logo

иҷтимоиёт

АМАЛЕ, КИ БАРОИ ИБРАТ АСТ

Бунёдкориву созандагӣ аз хислатҳои наҷиби инсонист. Ва хушоянд аст, ки   солҳои охир дар шаҳру навоҳии кишвар мардони баоруномус ба корҳои ободонию созандагӣ даст мезананд. Соҳибкорони банангу номуси Ватан дар пайравӣ ба Пешвои миллат баҳри ободии диёри хеш саҳми арзанда гузошта, ба хотири беҳ гардондани шароити зиндагӣ дар деҳот саъй менамоянд. Ҳамарӯза шоҳиди он мегардем, ки бунёди корхонаҳои зебову  замонавӣ дар деҳаҳои дурдасти кишвар мавриди истифода қарор мегиранду мардумро ба ояндаи дурахшон дилгарм менамоянд. 
Бо ташаббуси мардони саховатманд ҳоло дар деҳаҳои дурдаст низ, биноҳои баландошёна қомат афрохтаанд. Боиси зикр аст, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва боло гирифтани ҳисси ватанхоҳиву ватанпарастӣ мардум баҳри рушди деҳот ва муҳайё намудани имкониятҳои хуби зиндагӣ дар минтақаҳои кӯҳистон камари ҳиммат бастаанд. 
Мустафо Абдуллоев  аз зумраи чунин нафарон мебошад. Ин фарди ватандӯст ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардондани шароити қабули сайёҳҳони дохиливу хориҷӣ дар ноҳия Сангвор меҳмонхонаи замонавии 4-ошёна сохта, мавриди истифода қарор дод. Иншоот, ки  дар арафаи Ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода шуд, барои  сокинони ноҳия туҳфаи арзандаи  ҷашнӣ арзёбӣ гардид.
 - Вақте медидам дар дигар шаҳру навоҳии кишвар аз ҷониби соҳибкорон биноҳои барои ҷомеа зарурӣ мавриди истифода қарор мегиранд ба худ мандешидам, ки кош рӯзе расад ман ҳам дар ободии диёр саҳме бигзорам.
Соли 2004, вақте дар бинои нимхароби меҳмонхонаи ноҳия фаъолият менамудам, медидам, ки шароит барои қабули меҳмонон хуб набуд. Гарчанде роҳбарии ин биноро ба уҳда надоштам, вале аз шикояти меҳмонон дар хиҷолат мешудам. Вақте имкон даст дод, қарор додам баҳри ободии зодгоҳам коре анҷом диҳам. Қабл аз ҳама, сохтани бинои меҳмонхонаи замонавӣ ва ба талаботи замон ҷавобгӯ ба сарам омад. Ҳамин тавр, дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар таҳкурсии собиқ бинои меҳмонхонае, ки соли 2000 – ум муваққатан барои қабули 3 - 4 нафар меҳмон бунёд шуда буд, сохтмони бинои навро оғоз кардем. Хушбахтона, бинои меҳмонхонаи замонавӣ дар маркази ноҳияи Сангвор дар муддати кӯтоҳ сохта шуд. Меҳмонхона номи «Таҳмина» - ро гирифт. Он  аз 4 ошёна иборат буда, дорои 12 ҳуҷра мебошад. Бино бо истифода аз унсурҳои хоси миллӣ оро ёфта, дар он тамоми шароити истироҳату фароғат муҳаёст. Ва ман шодам, ки дар ободии диёр саҳм гузоштам. Вале ин охири кор  нест, - иброз намуд М. Абдуллоев. 
Зикр бояд намуд, ки меҳмонхонаи «Таҳмина» дар ҳудуди ноҳия баъди солиёни дароз ягона маркази хизматрасониест, ки дар як вақт имкони қабули 25 нафар меҳмонро дорад. Иншооти муосири хизматрасонӣ, ҳамчунин, дорои маҷлисгоҳ бо 50 ҷойи нишаст мебошад. Дар рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоот 20 нафар бо ҷойи кори муваққатӣ ва бо мавриди истифода қарор гирифтани он 10 нафар бо шуғли доимӣ таъмин гардид. 
 
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.11.2021    №: 221    Мутолиа карданд: 1325
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед