Хабарҳо
Сатҳи ҷинояткорӣ дар Афғонистон рӯ ба афзоиш дорад
EurAsiaDaily. Ҳодисаҳои ҳамлаҳои роҳзанӣ ва ғоратгарӣ дар пойтахти Афғонистон пас аз ба даст овардани ҳокимият аз ҷониби ҳаракати радикалии «Толибон» бештар шудааст. Дар ин бора шабакаи телевизионии маҳаллии TOLOnews хабар дод.
Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ дар мусоҳиба ба ин шабакаи телевизионӣ дар пасманзари бад шудани вазъи иқтисодӣ, бисёре аз афғонҳо барои таъмини хонаводаҳои худ ба ҷиноят даст мезананд.
«Бо ба сари қудрат омадани «Толибон», мо интизор будем, ки шумораи ғоратгарӣ коҳиш меёбад, аммо онҳо то ҳол ва, ҳатто, дар миқёси васеъ рух медиҳанд. Илова бар ин, ҳодисаҳои одамрабоӣ бештар шудаанд ва касе ба ин дахолат намекунад”, - гуфт Муҳаммад Юнус, ки дар яке аз навоҳии Кобул зиндагӣ мекунад.
Тавре хабаргузории TOLOnews зикр кардааст, сатҳи ҷинояткорӣ дар ду моҳи охир на танҳо дар минтақаҳои пойтахт, балки дар бисёр вилоятҳои дигари Афғонистон низ ба таври назаррас афзудааст.
Сарварони Ӯзбекистону Чин масоили ҳамкориро баррасӣ карданд
CentralAsia (UZ). Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 27 октябр бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин суҳбати телефонӣ анҷом дод. Си Ҷинпин Шавкат Мирзиёевро бо пирӯзӣ дар интихобот табрик гуфта, ба ӯ барори кор ва комёбиҳои нав таманно кард.
Сарвари давлат аз “сиёсати ягонаи Чин” ва муборизаи қатъӣ алайҳи “се қувваи бад” – терроризм, экстремизм ва ҷудоихоҳӣ пуштибонӣ кард. Вай, инчунин, ба ҷониби Чин барои ёрии бузурги амалӣ дар мубориза бо пандемияи коронавирус, аз ҷумла таҳвили саривақтӣ ва истеҳсоли муштараки ваксинаҳо изҳори сипос намуд. Ҳамчунин, роҳбарони кишварҳо афзоиши чашмраси нишондиҳандаҳоро дар соҳаи тиҷорату иқтисод таъкид карданд.
Илова бар ин, раҳбарон мавзуи Афғонистонро баррасӣ намуданд: барои кумак ба мардуми афғон, роҳбарони кишвар ба идомаи муколама дар доираи СҲШ ва дигар форматҳо мувофиқат карданд.
Байден дар нишасти G20 ва конфронси иқлим ширкат меварзад
ТАСС. Президенти ИМА Ҷо Байден имрӯз барои ширкат дар нишасти роҳбарони G20 дар Рум ва Конфронси 26-уми ҷонибҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP-26) дар Глазго ба Аврупо сафар намуда, бо сарварони давлатҳо гуфтугӯ мекунад.
Байден, ки котиби давлатӣ Энтони Блинкен, вазири молия Ҷанет Йеллен ӯро ҳамроҳӣ хоҳанд кард, ният дорад бо ҳамтоёни худ мубориза бо тағйирёбии иқлим, пандемия, болоравии қимати ҷаҳонии сӯзишворӣ, механизми андозбандии корпоратсияҳои трансмиллиро баррасӣ кунад.
Омори паноҳандагон бар асари низоъҳо ба 48 миллион нафар расид
ТАСС. Теъдоди оворагони дохилӣ дар пайи низоъҳо дар ҷаҳон ба 48 миллион нафар расид, ки ин рақами рекордист. Дар ин бора маърузачии махсуси СММ оид ба оворагони дохилӣ Сесила Ҳименес-Дамари дар кумитаи сеюми Ассамблеяи генералии ин Созмони ҷаҳонӣ суханронӣ кард.
«Теъдоди одамоне, ки бар асари низоъҳои мусаллаҳона ва хушунат аз макони худ овора шудаанд, дар ҷаҳон ба 48 миллион нафар расидааст, ки ин баландтарин рақамест, ки то кунун сабт шудааст», - гуфт маърузачии вижа. «Дар муҳити торафт мураккаби муноқишаи мусаллаҳона ва хушунати густурда, таъмини эҳтироми ҳуқуқи байналмилалии гуманитарӣ ва ҳуқуқи башар мушкилтар мегардад».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 998