сафарҳо
ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Ифтитоҳи варзишгоҳи марказӣ
28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти маъмурию хизматрасонӣ ба ноҳияи Дӯстӣ ташриф оварданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи муваққатӣ роҳбарият ва сокинони ноҳияи Дӯстӣ самимона истиқбол гирифтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дӯстӣ, нахуст, варзишгоҳи марказиро мавриди истифода қарор доданд.
Варзишгоҳи дорои зиёда аз 3000 ҷойи нишаст бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо фармоиши Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид. Масоҳати он 8,64 гектарро ташкил дода, майдони зиёда аз шаш ҳазор метри мураббаъ сабзазор мебошад. Дар варзишгоҳ чор сутунпояи калон ва атрофи он сӣ сутунпояи чароғ насб гардида, ба намои варзишгоҳ аз лиҳози равшанӣ ҳусни бештар мебахшанд. Ҳамзамон, атрофи варзишгоҳро дарахтони ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ оро медиҳанд.
Варзишгоҳ бо тарҳи муосир бунёд ёфта, аз майдони марказӣ, саҳнаи намоиш, мавзеи болопӯшида барои меҳмонон ва дар қисмати зери нишастгоҳҳо ҳуҷраҳои корӣ, аз ҷумла ҳуҷраи нозир, доварон, техника, либосивазкунӣ ва мураббиён, иборат аст.
Дар варзишгоҳ барои ҷавонону варзишгарони ноҳия барои тамринҳои ҳаррӯза, гузарондани мусобиқаҳои гуногуни ноҳиявию вилоятӣ ва ташкили чорабиниҳои варзишӣ имконоти васеъ фароҳам аст.
Бунёди майдони Парчами давлатӣ
28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дӯстӣ майдони Парчами давлатиро, ки дар яке аз мавзеъҳои мувофиқ барои сайругашти сокинону меҳмонон бунёд гардидааст, ба истифода доданд, ки паҳноии матои Парчами давлатӣ 7 метр, дарозиаш 14 метр ва баландии сутунпояаш 36 метр мебошад.
Масоҳати майдон 3 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, ҳудуди он сабзазор шуда, ки дар он барои истироҳату фароғати сокинон шароити мусоид фароҳам аст.
Бо мақсади зебою назаррабо гардондани майдон, ниҳолҳои дарахтони гуногуни сояафкану ороишӣ ва гулҳои рангоранг шинонда, фаввораи зебо бунёд гардид.
Дар саҳни он барои истироҳату фароғати сокинон шароити мусоид муҳайё мебошад.
Боғи фарҳангию фароғатӣ дар ноҳияи Дӯстӣ
28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Дӯстиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Он дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардида, корҳои сохтмониро коргарони ҶДММ “Абдураҳмон – 2013” анҷом доданд. Дар раванди сохтмон зиёда аз 60 нафар коргару мутахассисони маҳаллӣ ба корҳои муваққатӣ ҷалб шуданд. Масоҳати боғ 3 гектарро ташкил медиҳад.
Дар Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Дӯстӣ аттраксионҳои кӯдакона, суҳбаткадаҳо, нишастгоҳҳо, фаввора, майдончаи варзиш, майдони волейбол, ду майдон барои тамрини бадан, ҷой барои бозии кӯдакон, ҷой барои гузарондани чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳавзи об ва таршедҳо барои таъмини рӯшноӣ мавҷуданд.
Масоҳати 6500 метри мураббаи боғ сабзазор гардида,инчунин, навъҳои гуногуни ниҳолҳои ҳамешасабзу сояафкан ва гулҳои нодири ороишӣ шинонда шудаанд.
Боғи фарҳангию фароғатӣ баъди навсозӣ ба мавзеи зебою назаррабо табдил ёфт, ки дар он барои сайругашти сокинон шароити арзандаи истироҳат фароҳам аст.
Бунёди Қасри фарҳанг
Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ 28 октябр Қасри фарҳанги ноҳияи Дӯстӣ, ки бо маблағгузории соҳибкорон ва шахсони ватандӯсту саховатпеша навсозӣ шуд, мавриди истифода қарор гирифт.
