Хабарҳо
Сипосгузории Президенти Эрон ба Пешвои миллат ва мардуми Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои таҳкими онҳо, вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла таҳаввулоти ахир дар Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо зарурати истифодаи имконот ва зарфиятҳои мавҷударо барои тавсеаи равобити тиҷоративу иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Эрон таъкид карданд.
Президенти Эрон ба Пешвои миллат ва мардуми Тоҷикистон барои меҳмоннавозии самимона зимни сафари расмиаш ба кишвари мо дар моҳи гузашта изҳори сипос намуд.
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аввалин шуда нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро кард
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод, ки дар натиҷаи меҳнати фидокорона ба деҳқонони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муяссар гардид, ки нақшаи истеҳсоли пахтаро аввалин шуда дар вилоят иҷро намоянд. Ба хирмани Ватан 19250 тонна пахта супурда шуд, ки ба 100,1 дарсади дурнамо баробар аст.
Дар хабар омадааст, ки айни замон дар хоҷагиҳои пахтакори вилоят ҷамъоварии ҳосил идома дошта, тибқи маълумоти фаврӣ то 27 октябр 105170 тонна пахта чида шудааст, ки 80,4 дарсади нақша аст.
Ҷавони тоҷик соҳиби 223 000 доллар бурсия шуд
Назирҷон Исмоил, ҷавони 17-солаи тоҷик, бо ихтирои барномаи нав соҳиби 223 000 доллар бурсияи Донишгоҳи амрикоии «Duke Kunshan University» гардид, - хабар медиҳад Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.
Ихтирооти ӯ дар даромадгоҳи корхонаву муассисаҳо насб шуда, чеҳраҳои шахсони воридшавандаро мешиносонад. Дар ҳолати набудани маълумот дар бораи шахс хабар медиҳад, ки ин нафар бегона аст.
Назирҷон Исмоил чанд барномаи дигар низ ихтироъ намудааст, ки яке аз онҳо «BeReade» мебошад. Барномаи мазкур дастрасии вазифаҳои хонагии хонандагони мактаб хидмат мекунад.
Ҳушдор! Ҳавои номусоид
Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, аз 28 то 31 октябр дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид пешбинӣ шуда, борон ва дар баландиҳои 2000 метр аз сатҳи баҳр барф меборад. Дар ноҳияҳои баландкӯҳ барфи шадид борида, ҳарорати ҳаво дар водиҳо то 10-12 дараҷа пойин меравад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонон мерасонад, ки бар асари бориши барфу борон ҳаракат дар роҳҳо, бахусус дар роҳҳои кӯҳӣ мушкил гардида, хатари резиши санг ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ, ронандагон бояд дучанд боэҳтиёт бошанду ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.
Китоби нави Гурез Сафар аз чоп баромад
Китоби тозанашри шоири шинохта, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода, Корманди шоистаи Тоҷикистон Гурез Сафар таҳти унвони «Дидаи дард» дар Корхонаи воҳиди давлатии маҷмааи табъу нашри «Шарқи Озод» аз чоп баромад.
«Дидаи дард» аз шеъру ғазал, рубоиву дубайтӣ, резаҳо ва ашъори ҳаҷвии шоир мураттаб шудааст. Ашъори лирикии шоир бо равониву мушоҳидаҳои тоза дар мавзуъҳои гуногун дилнишину хонданбоб мебошанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 966