logo

иҷтимоиёт

КҲФ. 346 ҲОДИСАИ ТАБИӢ 141 МИЛЛИОН ХИСОРОТ ОВАРД

Дар нуҳ моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ бар асари офатҳои табиӣ ба иншооти иқтисодӣ ва соҳаи кишоварзию чорводорӣ хисороти калони моддӣ расид. Аз ҷумла, манзилҳои истиқоматӣ, бинои муассисаҳои таълимӣ ва  муассисаҳои томактабӣ, дармонгоҳҳо, иншооти маданиву маишӣ, сутунпояҳои чароғакҳо, иншооти ёрирасон, роҳҳои нақлиётӣ, пулҳо, хатҳои интиқоли барқ, қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ  зарар дид. Дар ин давра дар кишвар 346 ҳодиса ва ҳолати фавқулодаи дорои хусусияти табиидошта қайд гардида, ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳо беш аз 141 миллион сомонӣ зарар расондааст.
 
Аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ корҳои сохтмонии манзилҳои истиқоматӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Лангари Шоҳ ва Қалъаи Лаби Оби ноҳияи Тоҷикобод, ки дар натиҷаи заминларза валангор шуда буданд, идома дорад.  Инчунин, дар ҷамоатҳои деҳоти Хиҷборак ва Аскалони ноҳияи Рашт, ки дар натиҷаи заминларза хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон зарар дида буданд, бархе аз манзилҳо аз нав сохта шуда, корҳои сохтмонии қисми дигар дар ҳоли анҷомёбист. 
Тибқи фармоиши Комиссияи давлатии Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода ба оилаи 9 шаҳрванди бар асари офати табиӣ ҳалокшуда кумаки яквақтаинаи моддӣ ба маблағи 9000 сомонӣ ҷудо гардид. Ҳамчунин, аз ҳисоби Фонди хароҷоти пешбининашудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ  ба оилаҳое, ки бар асари офатҳои табиӣ дар ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон ва Шуғнони ВМКБ  манзилҳои истиқоматиашон пурра ва қисман зарар диданд, ба маблағи 19450 сомонӣ кумак ҷудо гашт. 
Баҳри пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, ташкили муҳофизат, навбатдории шабонарӯзӣ ва бурдани корҳои ободонӣ аз тарафи ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбии кумита як қатор корҳо иҷро гардиданд. Аз ҷумла, бо фармоиши раиси кумита сарбозони қисмҳои ҳарбӣ  ба ҳифзи биною иншоот сафарбар шуданд. Афсарону сарбозон ҷиҳати бартараф намудани рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва тақсимоти кумаки башардӯстона ба шаҳри Кӯлоб сафарбар шуданд.  
Дар натиҷаи ҳамкориҳои байналмилалӣ бо дастгирии дафтари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе 50  дастгоҳи алоқа ба маблағи беш аз 210 ҳазор сомонӣ ҳамчун кумаки бебозгашт ба кумита ворид гардид. 
Дар доираи татбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва беҳбудии кори маркази таълимӣ - методӣ дар раёсатҳои вилоятии кумита, аз ҷониби дафтари САҲА дар Душанбе 12 ноутбук ва 12 компютери фардӣ ба маблағи 253 ҳазору 491 сомонӣ ворид шуд.
Инчунин, бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ сохтмони бинои нави Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии кумита дар ҳаҷми 2,1 миллион доллар ва таъмини он бо таҷҳизоти зарурӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори техникии шуъбаи иттилоотию таҳлилии он бо харҷи 1,9 млн доллар ба нақша гирифта шудааст. 
Бо ин мақсад, қарордоди тарафайн байни ширкати ҶДММ “НУЗАМ” ва Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот”-и Вазорати молия ба имзо расонда шуд. Айни замон корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Дар қисми ҳарбии 45045 сохтмони марҳилаи якуми Маркази миллии тамринӣ барои омода намудани наҷотдиҳандагон дар асоси татбиқи лоиҳаи “Устувории сарҳади ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон” тавассути дафтари САҲА дар Душанбе, бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо дар ҳаҷми зиёда аз 1 миллион евро амалӣ мешавад. Корҳои сохтмонии марҳилаи якум аз моҳи январи соли ҷорӣ оғоз гардида, моҳи ноябри соли равон ба анҷом хоҳанд расид. Дар марҳилаи якум сохтмони меҳмонхона барои 121 нафар, ошхона барои 80 кас, гузаргоҳ, сохтмони канализатсия, корҳои обтаъминкунӣ, барқтаъминкунӣ ва системаи гармидиҳӣ анҷом дода мешаванд.
Бо мақсади баланд намудани маҳорати касбӣ, бозомӯзӣ, такмили малакаи кормандон ва омӯхтани таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар ҷумҳурӣ 19 маротиба курси омӯзишӣ ва семинару тренинг баргузор гардид. 
 
Нигина РАҲМОН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.11.2021    №: 221    Мутолиа карданд: 548
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед