logo

иқтисод

ХУҶАНД. ШАҲРЕ, КИ ОРЗУҲО САБЗ МЕШАВАНД

Сокинони Хуҷанд заҳматкашу мушкилнописанданд. Аз меҳнати содиқонаашон сол ба сол шаҳр ободу ранҷи кашидаашон баракати дастархонашонро бештар мегардонад. 

Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳр, дар суҳбат ба хабарнигори “Ҷумҳурият” иброз дошт, ки кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо руҳияи баланди меҳанпарастӣ дар самти тараққиёти соҳаҳои хоҷагии халқ, пешбурди ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, фарҳангию маънавӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ тадбирҳои рӯзафзун андешида, дар нуҳ моҳи соли равон ба як қатор дастовардҳои меҳнатӣ ноил гардиданд. Дар ин давра дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, дар шаҳр чораҳои судманд амалӣ мегарданд. Дар зарфи нуҳ моҳи соли равон ба маблағи 985,8 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар 249,1 миллион сомониро ташкил дод. 
Тайи ин муддат 15 корхонаи истеҳсолии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ таъсис  ёфта, дар маҷмуъ, шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 179 расид. 
-Танҳо аз ҳисоби корхонаҳои нав ба маблағи беш аз 19 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, 164 кас соҳиби ҷойи кори доимӣ шуд. Инчунин, 71 корхонаи дигар ба маблағи 410,8 миллион сомонӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридот тавлид намуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаригашта 97,8 миллион сомонӣ беш аст. Номгӯйи маҳсулоти асосии истеҳсолшаванда низ зиёд шуда, 130 намудро ташкил дод,- гуфт Фирдавс Шарифзода.
Маҳсулоти саноатӣ, асосан, аз ашёи хоми маҳаллӣ истеҳсол гардида, ба мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба фурӯш бароварда шуданд. 
Дар ин давра бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли маргарин ва равғани зарди ҶДММ “Субҳи заррин”, фабрикаи мурғпарварии “Назар”, корхонаи коркарди маҳсулоти ордӣ ва нонии Ҷумъабой Абдулҳакимов ва хатти нави технологии коркарди пиёз дар ҶДММ “Хуҷанд – Агро” таъсис ёфт. Дар ин корхонаҳо бо истифода аз технологияи муосир коркарди маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигарондашуда  ба роҳ монда шудаанд. Ин чораҳои андешидашуда барои афзоиши иқтидори истеҳсолӣ, ҷойҳои нави кор, ҳаҷми сармоягузории дохилию хориҷӣ, ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ва манбаъҳои андоз ба Буҷети давлатӣ заминаи устувор гузоштанд.
Тайи нуҳ моҳи соли равон, ҷиҳати таҳкими соҳаи саноат аз ҳисоби баистифодадиҳии иқтидорҳои нав, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ беш аз 13,8 миллион сомонӣ сармояи дохилию хориҷӣ ҷалб гашт, ки барои рақобатпазирии маҳсулоти воридотивазкунанда мусоидат менамояд. 
Дар стратегияи рушди кишвар афзалияти бештар ба рушди соҳаи энергетика дода шуда, истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои энергетикӣ аҳамияти бузург дорад. Мувофиқи маълумоти идораи фурӯши барқи шаҳр, дар давраи ҳисоботӣ 448,9 миллион кВт/соат неруи барқ интиқол шуда, маблағи пардохти он 165,1 миллион сомонӣ, аз ҷумла аз тарафи аҳолӣ 73 миллион сомониро ташкил менамояд. 
Баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ андешида, соли равон 37 иншоот бунёд ёфта, 765 шаҳрванд бо кори доимӣ таъмин гардид. 
Фирдавс Шарифзода гуфт, ки бо мақсади ба кӯчаю хиёбонҳо ва майдонҳои шаҳр ҳусни нав бахшдан, 533 лампа, 50 метр дюралайт, 57 равшанкунаки светодиодӣ таъмир, иваз ва насбу васл, 77 бинои баландошёнаи истиқоматӣ рангубор, 121 даромадгоҳ, 6,8 ҳазор метри мураббаъ боми биноҳо ва беш аз  ҳазор метр қубур тармиму иваз ва, илова бар ин, беш аз 51 километр роҳ  навсозӣ гашт. 
- Ҷиҳати сабзгардонии кӯчаю хиёбонҳо ва майдонҳои шаҳр, 2 ҳазору 708 дарахти ороишии сояафкани ҳамешасабз, 1 миллиону 363,8 ҳазор бех гули ороишӣ, 46 ҳазор буттагули садбарг, 55 ҳазор қаламчаи садбарг, 37 ҳазор бех карнайгул, 655,8 ҳазор бех гули лола ва аз тарафи корхонаву ташкилот, мактабу донишкадаҳо ва соҳибкорон дар маъракаи шанбегӣ беш аз чор ҳазор дарахти мевадиҳанда ва ороишӣ, қариб се ҳазор дона гули ороишӣ шинонда шуд, - афзуд раиси шаҳр.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро таҳкими аркони давлат ва наҷоти миллат унвон карда, онро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълом доштанд. Бо мақсади тақвияти омӯзиши фанҳои дақиқ, илму техника, ихтироъкориву навоварӣ ва ташаккули тафаккури техникӣ, инчунин, баланд бардоштани завқи китобхонӣ дар муассисаҳои таълимӣ  маҳфилҳои “Ровиёни беҳтарин”,“Шеърдӯстони беҳтарин”, “Техникони наврас”, “Математикони ҷавон”, “Барномасозон” ва “Табиатдӯстони ҷавон” амал менамоянд. Ҷиҳати иҷрои талаботи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ташкилу баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» даври шаҳрӣ ва вилоятии ин озмунҳо дар сатҳи баланд доир гардида, ҷиҳати иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ омодагӣ мебинанд. 
Тайи нуҳ моҳи гузашта 570 омӯзгор ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ аз курси такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф гузашта, савияи дониши худро баланд бардоштанд. Бо мақсади муҷаҳҳазгардонӣ, барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр 144 компютер, 35 тахтаи электронӣ харида шуд. Барои фароҳам овардани шароити мусоиди хониш бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5, бинои нави Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Мактаби Пулотов” ва Муассисаи таълимии “Оксфорд”, инчунин, Муассисаи томактабии № 35, кӯдакистонҳои хусусии “Меҳросо” барои кӯдакони ятим ва нимятим ва “Хуршеди истиқлол” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Дар шаҳр баҳри хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ 96 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо беш аз 6 ҳазору 300 корманд адои вазифа мекунад. Дар ин давра Маркази микроҷарроҳии лазерии «Босира», муассисаҳои дандонпизишкии «Винир»,“Сифат” ва муассисаи давлатии дандонпизишкӣ ифтитоҳ ёфтанд. Ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ мунтазам тарғиботу ташвиқот бурда мешаванд ва, ҳамзамон, маъракаи гузарондани иммунизатсия бар зидди коронавирус идома дорад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз ҳамаи имконоти мавҷуда пурсамар истифода бурда, баҳри он саъю талош меварзад, ки соли ҷориро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст карда, зиндагии шоистаи сокинонро таъмин намояд. 

Кароматулло АТО, 
“Ҷумҳурият”
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.11.2021    №: 220    Мутолиа карданд: 3356
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед