Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
ТАСС. Фурудгоҳи Сидней дар 590 рӯз аввалин парвози байналмилалии мусофирбарро қабул кард. Ҳавопаймо, ки рӯзи душанбе аз Лос-Анҷелес омада буд, барномаи барқарор кардани парвозҳо байни Австралия ва кишварҳои боқимондаи ҷаҳонро кушод.
Синхуа. Си Ҷинпин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, дар нишасти 16-уми роҳбарони G20 тариқи видеоӣ иштирок намуда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки дар вокуниш ба мушкилоти ҷаҳонӣ қувваҳоро муттаҳид намоянд ва таъкид кард, ки нуктаи калидӣ дар ин хусус амали воқеӣ аст.
ТАСС. Теъдоди эмшудагон бар зидди коронавирус дар ҷаҳон аз 7 миллиард нафар гузашт. Беш аз нисфи онҳо ба се кишвар – Чин (2,3 миллиард), Ҳиндустон (1,1 миллиард) ва ИМА (0,4 миллиард) рост меоянд.
Профил. Роҳбари Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган дар ҳошияи нишасти G20 дар Рум бо ҳамтои амрикоиаш Ҷо Байден мулоқот кард. Қабл аз музокирот, Байден аз посух ба суоли хабарнигорон дар бораи омодагии Амрико барои фурӯши ҷангандаҳои F-16 ба Туркия худдорӣ кардааст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1152