logo

иҷтимоиёт

ХАЛҚИ ТОҶИК, ТОҶИКИСТОН ВА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Замоне ки сухан аз давлатдорӣ, роҳбарӣ ва созандагӣ ба миён ояд, дар миёни кишварҳои осиёӣ, ки дар ҳамоҳангии мо ҳастанд, Тоҷикистон метавонад, ба далоили фаровон намунаи муваффақе ба шумор ояд. Ба хотир дорам, дар аввалин мусофиратам ба Тоҷикистон, ки дар авоили тобистони соли 1991 рӯй дод, ҳангоми вуруд ба Душанбе ҷамъияти касире дар фурудгоҳ иҷтимоъ карда буданд ва замоне ки далели онро пурсидам, дӯсте ба шӯхӣ гуфт: «Ба пешвози шумо омадаанд», вале воқеияти амр чизи дигаре буд. Дар он рӯзҳо Тоҷикистон чанд моҳе буд, ки ба сурати кишваре мустақил мехост талиаи озодии худро дар саҳнаи таърих ба сабт бирасонанд ва иҷтимои онҳо дар фурудгоҳ  ба ин хотир буд, ки мехостанд раиси ҷумҳурашон барои ҷилавгирӣ аз ҳарҷу марҷ кишварро тарк накунад ва агар дар иродаи худ барои тарки кишвар росих аст, беҳтар аст аз кор канора кунад, то мардум сарнавишти худро ба даст бигирад. 
 
Он рӯзҳо гузашт ва мавқеияте пеш омад, ки дар аввалин Ҷашни истиқлол дар канори ҳамватанони тоҷик дар ҷашну сурури онҳо шарик бошам. Рӯзи нуҳуми моҳи сентябри 1991 Ҷашни истиқлол бо шукӯҳи фаровон баргузор шуд, вале осмони сиёсат бар хилофи ҳавои фараҳбахшу дилчасп ва овои дилангези мусиқии Тоҷикистон обистани ҳаводисе буд, ки навиди ояндаи рӯшаниро намедод. Ёдоварӣ ва такрори он чи дар ду соли аввалияи баъд аз истиқлол гузашт ва низ зикри вақоее, ки мунҷар ба ташкили давлати ҷадиди Тоҷикистон ва интихоби раёсати ҷумҳурии кунунӣ гардид, ҷузъе аз таърихи муосир аст, ки хотираи он ҳанӯз ба фаромӯшӣ супурда нашуда ва такрори он зарурате надорад.
Вале ҳаводиси солҳои 1993 то 1995 ба воқеият пайвастан ҳамон ояндаи торик буд, ки ба далоили гуногун сарнавишти Тоҷикистонро ба буттаи ибҳом фурӯ мебурд ва, ба ростӣ, Тоҷикистон дар он солҳо монанди киштии шикастае буд, ки илова бар нуқси фаннӣ мақсади мушаххасе низ надошт ва ё ҳамчун ҳавопаймое буд, ки аз замин бархоста, вале маҳали фурудаш нопайдо буд.
Нигоҳе ба таърих ва сарнавишти сиёсии миллатҳо нишон медиҳад, ки чанд омили муҳим дар мавқеият ва ё шикасти ҳар миллат саҳми таъинкунандае дорад, муҳимтарини ин авомил фарҳанг, нажод, алоиқи динӣ ва аз ҳама муҳимтар нақши раҳбарест.
Агар ба китобҳои таърих, ки дар забони форсӣ нигошта шудааст, нигоҳ кунем, мебинем, ки аксари онҳо бар мабнои вақоеи замони салтанати амирон ва подшоҳон танзим шудаанд ва далели он ҳам аҳамияти раҳбар ва саҳми ӯ дар шакли гирифтани ҳаводиси замон аст ва чизе, ки дар ин рос-то Тоҷикистонро аз дигар кишварҳо ҷудо мекунад, дар лаҳзаи аввал дарку фаҳми хатаре буд, ки пас аз истиқлол мавҷудияти кишварро таҳдид мекард ва дар лаҳзаи дувум ба сурате буд, ки сокинони ин марзу бум барои интихоби раҳбар ва ҷилавгирӣ аз ҳарҷу марҷи бештар аз худ нишон доданд.
Дар солҳои аввалияи баъд аз истиқлол зиндагӣ дар Тоҷикистон басе нобасомон ва ба иборате риққатбор буд. Ҷанги хонагӣ, адами амнияти паноҳҷӯён, гурезаҳо, камбуди даромад ва фарсудагии зерсохтҳо, ҳама ва ҳама даст ба дасти ҳам дода ва иродаи миллат, равшанбинии раҳбарону талоши дилсӯзонро бо чолише бузург рӯ ба рӯ карда буд.
Ҳадаф зикри ҷузъиёти ҳаводис нест, он чи аҳамият дорад, натоиҷи ҳосилшудааст, ки дар авҷи ҳаводиси ногувор халқи тоҷик тавонистанд хатаре, ки марзу буми Тоҷикистонро таҳдид мекард, ба хубӣ шиносоӣ ва муваффақ ба интихоби раҳбаре ҷавон шаванд, ки бо дироят ва аъмоли мудирияти саҳеҳ тавонист киштии дарҳамшикастаро марамат (таъмир) ва ба соҳили наҷот бирасонад.
Даҳ сол сипарӣ шуд ва дар соли 2001, ки барои ширкат дар Ҷашни даҳумин солгарди истиқлол ба Тоҷикистон омадам, авзои кишвар ба куллӣ тағйир карда буд, халқи тоҷик бо роҳбарии доҳиёнаи Раҳбари худ Эмомалӣ Раҳмон тавонис-та буданд гомҳои баланде дар таҳаққуқи давлатдорӣ ва рафъи мушкилоти худ бардоранд. Бо ташкили Кумитаи оштии миллӣ на танҳо аз муҳоҷирати шаҳрвандони тоҷик ба кишварҳои ҳамсоя ҷилавгирӣ, балки мақомоте фароҳам оварданд, ки муҳоҷирон ба хона ва кошонаи худ бозгарданд. Бозсозии зерсохторҳо, тавсеаи шабакаи иртиботи заминӣ, ҳавоӣ, роҳи оҳан, амокини омӯзишӣ ва донишгоҳҳо, риволи матлуботеро пушти сар гузошта буданд ва мушоҳидаи ин тағйирот ва робитаи он бо мудирияти умур маро ба ёди хотирае меандозад, ки фикр мекунам, ёдоварии он дар ин ҷо ба мавқеъ бошад.
Дар яке аз ҷашнҳои солгарди истиқлол фурсате пеш омад, ки дар маросими бозкушоии сохтмони Осорхонаи миллӣ, ки муҷассамаи азиму навёфтаи Будоро дар он ҷо ба намоиш гузошта буданд, ширкат кунам. Меҳмонон дар табақаи дувум, ки панҷараҳои он мушарраф ба пушти сохт-мон муҳаватае (ҳотаи, майдони) махруба буд, иҷтимоъ карда буданд ва банда низ дар канори панҷара истода будам, ки Раёсати ҷумҳур дар масири худ ба сӯи солуни бузург, ки муҷассама дар он қарор дошт, ба канори панҷара расиданд ва баъд аз нигоҳ ба харобаҳои пушти сохтмон лаҳзае диранг карда ва бо ҳолате, ки навъе ғаму афсус дар он мавҷ мезад, гуфтанд: «Кай ин мамлакат обод мешавад? Ба ҳар куҷо, ки нигоҳ мекунам, ҳанӯз хароб аст». Қазоват дар ин ҷо бар уҳдаи хонандагони ин сутур аст. Агар шумо ба ҷои банда будед, чӣ фикр мекардед? Эмомалиро ба унвони Раёсати ҷумҳурӣ, ки аз миёни қотибаи (ҳамаи) халқи тоҷик ва бидуни пешинаи бозиҳои сиёсӣ аз қабл мешинохтам ва ба унвони узви Анҷумани «Пайванд» бо эшон мулоқоту ҳамсуҳбат шуда будам, вале ин воқеаи бе муқаддима итминонбахши ин нукта буд, ки ба Раиси ҷумҳурӣ рӯ ба рӯ ҳастам, аз самими қалб орзуманди ободонӣ, пешрафту тараққии Тоҷикистон аст.
Вале давлатдорӣ танҳо вобаста ба пешрафти як мамлакат дар умури дохилӣ нест ва ҳар мамлакат бояд дилнигарони зеҳнияту шуҳрати сиёсӣ ва инсонии худ дар  азҳони ҷаҳониён бошад, ки, хушбахтона, дар ин росто низ Тоҷикистони  мудерн метавонад  улгуе қобили тақлид барои ҳамсоягони худ бошад. Ҷумҳурии қонунманди дунявӣ, гарчи беш аз се калима нест, вале барои раҳбаре, ки мехоҳад ҳамватанонаш аз ҳар нажод ва дин ва ҳар забоне, ки бошанд, битавонанд дар ниҳояти оромиш дар канори ҳам зиндагӣ карда ва барои таҳаққуқи орзуҳои худ талош кунанд, беҳтар аз ин улгу чӣ роҳеро метавонанд интихоб кунанд? Тоҷикистон намехоҳад мазҳаб ва ё нажодро дар сиёсати давлатдории худ дохил кунад, зеро танҳо натиҷаи он истифодаи абзоре аз ин ду омил ба унвони аҳрами (фишанги) фишор бар миллат талаққӣ мешавад, ки махдушкунандаи (нуқсондори) давлатдорӣ ва ояндаи миллат аст.
Он чи дар мавриди Тоҷикистон таҳсинбарангез аст, таваҷҷуҳ ба иртиқои (баланди) фарҳангу одот ва русуми миллӣ аст, ки бору самари он ягонагӣ, ҳамоҳангӣ, ватандӯстӣ ва талоши ҳамагонӣ барои ояндаи беҳтаре аст ва ин дарсу барномаест, ки Раҳбари миллат дар амал бо пешгомии худ, ба наҳве чашмгир, дар зеҳну фикри ҷавонон парвариш дода ва ҷои тардид нест, ки идомаи он натиҷае ҷуз пешрафт, тараққии Тоҷикистон нахоҳад дошт.
Он чи дар ин мухтасар зикр шуд, назари касе аст, ки ба унвони меҳмон ва ба ҳангоми сафарҳои паёпай ба Тоҷикистон шоҳиди он будаам ва акнун, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият» алоқаманд аст, ки назари хонандагонро дар бораи Тоҷикистон пас аз истиқлол бидонад, тақдими хонандагони муҳтарам мегардад.
 
Ҷалоли БАДАХШОНӢ, 
узви Анҷумани ҷаҳонии «Пайванд»,
Лондон, 24 октябри 2021.
Баргардон аз хатти арабиасоси форсӣ ба хатти кирилӣ 
 
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.10.2021    №: 218 - 219    Мутолиа карданд: 546
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед