logo

сафарҳо

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ТАШРИФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ ХУРОСОН 
29 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Хуросон ташриф оварданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияро мавриди истифода қарор дода, бо шароити он шинос шуданд.
Бино дар масоҳати ҳафт садяк замин бо тарҳи меъмории миллӣ бунёд ёфта, аз ду ошёна иборат аст.
Иншоот аз ҷониби бинокорону мутахассисони ҶДММ “Дилафрӯз”-и шаҳри Душанбе ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) сохта шуда, аз шаш ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳи замонавӣ ва иншооти ёрирасон иборат мебошад. Ҳуҷраҳои корӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, барои фаъолияти хубу пурсамар имконияти зарурӣ вуҷуд дорад.
Дар ноҳияи Хуросон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, баробари бунёди иншооти муосири хизматрасонию маишӣ, бо мақсади беҳтар намудани сифати кору хизматрасонӣ ба сокинон биноҳои маъмурӣ ҳам мавриди истифода қарор гирифтанд, ки ба ҳусни кӯчаву маҳаллаҳо зебоии хоса зам мекунанд.
 
БИНОИ ШУЪБАИ МАОРИФ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
29 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Обикиики ноҳияи Хуросон бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияро ба истифода доданд.      
Он дар асоси дастуру роҳнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҷлили сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо харҷи беш аз 7,5 миллион сомонӣ бунёд ёфт.
Сохтмони бинои мазкур бо ҷалби мутахассисони ҶДММ “Фарзин – 7” соли 2018 оғоз гардида, бо тарҳи муосир ва сифати баланд ба анҷом расид. Ҳангоми бунёд 40 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буд.
Масоҳати иншоот 1493 метри мураббаъро дар бар гирифта, фармоишгар Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бино чорошёна буда, аз 33 ҳуҷраи корӣ, толори технологии пайваст бо шабакаи интернет, китобхона, бойгонӣ, маҷлисгоҳи замонавӣ бо 75 ҷойи нишаст, утоқҳои техникӣ ва иншооти ёрирасон иборат аст.
Дар ошёнаҳои сеюм ва чоруми бино маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия ва маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ҷойгиранд. 
Ҳамаи ҳуҷраҳо дар асоси талаботи имрӯза бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳазанд.
Китобхона дар ошёнаи дуюм ҷой гирифта, дорои наздики 10 ҳазор адабиёти гуногуни соҳавӣ ва бадеӣ мебошад, ки аз он, баробари кормандон, дигар дӯстодорони каломи бадеъ низ метавонанд ба таври васеъ истифода кунанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, кормандонро ҷиҳати истифодаи мақсаднок аз шароити муҳайёгардида ҳидоят намуданд.
 
МАРКАЗИ ҶАВОНОН ДАР ШАҲРАКИ ОБИКИИК
29 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Обикиик бинои маркази ҷавононро, ки бо тарҳи хеле зебою замонавӣ бунёд гардид, бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бино дуошёна бо харҷи беш аз 5 миллиону 700 ҳазор сомонӣ тибқи санъати хоси меъмории миллӣ сохта шуда, аз бисту як ҳуҷраи корию хизматрасонӣ, маҷлисгоҳ бо 70 ҷойи нишаст, толори компютерии пайваст бо шабакаи интернет, ду толори китобхона, чор ҳуҷраи техникӣ ва иншооти ёрирасон иборат аст.
Марказ дар партави сиёсати давлатии ҷавонон бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва  дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, ҷавонон ва масъулонро ба фаъолияти пурсамар ҳидоят намуданд.
Иттилоъ доданд, ки сохтмони бино соли 2018 бо ҷалби коргарону мутахассисони маҳаллӣ оғоз ёфта, бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои миллӣ ба анҷом расид. Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани бино, барои ҷавонони сарбаланди ноҳияи Хуросон имкони васеъ дар самти забономӯзӣ, аз худ кадани нозукиҳои технологияи муосир, ҳунарҳои гуногун ва ташкилу баргузории маҳфилу чорабиниҳо фароҳам омад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суҳбати самимӣ бо гирандагони стипендияи президентӣ дар толори барҳавои марказ, ба истифода додани ин бинои замонавиро идомаи мантиқии дастгириҳои Ҳукумати мамлакат нисбат ба наврасону ҷавонон арзёбӣ карданд.
 
ИФТИТОҲИ МАРҲИЛАҲОИ ЯКУМ ВА ДУЮМИ  РОҲИ МОШИНГАРДИ ДУШАНБЕ – БОХТАР
29 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаҳои якум ва дуюми роҳи мошингарди дорои аҳамияти байналмилалии Душанбе – Бохтарро, ки дар маҷмуъ, беш аз 75 километр мебошанд, пас аз таҷдиду навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ доданд, ки марҳилаи аввали лоиҳа 33,2 километрро дар бар гирифта, дар натиҷаи амалигардӣ, роҳ аз категорияи сеюм ба категорияи яки “Б” гузашт. Паҳноии он аз 16 то 25 метрро ташкил медиҳад.
Роҳ бо харҷи наздики 97 миллион доллари ИМА маблағҳои грантӣ ва қарзии Бонки осиёии рушд, Фонди ОПЕК ва беш аз 17 миллион доллар саҳми Тоҷикистон ва ҷалби наздики 400 нафар кормандону мутахассисони тоҷик ва 50 мутахассиси хориҷӣ мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ сохта шуд.
Дар рафти таҷдиду навсозӣ аз ду самти ҳаракат сохтмони чор пул, чор гузаргоҳи зеризаминӣ барои чорво ва техникаҳои кишоварзӣ, як гузаргоҳи болоизаминӣ барои пиёдагардон, хобондани 69 лӯла ва васеъсозии роҳ бо сифати баланд ба анҷом расид. Ҳамзамон, дар минтақаҳои аҳолинишин ва гардишгоҳҳо аз ду шафати роҳ беш аз 500 чароғаки равшанидиҳанда бо истифодаи энергияи офтобӣ насб гардид.
Лозим ба таъкид аст, ки ҳангоми сохтмони роҳи мазкур мутахассисони соҳибтаҷриба ҷалб гашта, тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид  ба таъмини сифати корҳои бунёдӣ, роҳ ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ шуд. Ҳангоми иҷрои корҳо, инчунин, ба масъалаи ободонии канори шоҳроҳ таваҷҷуҳи хоса равона гардида, дар масоҳати беш аз 25 ҳазор метри мураббаъ сабзазоркунӣ анҷом пазируфт.
Тибқи лоиҳа, роҳи мошингарди дорои аҳамияти байналмилалии Душанбе – Бохтар аз байн бо деворҳои ҳимоявӣ ҷудо шуда, бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин мебошад. Илова бар ин, дар доираи марҳилаи якуми лоиҳа, бо мақсади беҳтарсозии инфрасохтори роҳ, нуқтаҳои хизматрасонӣ – хонаи модару кӯдак, бозорчаи мавсимӣ, таваққуфгоҳ ва нуқтаи санитарӣ бунёд мешаванд. Ҳамчунин, дар марҳилаи аввал, татбиқи банди алоҳида аз ҳисоби “Фонди энергияи тоза” ба нақша гирифта шудааст, ки тибқи он насби насосҳои обкаш бо истифодаи энергияи офтобӣ, хобондани лӯлаҳои обгузар, бо барқ таъмин намудани бунгоҳи тиббӣ ва бунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва равшаннамоии нақби “Озодӣ” амалӣ мешаванд. 
Ҷиҳати иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҳисоби марҳилаи якум таҷдиду навсозии роҳи қитъаи бозори “Корвон” бо дарозии қариб 2 километр  анҷом ёфт.
Қобили тазаккур аст, ки сохтмони роҳи Душанбе – Бохтар бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 октябри соли 2017 оғоз гардид ва, акнун, ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ марҳилаҳои якуму дуюм ба истифода дода шуданд.
Марҳилаи дуюми таҷдиди шоҳроҳи Душанбе – Бохтар аз километри 33 то километри 73-юмро дар бар гирифта, пурра аз ҳудуди ноҳияи Хуросон мегузарад. Дарозии он 35 километру 575 метр, паҳноияш аз 23 то 27 метрро ташкил дода,  бо чор хатти ҳаракати 3,5- метра ба ду самт бо пойдеворҳои бетонӣ ҷудо шудааст.
Татбиқи лоиҳаи мазкур бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 шуруъ шуд. Арзиши лоиҳавии корҳо 56 миллион доллари ИМА буда, онҳоро 18 машваратчӣ ва 211 коргари маҳаллӣ анҷом доданд. Инчунин, ҳангоми татбиқи лоиҳа 112 техника сафарбар гардид.
Дар ин масир бо дарозии 11 ҳазору 410 метр роҳи пиёдагард ва дарозии  16 ҳазор метри тулонӣ ҷӯйборҳои бетонии канори роҳ бунёд шуданд. Ҳамчунин, дар маҳалҳои аҳолинишин, гардишгоҳҳо ва болои пулҳо  710 сутунчароғ ба масофаи 10 ҳазору 650 метр насб гардид.
Дар ин марҳила нуҳ пул мавриди навсозиву таъмир қарор гирифт. Илова бар ин, бо мақсади бартарафкунии монеаҳо ва тезондани корҳо 6 ҳазору 200 метр хатти баландшиддати барқ ва 33 ҳазору 700 метр хатҳои алоқа кӯчонда шуда, 45 лӯлаи обгузар бо дарозии 1 ҳазору 546 метр васл гашт.