Таҷдиди кохи мазкур соли 2020 оғоз гардида, дар ин давра зиёда аз 40 мутахассис ба кори муваққатӣ ҷалб шуд. Бино бо унсурҳои миллӣ навсозӣ гардида, ба мавзеъ ҳусни дигар зам менамояд.
Ҳангоми навсозии иншооти фарҳангӣ мутахассисон таваҷҷуҳи асосиро ба санъати хоси миллии меъморӣ равона намудаанд ва, аз ин рӯ, қисми берунӣ, даромадгоҳ ва даҳлези он басо зебою назаррабоянд.
Бино дуошёна буда, дорои китобхона, мактаби мусиқии бачагона бо ҳафт синфхона, толори консертӣ бо зиёда аз сесад ҷои нишаст, толори рақс, даҳ ҳуҷраи корӣ барои кормандон ва ҷои нигоҳдории либос мебошад.
Дар фонди китобхона 24 ҳазор нусха адабиёти бадеиву соҳавӣ ва бачагона мавҷуд буда, дар он барои дӯстдорони каломи бадеъ шароити мусоид муҳайёст.
Дар осорхона нигораҳои қадимаи давраҳои гуногуни таърихӣ нигоҳ дошта мешаванд, ки муаррифгари гузаштаи пурифтихори мардуми тамаддунофари тоҷиканд.
Маҷлисгоҳ бо зиёда аз 40 ҷои нишаст низ барои баргузории чорабиниҳои гуногун мувофиқ аст.
Саҳн ва роҳравҳои иншоот дар масоҳати 1800 метри мураббаъ навсозӣ гардида, дар масоҳати 1200 метри мураббаъ ниҳолҳои ороишию сояафкан парвариш меёбанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шароити корӣ дар Қасри фарҳанг баҳои баланд доданд.
Дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол бунёди иншооти фарҳангӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат густариш ёфта, амалӣ кардани чунин тадбир дар баланд бардоштани сатҳи маърифату фарҳанг ва ҳувияти миллии шаҳрвандон нақши сазовор мегузорад.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ соҳиби бино шуд
28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дӯстӣ бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки аз таҳхона ва ду ошёна иборат мебошад.
Масоҳати замини ҷудошуда барои бунёди иншоот 960 метри мураббаъ ва масоҳати зери сохтмон 485 метри мураббаъро ташкил медиҳанд. Дар таҳхонаи иншоот бахши бойгонӣ, китобхона, ҳуҷраҳои техникӣ, таҷҳизоти барқӣ ва ғайра ҷойгиранд.
Дар ошёнаҳои якум ва дуюм ҳафт ҳуҷраи корӣ бо таҷҳизот ва лавозимот барои пешбурди фаъолият таъмин аст. Маҷлисгоҳ бо 60 ҷойи нишаст дар ошёнаи якум мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зикри он ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чунин иншооти замонавӣ беҳтарин туҳфа барои кормандон дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб меравад, масъулонро ба истифодаи самараноки имконият дар тарғиби дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастии наврасону ҷавонон ва ҷалби бештари сокинон ба корҳои ободонию созандагӣ ҳидоят намуданд.
Бинои маъмурии сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ қомат афрохт
28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Дӯстӣ бинои маъмурии сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот бо сарфи беш аз 2 миллиону 700 ҳазор сомонӣ (маблағҳои буҷетӣ) бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати 0,1 гектар бунёд шуда, аз ду ошёна иборат мебошад.
Корҳои сохтмониро ҶДММ “Фаридун-Д” бо ҷалби зиёда аз 40 сокини маҳаллӣ анҷом дод. Бино бо истифода аз масолеҳи босифати ватанӣ бунёд гардида, дорои 9 ҳуҷраи барҳаво барои кормандони шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, филиали Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” ва Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Дӯстӣ мебошад.
Барои гузарондани курсҳои омӯзишӣ синфхонаҳои компютерӣ, дӯзандагӣ, таъмиргари таҷҳизоти сантехникӣ ва асбобҳои рӯзгор бо ҳамаи шароит таъсис ёфтаанд. Дар ошёнаи дуюм маҷлисгоҳ ҷойгир аст.
Қаблан, кормандони соҳа дар ҳуҷраҳои хурд ва номусоид кор мекарданд. Акнун, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нав шароити созгори корӣ фароҳам омад. Ҳуҷраҳо бо таҷҳизоти зарурии замонавӣ ва мизу курсӣ таъминанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарон барои босифат сохтани иншоот изҳори сипос карда, кормандони соҳаро ба истифодаи самараноки имконият ҳидоят намуданд.
Атрофи бино бо гулу дарахтони ороишии ҳамешасабз зинат ёфтааст. Роҳравҳо дар масоҳати 800 метри мураббаъ сафолакпӯшанд. Тарҳи иншоот назаррабо буда, ба зебоии кӯчаи марказии ноҳия ҳусни тоза зам менамояд.
Боздид аз боғи анор
28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар деҳоти Ҷиликӯли ноҳияи Дӯстӣ бо фаъолияти аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии “Абдураҳмони Ҷомӣ” шинос шуданд.
Майдони заминҳои хоҷагӣ 11,48 гектарро ташкил менамояд, ки аз ин 10,32 гектараш обист. Дар 3,5 гектар дарахтони бисёрсола нашъунамо дошта, 3,5 гектари дигарашро анорбоғ дар бар мегирад.
Соли 2020 заҳматкашони хоҷагӣ наздики 20 тонна анор ҷамъ оварданд ва дар мавсими ҷорӣ нақша доранд, ки самараи дастранҷи худро афзоиш диҳанд. Аъзои хоҷагӣ, бо мақсади беталаф нигоҳ доштани маҳсулот, бо ғунҷоиши 10 тонна сардхона бунёд кардаанд.
Истифодаи роҳу усулҳои гуногуни парвариш ва заҳмати пайваста ба нашъунамои хуби ниҳолҳо замина гузоштаанд. Ҳосил фаровон буда, ҳавасмандии аҳли заҳматро ба истифодаи мақсадноки замин ва рушд бахшидани соҳа бештар кардааст.
Дар хоҷагӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ боздид намуданд.
Сокинони ноҳия бо амалисозии таҷрибаи нави кишту парвариши зироат ва аз як қитъа гирифтани чанд ҳосил дар самти зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини фаровонҳосилӣ дар мамлакат ва содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар нақши назаррас доранд. Дар нуҳ моҳи соли равон истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 812 миллиону 619 ҳазору 200 сомонӣ расид.
Меҳнаткашони ноҳия соли ҷорӣ дар 5080 гектар ғалладона, 314 гектар картошка, 1833 гектар сабзавот ва 1370 гектар полизӣ киштанд. Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 30 ҳазору 384 тонна ғалладона, 5209 тонна картошка, 68 ҳазору 492 тонна сабзавот, 57 ҳазору 125 тонна полизӣ, 5352 тонна мева ва 3080 тонна ангур истеҳсол шуд, ки дар маҷмуъ, ин нишондиҳандаҳо нисбат ба соли қаблӣ зиёданд.
Майдони умумии замини ноҳияи Дӯстӣ 123 ҳазору 619 гектарро ташкил медиҳад, ки 14 ҳазору 227 гектараш корам аст.
Дар Ҷашни Меҳргон, ки натиҷагирӣ аз ҷамъоварии ҳосил, захира кардани маводи ғизоӣ ва табодули таҷриба байни кишоварзон мебошад, аҳли заҳмати ноҳияи Дӯстӣ бо истифодаи муосиртарин усулҳои парвариш соҳаи кишоварзиро рушд дода, самараи дастранҷи худро ба намоиш гузоштанд.
Ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия ба ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби занону духтарон ба ҳунаромӯзӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда, беш аз пеш дастовардҳо меафзоянд.
Дар маҷмуъ, хоҷагидорону кишоварзони ноҳияи Дӯстӣ дар партави ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар қитъа замин, афзоиши ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ва расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ талош доранд.
Ташрифи Пешвои миллат ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташриф оварда, дар хоҷагии деҳқонии “Кӯҳи сурх” бо ҷараёни парвариш ва дарави шолӣ аз кишти такрорӣ шинос шуданд.
Таъкид гардид, ки хоҷагӣ дар баробари дигар бахшҳо аз соли 2010 ба шолипарварӣ машғул буда, имсол майдони онро ба 13 гектар расонд.
