Хабарҳо
НОРАК. ПОШХӮРИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТ
Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ вазъи ҳуқуқии шаҳрвандонро муайян менамояд. Он фарогири бақайдгирии давлатии таваллуд, фавт, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, муқаррар намудани падарӣ, фарзандхонӣ, ивази ному насаб ва дигар хизматрасониҳои ҳуқуқӣ мебошад.
Солҳои охир афзоиши бекоршавии ақди никоҳ боиси нигаронии аҳли ҷомеа ва мақомоти дахлдори давлатии соҳа гардидааст.
Мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак Сарвиноз Саидмуродзода мегӯяд, ки омилҳоии асосии бекоршавии ақди никоҳ ин омода набудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва гирифтани шаҳрвандии дигар кишварҳо мебошад. Инчунин, маърифати пасту заифии ҳуқуқии ҷавонон низ ба бекоршавии ақди никоҳ сабаб мегардад. Оилаи солим аз навхонадорон омодагии ҷиддии равонию ҷисмонӣ, маънавӣ ва иқтисодиро талаб менамояд, вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бештари навхонадорон ба зиндагӣ омода нестанд. Хушбахтона, дар шаҳри Норак бекоршавии ақди никоҳ назар ба соли гузашта кам шудааст. Аз ҷумла, кормандони САҲШ якҷоя бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 5 оилаи ҷавонро, ки дар ҳолати барҳамхӯрӣ қарор дошт, ба зиндагии маъмулӣ баргардонданд.
- Тибқи нақшаи корӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти шаҳр дар мавзуъҳои пешгирии бекоршавии ақди никоҳ, зуроварӣ дар оила, роҳ надодан ба никоҳи хешутаборӣ, аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаштани навхонадорон, қабули ваксинаи ройгон барои пешгирии бемории каронавирус ва баланд бардоштани маърифатии ҳуқуқии шаҳрвандон суҳбату вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок карда истодаем, - гуфт, С. Саидмуродзода.
Ба гуфтаи ӯ, мушкили дигар ин аз қайди ақди никоҳ нагузаштан ва шаҳодатномаи таваллуд надоштани қисме аз фарзандони оилаҳои ниёзманд мебошад. Дар ин самт гурӯҳҳои сайёр ташкил ва ба деҳаҳои дурдаст сафар карда, ба фарзандони 110 оилаи ниёзманд, аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорон шаҳодатномаи таваллуд ройгон тақдим шуд. Ҳамчунин, оилаҳое, ки бо сабабҳои гуногун сабти никоҳ надоштанд, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.
Гузаштан аз усули хаттӣ ба системаи электронӣ кори кормандони сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро осон намуд. То имрӯз наздик ба 2 ҳазор сабти никоҳи давлатӣ, таваллуд, вафот, ивази ному насаб, муқарраркунии падарӣ, фарзандхонӣ ва дигар хизматрасониҳо тариқи системаи электронӣ анҷом ёфтанд.
Холназар КАСИРОВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 984