Дар шаш қитъаи роҳ гузаргоҳ барои рондани чорво ва гузаштани техникаҳои хоҷагидорӣ бунёд ёфта, дар наваду се қитъа роҳҳои баромаду даромад ва бо мақсади танзими ҳаракати роҳу нақлиёт 817 аломати ишоравии роҳ гузошта шуда, 40 истгоҳ муқаррар гардид.
Бо мақсади аз харобшавӣ эмин доштани роҳ, ба дарозии 16 ҳазор метр насби новаҳои обпарто аз ду канори роҳ анҷом ёфт.
Ба масоҳати беш аз 125 ҳазор метри мураббаъ анҷом додани сабзазоркунӣ ва шинондани дарахтони ороишиву ҳамешасабз аз ҷумлаи корҳои дигари баитмомрасида маҳсуб меёбанд. Ҳамчунин, дар 13 қитъа бо дарозии 1 ҳазору 200 метр деворҳои ҳимоявии оҳану бетонӣ бунёд шуданд.    
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳангоми шиносоӣ аз роҳи мазкур, ҷиҳати дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ ба масъулин ва дигар мутахассисони варзида изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ду марҳилаи роҳи Душанбе – Бохтар зиёда аз 75 километр роҳ, 1  ҳазору 170 метр кӯпрук, 24 ҳазору 752 метр пиёдароҳ мавриди истифода қарор гирифт .
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз шиносоӣ бо ҷараёни корҳои анҷомёфта дар ду марҳилаи роҳи Душанбе – Бохтар, дар ҳамин ҷо   бо лоиҳаи сохтмони марҳилаи сеюм шинос гардиданд.
Он аз қитъаи Қизилқалъа то шаҳри Бохтар масофаи 9,2 километрро дар бар гирифта, мувофиқи лоиҳа бунёди ду пул, ҳашт истгоҳ, пиёдароҳ дар масоҳати 9 ҳазору 500 метри мураббаъ, хобондани шонздаҳ лӯлаи обгузар, насби чароғҳои равшанидиҳанда (тули чор километр) ва гузоштани аломатҳои ишоравӣ пешбинӣ мешавад.
Маблағгузории марҳилаи сеюм 31 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, кумаки грантӣ мебошад ва онро Ҳукумати Ҷопон ҷудо мекунад.
Ҳадафи татбиқи лоиҳа, ба василаи беҳтар кардани ҳамлу нақл ва таъмини бехатарии ҳаракат дар қисми шоҳроҳи Душанбе – Бохтар тавассути таҷдиди қитъаи роҳи автомобилгарди Қизилқалъа – Бохтар мусоидат намудан ба рушди иқтисоди миллӣ маҳсуб меёбад.
Дар доираи лоиҳа, васеъсозии ду канори роҳ ба нақша гирифта шуда, рафтуомади воситаҳои нақлиёт аз ду самти ҳаракат ба чор қатор расонда мешавад.  
То имрӯз аз ҷониби мутахассисони тоҷик дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Ҷопон ба кор даровардани заводи бетонбарорӣ, буридани қисми болоии хок ва кандани хок анҷом ёфта, сохтмони ду пул, лӯлаҳои обгузари чоркунҷашакл ва қабатҳои асосии роҳ оғоз гардид.
Бино ба маълумоти масъулин, баҳри татбиқи ин лоиҳа 100 мутахассиси ватанӣ, 20 мутахассиси хориҷӣ ва 50 техникаи пуриқтидори соҳавӣ ҷалб мешаванд.
Тибқи нақша, роҳи мазкур то соли 2024 ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ мавриди истифода қарор гирифта, рафтуомади бемамонияти тамоми намудҳои воситаи нақлиёт таъмин мегардад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ва дигар сохтмончиён ҷиҳати анҷоми босифати корҳои бунёдӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд. 
Роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтар дар доираи ҳамкориҳои иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ, долонҳои 2, 5 ва 6, ҳамчун роҳи байналмилалӣ бунёд гардида, Тоҷикистонро бо Туркманистон, Афғонистон, Эрон, Покистон ва бандарҳои баҳрӣ пайваст намуда, дар ҳамлу нақли молу маҳсулоти минтақа саҳми бузург хоҳад дошт.
Бояд ёдовар шуд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати мамлакат даҳҳо лоиҳаи сармоягузориро татбиқ намуд, ки дар доираи онҳо беш аз 2200 километр роҳи байналмилалии мошингард, 220 километр роҳи оҳан, 237 пул ва 5 нақби мошингузар бунёд гардида, ҳоло корҳо дар дигар лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ доир ба сохтани роҳҳо идома доранд.
 