Тибқи таҷриба, ҳамасола хоҷагидорон аз ҳар гектар то 50 сентнер ҳосил ба даст меоранд ва имсол дар назар аст, ки ба андозаи 650 сентнер ду навъи шолӣ ҷамъ оваранд. Айни замон дарави шолӣ бо ҷалби техникаи муосири соҳавӣ ва 60 сокини маҳаллӣ бомаром идома дошта, 90 фоизи корҳо ба анҷом расид.
Зимни боздид иттилоъ доданд, ки ҳамасола хоҷагӣ маҳсулоти худро ба бозорҳои ноҳия ва шаҳрҳои Бохтару Душанбе ба фурӯш бароварда, дар таъмини фаровонии бозор ҳиссаи худро мегузорад. Хоҷагӣ имсол навъҳои биринҷи “Ҷашнвора” ва “Сурхи мӯякдор”-ро ба харидорон пешниҳод менамояд.
Дар заминҳои хоҷагӣ шолӣ кишти такрорӣ буда, қабл аз ин аҳли заҳмат дар 13 гектар ғалла кошта буданд, ки аз ҳар гектар бештар аз 40-сентнерӣ ҳосил ба даст оварданд.
Ҳамасола дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати самаранок истифода бурдани замини кишоварзӣ хоҷагидорон дар қитъаҳои худ кишти такрорӣ мегузаронанд ва аз ин ҳисоб фоидаи хуб ба даст меоранд.
Имсол дар ноҳияи майдони кишти шолӣ наздик ба 150 гектарро ташкил дод. Майдони умумии кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ 791 гектарро дар бар гирифт, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта бештар мебошад. Хоҷагидорон бо рӯёндани ҳосили хуб ҳамасола барои таъмини бозорҳои мамлакат бо биринҷи аълосифат саҳми худро мегузоранд.
Тавре маълум гашт, ғайр аз шолипарварӣ Хоҷагии деҳқонии “Кӯҳи сурх” ба парвариши гандум, пахта, ҷуворимаккаи тухмӣ, полизӣ ва сабзавот машғул мебошад. Хоҷагӣ беш аз 84 гектар заминро дар ихтиёр дошта, 60 гектари он барои парвариши пахта истифода мегардад. Айни замон ҷамъоварии «тиллои сафед» низ бомаром идома дорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи кишоварзиро омили асосии таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти арзону хушсифат маънидод карда, кишоварзонро вазифадор намуданд, ки ҳар порча заминро самаранок истифода баранд ва саҳми худро дар таъмини фаровониву арзонии бозорҳои мамлакат гузоранд.
Ифтитоҳи бинои осорхонаи ноҳиявӣ
28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар шаҳраки Балх бинои нави осорхонаи ноҳиявиро ифтитоҳ намуданд.
Осорхона дар асоси дастуру ҳидоят ва сиёсати фарҳангии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) сохта шудааст.
Дар бинои хуштарҳу замонавии осорхона, ки аз панҷ ошёна иборат мебошад, инчунин, китобхонаи марказӣ, идораҳои бойгонӣ ва рӯзномаи ноҳиявии “Навиди Балх” бо матбаа ҷойгиранд.
Дар осорхонаи ноҳиявӣ (ошёнаҳои якуму дувум) беш аз 3500 нигораи таърихӣ нигоҳ дошта мешавад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки аксар нигораҳо аз гӯшаву канори ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пайдо гардидаанд. Нигораҳо давраҳои гуногуни таърихи миллати тоҷик, шуруъ аз асри VI пеш аз милод то замони навро дар бар мегирад. Мероси таърихии Кофирқалъа ё Ҳалевард, ки мансуби асри VII – VI то милод аст, зинатбахш ва василаи ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба осорхонаи тозабунёд мебошад.
Дар натиҷаи ковишҳои археологӣ, исбот шудааст, ки Ҳалевард то солҳои 740 милодӣ бо масоҳати 13,5 гектар мавҷуд буда, дарозӣ ва паҳноии он 460 метрро ташкил медоданд.
