дар Аврупо алоқамандони зиёд дошта, баъди тарҷума ба забонҳои аврупоӣ дар як давраи тулонӣ ва то ҳозир мавриди истифодаи донишмандон қарор гирифтаанд.
"Китоб-ун-набот" ва "Китоб-ул-ҳайвон"- и Ибни Сино аз зумраи он асарҳоеанд, ки дар онҳо олами наботот ва ҳайвонот ба шакли густурда мавриди таҳқиқ қарор гирифта, маводи арзишманди илмӣ роҷеъ ба илми ботаника, байторӣ , тиб ва шохаҳои мухталифи он дар замони муосир пешкаш гардидааст.
Хизмати арзандаи Ибни Сино барои илмҳои табиатшиносии асримиёнагӣ ва таърихи илм дар он аст, ки ӯ дар "Китоб-ун-набот" ва "Китоб-ул-ҳайвон" бо усулҳои илмии муътамад ва як дидгоҳи олимона, ба тасвири олами наботот ва ҳайвонот пардохта, тавонистааст, мӯшикофона, аз шарҳи воқеият ба дарёфти назария ва аз мушоҳида ба истидлол гузашта, дар ҳар ду асар диққати хонандаи борикбинро ба як мавзуъ: ба шинохти манзари олами зиндаи табиат, ки дар атрофи инсон мечархад, равона намояд. Вале таваҷҷуҳи Ибни Сино ба моҳият ва нақши инсон дар табиат ба ин маънӣ нест, ки ӯ инсонро ба олами ҳайвонот ва рустаниҳо муқобил мегузорад, ҳаргиз, барои Ибни Сино инсон ҳамон таъсиргузор ва тағйирдиҳандаи табиат аст.
"Китоб-ун-набот" ва "Китоб-ул-ҳайвон" на танҳо барои ботаникҳо, табибон, байторон, балки барои шахсоне, ки ба таҳқиқ ва баррасии таърихи илм машғул мебошанд, судманд аст. Афкору андешаи Шайхурраис бо вуҷуди сипаришавии зиёда аз ҳазор сол ҳанӯз ҳам барои илмҳои табиатшиносӣ аҳамияти худро гум накарда, нишонгари сатҳи баланди таваҷҷуҳ ва пешрафти ин илмҳо дар асрҳои миёна мебошанд. Аз он ҷо, ки дар шароити кунунӣ ҷомеаи илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии миллатамонро таҷлил кардаанд, тарҷума, дастрассозӣ ва таҳқиқи осори гаронбаҳои ниёгони халқи тоҷик ба ҷомеаи имрӯза ва махсусан, қишри ҷавони он беш аз пеш зарур гардида, дар ин ҷода мероси гаронбаҳои Шайхурраис дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ намунаи ибрат аст. Аз ин рӯ, ба чоп расидани асарҳои арзишманди мутафаккир "Китоб-ун-набот" ва "Китоб-ул-ҳайвон" ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ як армуғони тоза барои хонанда, муҳақкиқ ва ҳаводорони мероси гаронсанги Шайхурраис дар Тоҷикистон ва берун аз кишварамон мебошад.
А. РАҲИМ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 834