Хабарҳо
Таъкиди Ҷо Байден ба зарурати бозорҳои рақобатпазири сӯзишворӣ
ТАСС. «Тули вохӯрии сарварони давлатҳои узви G20, Президент Байден зарурати будани бозорҳои рақобатпазири ҷаҳонии сӯзишвориро таъкид кард. Зеро онҳо на танҳо асоси барқароршавии иқтисодиёт мебошанд, балки оилаҳоеро, ки дар ватан ва хориҷ аз кишвар фаъолият доранд, дастгирӣ мекунанд»,- гуфта мешавад дар изҳороти Қасри Сафед оид ба натиҷаҳои форуми Рим.
«Роҳбарони давлатҳои G20 уҳдадор шуданд, ки гузариши одилона ва муназзамро ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ки нархҳояшон барои хоҷагиҳои оилавӣ ва корхонаҳои осебпазир низ дастрасанд, кафолат медиҳанд. Онҳо нияти омӯхтани роҳҳои таҳкими амнияти энергетикӣ ва суботи бозорро баён карданд», -гуфт Қасри Сафед.
Даъвати Ҷонсон дар бораи тағйирёбии иқлим
ТАСС. Сарвазири Британияи Кабир Борис Ҷонсон бар ин назар аст, вақти он расидааст, ки инсоният пеш аз он ки дер нашавад, дар муқобили масъалаи тағйирёбии иқлим чораҳои воқеӣ андешад. Дар ин бора дар порчаҳо аз нутқи Сарвари Ҳукумат, ки вай бояд рӯзи душанбе дар Конференсияи 26-уми тарафҳои Конвенсияи чорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP26) дар Глазгои Шотландия эрод гирад, гуфта мешавад.
«Инсоният муддати дароз ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлимро ба таъхир мегузошт. Ҳоло, ки дер нашудааст, дар ин ҷода мо бояд амал кунем. Агар мо имрӯз дар муносибати тағйирёбии иқлим ҷиддӣ набошем, фардо барои фарзандони мо иҷрои ин кор дер мешавад. Мо бояд аз гуфтугӯ ва мубоҳиса ба амалҳои воқеии ҳамоҳангшуда гузарем», - гуфт Сарвазир.
Лавров дар бораи таваҷҷуҳи Байден ба тамосҳои минбаъда бо Путин сухан гуфт
Известия. Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Россия, дидори худ бо Президенти Амрико Ҷо Байденро дар нишасти G20 дар Рум муфид хонд ва бар тамаркузи роҳбари Амрико ба тамосҳои минбаъда бо Россия таъкид кард.
«Дирӯз барои ҳамаи роҳбарони ҳайатҳо дар нишасти G20 зиёфат барпо шуд, ки дар ҷараёни он мо бо Президент Байден суҳбати кӯтоҳ, вале муфид доштем, ки ӯ ба Владимир Владимирович Путин саломҳои худро баён карда, тамаркузашро ба равобити минбаъда таъкид кард», - гуфт вазири корҳои хориҷии Россия дар телевизиони «Россия-1» .
Ба гуфтаи Лавров, ӯ, аллакай, тамоми маълумотро ба роҳбари Россия додааст. Илова бар ин, Лавров ин маълумотро барои тарҳрезии нақшаҳои минбаъда муфид хонд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 952