Дар натиҷаи ҳафриёт, аз димнаи Кофирқалъа маводи зиёд – зарфҳои кулолӣ (сафолӣ), шишагӣ, оҳанӣ, инчунин, ашёҳои аз устухону санг сохташуда дарёфт гаштанд, ки онҳоро бостоншиносон ба гурӯҳҳо ҷудо намуданд. Ёдгориҳои сершумори санъати мутааллиқ ба дини буддоӣ аз даруни куҳандиз ва хонаҳои истиқоматӣ низ ёфт шудаанд. Мутахассисон онҳоро омӯхта, ба кадом давр тааллуқ доштанашон, ҳамчунин, ба маданияти кадом минтақаҳо омехта буданашонро муайян кардаанд.
Намунаҳои мероси таърихии Кофирқалъа ё Ҳалевард дар осорхонаи нав ба маъраз гузошта шуданд, ки муаррифгари таърихи қадимаи миллати тоҷик мебошанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони осорхона дастур доданд, ки паҳлуҳои норӯшани мероси фарҳангиву таърихии ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро мавриди омӯзиш қарор дода, ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.
Зимни шиносоӣ бо осорхона, таъкид шуд, ки ҳудуди имрӯзаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ арзиши баланди таърихии миллати тоҷикро доро буда, қисми муҳими Роҳи Абрешим тавассути ҳамин ноҳия то Аҷинатеппа мерасид ва воситаи муҳими тиҷорат маҳсуб меёфт. Дар ноҳия аз тарафи бостоншиносон ду корвонсарой кашф гардидааст. Дар умум, ҳар як меҳмони осорхонаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ метавонад бо гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик ошноӣ пайдо намояд.
Нигораҳои ҷолиби дигаре, ки дар осорхона гузошта шудаанд, ин сталактитҳои дорои таърихи семиллионсола, сарнайзаҳои асрҳои ибтидоӣ, гӯшаи табиат бо хӯсаҳои ҳайвоноти нодири шомили Китоби сурх, кӯзаҳои асри биринҷиву замони Кӯшониён, намунаҳои заргарӣ, диаграммаҳои табиат ва даҳҳо осори бостонии миллати тоҷик мебошанд.
Бояд таъкид кард, ки таҳқиқу омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ яке аз афзалиятҳои сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки меҳмонону сайёҳони хориҷӣ зимни сафар ба кишвари мо ба мероси таърихию фарҳангӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки барои фаъолияти минбаъдаи осорхона роҳбаладони забондону касбӣ ба кор ҷалб гарданд, то ҳар як нигораи таърихӣ ба сайёҳону меҳмонони хориҷӣ дақиқ ва ҳамаҷониба муаррифӣ шавад. Зеро осорхона маконест, ки ба воситаи ёдгориҳои қадима метавонад ба тамошобин таъсир гузошта, шахсро дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба осори антиқӣ, зебоипарастӣ ва дарки олами нафосат тарбия намояд.
Баҳрабардорӣ аз хатти оби нӯшокӣ
28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хатти оби нӯшокиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сохтмони он дар доираи лоиҳаи “Барқарорсозии шабакаи обтаъминкунии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ” татбиқ гардид.
Иттилоъ доданд, ки лоиҳа аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба маблағи 5 миллиону 975 ҳазор доллари ИМА амалӣ шуд.
Бо татбиқи муваффақонаи лоиҳа, ки мувофиқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, наздики 5000 хоҷагии шаҳраки Балх ё тақрибан 20 ҳазор нафар бо оби тозаи нӯшокӣ шабонарӯзӣ таъмин шуд.
Дар доираи лоиҳа, гузарондани 4 километр лӯлаҳои обпартои обу корез ва дар масофаи 5 километр хобондани лӯлаҳои қутрашон гуногуни байникӯчагӣ ба иҷро расиданд.
Сохтани лӯлаи асосии баландфишору худҷоришаванда, истгоҳи нави обтаъминкунӣ, барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунии мавҷуда, обанбор, истгоҳи насосӣ, таҷдиди коллекторҳои мавҷудаи корезӣ дар шаҳраки Балх ва хариду насби ҳисобкунакҳои об аз тадбирҳое мебошанд, ки дар доираи лоиҳа иҷро гардиданд.
