Хабарҳо
Дастури Рустами Эмомалӣ барои аз нав дида баромадани қазияи шиканҷаи як зан
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки муроҷиати сокини шаҳри Душанбе Зулфия Алимова дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар хусуси ба духтараш Мадина Мамадҷонова аз ҷониби шаҳрванд Азиза Давлатова бо роҳи шиканҷа расондани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ва дар ҳолати вазнин ба Маркази миллии тиббии ҷумҳуриявии «Шифобахш» овардани ӯ аз нав дида баромада шавад.
Қаблан тафтиши ҳолати мазкур аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр оғоз шуда буд, баъдтар бо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 7 сентябри соли 2021 идомаи тафтиши кори ҷиноятӣ қатъ шудааст.
Рустами Эмомалӣ бо назардошти дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён омадани афкори гуногун, ба Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ дастур дод, ки санҷиши ҳолати кор аз нав оғоз гардад. Тафтиши ҳаматарафа, пурра ва воқеии ҳодиса таҳти назорати Раиси Маҷлиси миллӣ қарор дорад.
Таҳкими ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Россия
Дар суҳбати телефонии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров масоили ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла ИДМ, СААД ва СҲШ, баррасӣ гардиданд.
Ба иттилои маркази матбуоти вазорат, ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ва шарикии стратегии байни кишварҳо тасдиқ намуданд.
Дар Тоҷикистон бунёди пойгоҳи ҳарбии Чин ҳақиқат надорад
Вазорати корҳои дохилӣ бо нашри як изҳорот хабар дод, ки маълумот дар бораи он ки дар ҳудуди Тоҷикистон пойгоҳи ҳарбии Чин бунёд мешавад, ба ҳақиқат мувофиқ нест ва масъалаи мазкур дар рӯзнома гузошта нашудааст.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки дар доираи Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар заминаи инфрасохтори мавҷудаи дастаи милитсияи зудамали раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ гузарондани машқҳои тактикии муштарак миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Чин пешбинӣ шудааст. Аз ин рӯ, ҳамаи лавозимоти зарурӣ ва хароҷот дар вақти гузарондани машқҳо аз ҷониби Чин пешниҳод ва пардохт мешаванд.
Ёддошти тафоҳум оид ба дӯстӣ ва ҳамкории муштарак
Миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи федералии Урал ба номи Президенти якуми Федератсияи Россия Б.Н. Елсин Ёддошти тафоҳум оид ба дӯстӣ ва ҳамкории муштарак ба имзо расид. Дар маросими мазкур муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Абдуғаффор Раҳмонзода ва ректори Донишгоҳи мазкур Виктор Анатолевич Кокшаров иштирок намуданд, - иттилоъ доданд аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.
Муқаррароти асосии Ёддошти тафоҳум рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба дар самти таҳсил, қабули донишҷӯён, касбомӯзӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос, табодули таҷриба, баргузории курсҳои такмили ихтисос, семинарҳо, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои муштарак мебошад.
Фестивали «Оши палав»
Дар шаҳри Душанбе Фестивали «Оши палав» баргузор шуд. Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе деги бузург бо ғунҷоиши қариб ду тонна маҳсулот гузошта шуда, дар он 4 ошпази моҳир 800 килограмм биринҷ, 170 литр равған, 270 кг гӯшт, як тонна сабзии реза, 150 кг пиёз, 30 кг намак, 8 кг зира, 30 кг кишмиш, 8 кг лимӯ, 250 кг тухми бедона, 8 кг сирпиёз, 8 кг қазӣ, 8 кг гӯшти хушккардашударо истифода намуданд.
Дар доираи Фестивали «Оши палав» 50 дег, аз ҷумла 40 адад аз шаҳри Душанбе ва 10 адад аз намояндагиҳои кишварҳои узви ИДМ дар Тоҷикистон гузошта шуда, беш аз 5 тонна оши палав омода гашт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 943