МУҶАССАМАИ ШОҲ ИСМОИЛИ СОМОНӢ ҚОМАТ АФРОХТ
29 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон гулгашти Исмоили Сомониро мавриди истифода қарор доданд.
Сарвари давлат дар ҳамин ҷо аз болои муҷассамаи Асосгузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ парда бардоштанд.
Пайкара дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳия дар шафати Парчам ва Нишони давлатӣ қомат афрохта, дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби ҳайкалтарош Маҳмуд Бобоев бо санъати воло омода гардид.  Баландии муҷассама бо назардошти таҳкурсӣ 9,65 метрро дар бар мегирад. Дар ду паҳлуи он ду шер ҳамчун рамзи ҷасорату тавонмандии миллати тоҷик гузошта шудааст.
Масоҳати гулгашти Исмоили Сомонӣ 1 ҳазору 550 метри мураббаъро ташкил намуда, дар он фаввора бунёд ёфт. Гулу дарахтони ороишиву сояафкан ва майсазор атрофи муҷассамаро боз ҳам зеботар кардаанд.  
Фармоишгари иншоот Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон буда, паймонкор ҶДММ “Оби Шоҳона”-и шаҳри Душанбе мебошад.
Бо қомат афрохтани пайкараи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Хуросон, барои сокинону меҳмонон боз як мавзеи хуби сайругашт ташкил гардид.
 