Сохтмони ташхисгоҳ, бинои насосҳои обкаши 1-ум ва 2-юми барориш, ҳавзҳои обтакшинкунанда, ҳавзҳои захиравии Корхонаи давлатии фаръии “Обтаъминкунӣ ва корезӣ”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ аз ҷумлаи тадбирҳои анҷомёфта дар доираи лоиҳа мебошанд.
Тадбири мазкур дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” татбиқ шуда, мақсад аз он таъмини сокинони шаҳраки Балх бо оби нӯшокӣ мебошад.
Дар доираи лоиҳа сохтмони бинои маъмурии Корхонаи давлатии фаръии “Обтаъминкунӣ ва корезӣ” ба сомон расида, комилан муҷаҳҳаз гардид. Биноҳои ёрирасони корхона низ бо сифати хуб бунёд ёфтанд.
Инчунин, дар доираи муҷаҳҳазгардонии корхона автомашинаи асенизатсионӣ, мошини садамавӣ-техникӣ, экскаватор, автоманипулятор, автобус, компрессор, таҷҳизоти кафшергарию асфалтбурӣ ва ғайра дастрас гардиданд.
Давоми амалишавии лоиҳа зиёда аз 100 сохтмончию муҳандис ба кори мавсимӣ ҷалб шуд. Баъди анҷоми лоиҳа, шумораи кормандони доимии корхона аз 22 ба 36 нафар расид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки масъалаи дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ аз ҳадафҳои авлавиятноки роҳбарияти давлату Ҳукумат ба ҳисоб рафта, ин раванд тавассути татбиқи тарҳҳои сармоягузорӣ ва ҷалби маблағҳои ҷумҳуриявӣ марҳила ба марҳила амалӣ мешавад.
Тақдими туҳфаҳо ба ятимон
28 октябр дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимон вохӯрда, суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Аз ҷониби Сарвари ғамхору ятимпарвар ба 150 ятим туҳфа, аз қабили сарулибоси зимистона ва дигар лавозимоти зарурӣ, тақдим шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои кории хеш ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат аввал бо чунин нафарон мулоқоту суҳбат намуда, аз аҳволашон бохабар мегарданд. Ин иқдоми Роҳбари давлат боиси он гардидаст, ки кӯдакони ба амри тақдир ятиммонда ҳамеша зери ғамхорӣ қарор доранд.
Зимни суҳбати озоду самимӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дастгирии ятимону эҳтиёҷмандон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Сарвари маҳбуби давлат аз кӯдакону наврасон даъват ба амал оварданд, ки шароитҳои фароҳамовардаро самаранок истифода бурда, барои омӯхтани илмҳои муосир ва забонҳои гуногун пайваста саъю кӯшиш намоянд.
Кӯдакон ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои ҳамешагиашон ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагонӣ ва илмомӯзӣ изҳори миннатдорӣ карданд.
Таҷлили Ҷашни Меҳргон
28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар таҷлили Ҷашни Меҳргон иштирок карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заҳматкашони ноҳия суҳбати самимӣ анҷом дода, барои баланд бардоштани маҳсулнокии заминҳои корам маслиҳатҳои муфид доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки тайи нуҳмоҳаи соли ҷорӣ дар тамоми бахшҳои кишоварзии ноҳия пешравиҳои назаррас ба қайд гирифта шуд. Дар ин давра истеҳсоли пахта, ғалла, картошка, полизиҳо, пилла ва ширу тухм зиёд шуда, тибқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 110,2 фоизро ташкил додааст.
Дар намоиш, ҳамчунин, меваҳои шаҳдбор, сабзавоту полизӣ, асал, зироати хӯроки чорво ба маъраз гузошта шуд.
Бояд гуфт, ки соли 2021 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти барвақтии зироатҳо 791 гектарро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 46 гектар зиёд мебошад.
Тибқи натиҷагирӣ, моҳҳои январ – сентябр, аз хоҷагиҳои ноҳия 81 ҳазору 385 тонна сабзавот, 39 ҳазору 319 тонна полизӣ ва 11 ҳазору 483 тонна мева ҷамъоварӣ ва ба бозорҳои мамлакат ба фурӯш бароварданд. Дар ин давра истеҳсоли асал ба 38 тонна расид.
