Хабарҳо
ҶОМИ ОСИЁ – 2022
Мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ меёбад, агар…
Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар бозии даври охири марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё – 2022 (гурӯҳи «В») аз тими Эрон бо ҳисоби 2:3 мағлуб гардида, дар гурӯҳ зинаи дуюмро касб кард.
Новобаста аз бохт шогирдони Мубин Эргашев имкони баромадан ба марҳилаи ниҳоиро доранд.
Тибқи низомномаи мусобиқот, 11 мунтахаби ғолиби гурӯҳ ва 4 тими зинаи дуюм бо натиҷаҳои беҳтар ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат мегиранд.
Дар ҳоли ҳозир олимпичиёни мо дар қатори 4 дастаи беҳтарини зинаи дуюм қарор доранд. Вале, роҳ ёфтани мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоӣ аз вохӯрии тимҳои Ветнам ва Мянмар (2 ноябр, Бишкек, гурӯҳи «I») вобастагӣ дорад. Агар яке аз дастаҳо бо ҳисоби ғайр аз 4:3 (5:4, 6:5 ва ғайра) пирӯз шавад, мунтахаби мо ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат мегирад. Дар ҳоли бозӣ бо натиҷаи 3:2 анҷом ёбад, он гоҳ кортҳои зард ба инобат гирифта мешаванд.
ТАЭКВОНДО
Нуҳ медали варзишгарони тоҷик аз мусобиқоти байналмилалӣ
Таэквондочиёни Тоҷикистон дар рӯзи аввали II мусобиқаи кушоди вилояти Намангон (Ӯзбекистон) оид ба таэквондо (WT) 9 медал (3 тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Ба иттилои Федератсияи таэквондо ВТФ-и Тоҷикистон, медалҳои тилло насиби Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов (-80кг), Муниса Ойматова (-49кг) ва Рӯзигул Саидова (+73кг) гашт.
Нишонҳои нуқраро Муҳаммадҷон Суннатов (63кг), Муҳаммадҳусейн Шомаҳмадов (74кг) ва Мунира Абдусаломова (+73кг) гирифтанд. Абумуталиб Мирзоев (54кг), Нуралишо Солиҳов (63кг) ва Руқия Алиаҳмадова (53кг) сазовори медалҳои биринҷӣ шуданд.
Дар мусобиқа дар баробари таэквондочиёни кишвари мизбон, намояндагони ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон ширкат доранд.
Маҳмуд БАҲРОМ,
шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1042