БИНОИ МАЪМУРИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ФАХРОБОД 
29 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Хуросон бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Фахрободро ба истифода доданд.
 Он дуошёна буда, аз ёздаҳ ҳуҷраи корӣ, бақайдгирӣ, маҷлисгоҳ бо 50 ҷойи нишаст, бойгонӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.
Ҳуҷраҳо бо мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз буда, барои фаъолияти кормандон имкони созгор муҳайёст.
Сохтмони иншоот соли 2018 оғоз ёфта, он тибқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Хуросон барои солҳои 2016 – 2020 дар масоҳати 420 метри мураббаъ ва бо сифати баланд қомат афрохт.
Фармоишгари бино Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби пудратчиён ҶДММ “Рамзансохтмон” ва ҶСК “Тоҷиккомунпроет” ба анҷом расиданд.
Гирди бино панҷарабандӣ шуда, саҳн ва роҳравҳои он сафолакпӯш ва бетонпӯш гардиданд. Масъулон, ҳамчунин, гулу буттаҳои мавсимӣ ва ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонда, атрофашро чароғон карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, кормандонро барои содиқона иҷро намудани масъулияти бардӯшдоштаашон вазифадор намуданд.
 
БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ 
29 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ваҳдати деҳоти Фахробод майдончаи варзишро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Майдончаи болопӯшида барои бозии футболи хурд пешбинӣ гардида, ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ оид ба бокс Шоира Зулқайнарова ва бародаронаш бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ бунёд шуда, масоҳаташ 800 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо чанде аз варзишгарони ноҳия, ки ба истиқболи Роҳбари ҷавонпарвари худ омада буданд, суҳбати гарму самимӣ оростанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки дар ҷаҳони муосир яке аз омилҳои муҳими муаррифии давлату миллат варзиш мебошад. Аз ин рӯ, Ҷаноби Олӣ аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз имконияти фароҳамгардида, бештар ба варзиш машғул шаванд ва тарзи ҳаёти солимро пеша намоянд.
Ҷавонони сарфарози ноҳияи Хуросон бо сипосгузорӣ аз таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат нисбат ба насли ояндасоз илму ҳунар омӯхта, номбардорони Ватану миллат хоҳанд шуд. 
Бояд зикр намуд, ки чун дигар бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ, дастоварду комёбиҳои соҳаи варзиши ноҳияи Хуросон низ ба замони соҳибистиқлолӣ рост меояд. Комёбиҳои боксёри баруманди ноҳия Шоира Зулқайнарова, ҷоизадори Чемпионати Осиё 2015 – 2021, чемпиони Осиё байни донишҷӯён 2016, ҷоизадори Ҷоми ҷаҳон 2015, 2016, 2018, 2019, ҷоизадори Чемпионати ҷаҳон байни донишҷӯён 2014, дорандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2015, 2021 ва чемпиони 8-каратаи Тоҷикистон, аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими варзишгарони ноҳия дар замони соҳибистиқлолии мамлакат мебошад. Ифтитоҳи чунин майдончаи замонавӣ шавқу ҳаваси наврасону ҷавонони ноҳияро ба тарзи ҳаёти солим боз ҳам бештар мекунад. 
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони варзишгари тоҷик туҳфаҳо тақдим намуданд. Бо дарназардошти таваҷҷуҳи зиёди наврасону ҷавонони деҳоти Фахробод ба варзиш, оянда дар назди майдончаи муосир бунёди дигар иншооти варзиш низ дар назар аст.
 
БОЗДИД АЗ ХОҶАГИИ ФЕРМЕРИИ “АСАДУЛЛО” 
29 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Хоҷагии фермерии “Асадулло”-и ноҳияи Хуросон аз қитъаи боғи нав бо ниҳолҳои навъи хориҷӣ боздид карда, бо нашъунамои дарахтон шинос шуданд. 
Қитъаи боғ бо дарахтони хориҷӣ дар хоҷагӣ соли 2018 дар майдони наздики 36 гектар ташкил гардид. Ниҳолу дарахтони ин қитъа аз Ҷумҳурии Корея ворид шуда, дар майдони шонздаҳ гектар ниҳоли себ, ёздаҳ гектар нок, ҳафт гектар олу, ду гектар челон ва як гектар себи биҳӣ парвариш мегарданд. Дар он 14 нафар фаъолият менамояд.
Бунёди боғҳо ва барқарор кардани боғҳои куҳна дар доираи татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 – 2020 сурат гирифта, ин тадбир омили муҳими расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ ва мусоидат ба болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ ба шумор меравад.
Хоҷагии фермерии “Асадулло” аз калонтарин хоҷагиҳои кишоварзӣ маҳсуб ёфта, соли 2009 ташкил шудааст ва дорои 14 ҳазору 423 гектар замин мебошад.  Дар хоҷагӣ давоми шаш соли охир беш аз 1700 гектар боғу токзор бунёд гардид. 
Самти асосии фаъолияти хоҷагӣ боғдорӣ буда, аз миқдори умумии майдони боғот 116 гектарашро боғи интенсивӣ дар бар мегирад. Дар хоҷагӣ дарахтони мевадиҳандаи ба содирот нигарондашудаи биҳӣ, нок, олу, зардолу, гелос, бодом, анҷир, чормағз, челон, анор, тут ва лимӯ парвариш мегарданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҷрибаи бойи боғдорони хоҷагӣ баҳои баланд дода, онҳоро ба истифодаи самараноки ҳар қитъа замин, афзоиши ҳаҷми содироти меваҷот ба хориҷи мамлакат ва вусъати корҳои ободонӣ ҳидоят намуданд.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии Хоҷагии фермерии “Асадулло”, ки аз анвои гуногуни истеҳсоли худӣ таҳия гардид, боздид карданд.
Зимни тамошои намоишгоҳ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои бузурги меҳнатии аҳли хоҷагиро  шоистаи таҳсину пайравӣ хонданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.11.2021    №: 220    Мутолиа карданд: 4055
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед