Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
АИР «Новости». Як сокини Афғонистон аз вилояти Боғдис бо фурӯши духтари 16-солааш ба ивази 500 доллар мушкили фақрро ҳал кард.
Қаблан як сокини дигари кишвар барои наҷоти хонавода аз гуруснагӣ маҷбур шуд, духтари чаҳорсолаашро ба маблағи 590 доллар бифурӯшад.
Известия. Дар Маскав 28 октябр давраи рӯзҳои ғайрикорӣ оғоз шуд, ки то 7 ноябр идома хоҳад кард. Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин 21 октябр фармони дахлдорро имзо кард.
Айни замон танҳо мағозаҳои хӯрокворӣ, дорухонаҳо, инчунин, нуқтаҳое, ки дар онҳо камаш 30 дарсади молҳои зарурӣ фурӯхта мешавад, ба таври муқаррарӣ кор карда метавонанд.
ТАСС. Тарҷумонҳои афғон, ки бо кишварҳои узви НАТО ҳамкорӣ мекарданд, дар Кобул намоиши эътирозӣ баргузор намуда, аз роҳбарони НАТО даъват карданд, ки онҳоро аз Афғонистон кӯчонанд.
RT. Президенти Россия Владимир Путин дар бораи вазъи ниҳоят ноустувор дар бозори сӯзишворӣ сухан гуфт. «Мо мунтазам чунин баҳсҳоро баргузор мекунем ва ин хеле муҳим аст, бахусус дар пасманзари вазъи кунунии бозори ҷаҳонии сӯзишворӣ. Ва чуноне ки шумо медонед, ин ҳолат бениҳоят ноустувор боқӣ мемонад. Пеш аз ҳама, ман вазъи бозори гази табиии Аврупоро дар назар дорам”, - гуфт Путин.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 827