Хабарҳо
ШУКӮҲИ АНҶУМАНИ ОМӮЗГОРОНИ ИДМ ДАР ДУШАНБЕ
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Анҷумани VI омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зери унвони “Фазои таълимии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил манбаи стратегии рушди устувор” ва нахустин Фестивали маҳорати педагогии омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои ИДМ баргузор гардид.
Дар он омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи кишварҳои Россия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон иштирок карданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Амонзода, мушовири раёсати ҳамкориҳои башардӯстона, мушкилоти умумии сиёсӣ ва иҷтимоии Кумитаи иҷроияи ИДМ Галина Николаевна Казак ва дигар меҳмонони олиқадр иштирок ва суханронӣ намуданд.
Анҷуман дар панҷ самт гузашта, масъалаҳои муайян кардани роҳҳои муассири таъмини таълими дастрас ва босифат дар ҳама сатҳҳо ва рақамикунонӣ дар соҳаи маориф, ҳамкорӣ дар вусъат, паҳн ва ҳифзи забони русӣ ҳамчун воситаи муҳимтарини ҳамгироии кишварҳои узви ИДМ – ро фаро гирифт.
Фестивали маҳорати педагогии омӯзгорони ИДМ - ро дар самтҳои “Муаллим”, “Мураббӣ” ва “Равоншиносӣ” санҷид. Ҳамчунин, дар рафти анҷуман ба як қатор омӯзгорон ва кормандони кишварҳои узви ИДМ бо нишони «Аълочии маорифи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» қадр шуданд.
Меҳмонон пас аз ҷамъбасти чорабинӣ гӯшаҳои таърихии кишвари мо - Осорхонаи миллӣ ва “Кохи Наврӯз”-ро тамошо карданд.
Ёдовар мешавем, ки ин чорабинии байналмилалӣ дар ду сол як маротиба доир мегардад ва он ба фароҳам овардани шароит барои рушди равандҳои ҳамгироӣ, ҷустуҷӯи фаъолонаи шаклҳо ва механизмҳои нави ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи маориф мусоидат менамояд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 926