Аҳли заҳмат рушди соҳаи кишоварзиро натиҷаи амалишавии саривақтии барномаҳои давлатӣ, дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фароҳам овардани имтиёзҳои соҳавӣ арзёбӣ намуданд.
Ҳангоми чорабинӣ, ҳамчунин, бонувони ноҳия гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ ташкил карданд, ки дар он хӯрокҳои гуногуни миллӣ, навъҳои нон, кулчақандҳои болаззат ва ҳар гуна кашидадӯзиву гулдӯзиҳо пешкаш гардиданд.
Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро иштирокчиён омили асосии эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва рушди омӯзиши он миёни ҷавонон арзёбӣ намуданд.
Зимни суҳбатҳои самимӣ кишоварзону ҳанармандон ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои пайваста, дастгирии ҳунармандон ва эҳёи оину суннатҳои бостонӣ, аз ҷумла баланд бардоштани мақоми иди Меҳргон, изҳори миннатдорӣ карданд.
Мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон
28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон мулоқоти самимӣ доир карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар андешаронӣ карда, таъкид намуданд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони заҳматкаши вилояти Хатлон, Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатиро бо вусъати бесобиқаи корҳои ободониву созандагӣ таҷлил намуданд ва ин равандро ба хотири боз ҳам ободу зебо гардондани Ватани азизамон идома медиҳанд.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он ҷиҳати вусъати кишти тирамоҳӣ, тайёрии ҳамаҷониба ба зимистон, аз ҷумла ҳарчи зудтар ба мавсими сармо омода кардани соҳаҳои иҷтимоӣ ва дар навбати аввал муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, роҳҳо, захираи маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ, инчунин, захираи кофии хӯроки чорво, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ сокинони вилоят баромад карда, аз рушду пешрафти босуботи кишвар, таъмини зиндагии шоиста ва фароҳам овардани имконоти муосири таълиму касбомӯзӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат шукргузорӣ намуданд.
Ифтитоҳи бинои иловагии муассисаи таълимӣ
28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 36-ро, ки аз ҷониби соҳибкори ватандӯст, хатмкардаи таълимгоҳи мазкур Саидмуҳриддин Сайфов бунёд гардид, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Тавре ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, мактаби нав бо дарназардошти талаботи замон сохта шуда, дар ду баст барои 800 нафар хонанда пешбинӣ мегардад.
Сохтмони муассисаи таълимӣ моҳи октябри соли 2020 оғоз ёфта, давоми як сол бо сифати баланд ба анҷом расид.
Бинои нав, асосан, барои синфҳои ибтидоӣ ва умумӣ пешбинӣ гардида, дорои 16 синфхонаи барҳаво, кабинетҳои алоҳидаи технологияи иттилоотӣ, математика, забони русӣ, англисӣ ва китобхона мебошад.
Ин иқдоми созандаро соҳибкори ватандӯст Сайидмуҳриддин Сайфов дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ амалӣ кард.
Барои амали нек – бунёди чунин як мактаби зебову замонавӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокини ватандӯст баҳои баланд дода, кори пуршарафи ӯро шоистаи таҳсин хонданд.
Корҳои сохтмониро бинокорони ҶДММ “Баҳор”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо сатҳу сифати баланд ва бо тарҳи зебову муосир анҷом додаанд.
Бинои мактаб бо усули меъмории шарқӣ ва бо истифода аз масолеҳи босифати сохтмонӣ сохта шуда, атрофи иншоот бо санъати хоси миллӣ оро ёфтааст.
Барои хонандагон синфхонаи алоҳидаи компютерӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти электронӣ бунёд гашт.
Китобхонаи мактаб барҳаво буда, фонди умумии китобҳо 13 ҳазор нусхаро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод 10 ҳазору 500-тоаш китобҳои дарсӣ буда, боқимонда адабиёти бадеӣ мебошад.
Зимни суҳбат бо хонандагону омӯзгорон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи омӯзгоронро ба сатҳу сифати таълим ва хонандагонро ба истифодаи шароити муосири илмомӯзӣ ҷалб карданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.10.2021 №: 218 - 219 Мутолиа карданд: 3817