Хабарҳо
Машқҳои неруҳои посдори сулҳи СААД дар Қазон
Лента.ру. Неруҳои посдори сулҳи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) аз 8 то 12 ноябр дар машқгоҳи Омӯзишгоҳи фармондеҳии олии танкии Қазон машқҳои муштарак баргузор мекунанд. Дар ҳошияи машқҳои амалиётии стратегии «Иттиҳоди ҳарбӣ» низомиён маҳорати заруриро намоиш медиҳанд.
Дар наздикии Қазон неруҳои дастаҷамъии СААД вазифаҳои омодагӣ ва баргузории амалиёти посдори сулҳро, ки маҳорати муқобилият бо ҷангҷӯён ва ҳифзи аҳолии осоиштаро дар бар мегиранд, иҷро хоҳанд кард.
Неруҳои посдори сулҳ ҳамла ба биноҳо, озод кардани гаравгонҳо, ташкили лагери гурезагон, расондани ёрии аввалия ба осебдидагон ва амсоли инҳоро тамрин хоҳанд кард.
Дар ин машқҳо ҳудуди 800 нафар низомиён ва 90 техника аз Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард. Дар қатори танкҳо, инчунин, чархболҳои Ми – 8, Ми – 24, ҳавопаймоҳои Су – 24МР ва Су – 34 ҷалб мешаванд.
Дар Кобул таркиши сахт рух дод
Лента.ру. Дар наздикии бемористони Сардор Муҳаммад Довудхони пойтахти Афғонистон - шаҳри Кобул таркиши шадид рух дод. Дар ин бора хабаргузории Aamaj News иттилоъ медиҳад.
Пас аз таркиш тирпарронӣ оғоз ёфт. Яке аз шоҳидони ҳодиса ба хабаргузории АИР «Новости» гуфтааст, ки сабаби таркиш худкушии як маргталаб дар даромадгоҳи бемористон будааст.
Бино ба маълумоти иловагӣ аз Aamaj News, Сардор Муҳаммад Довудхон бузургтарин бемористони низомӣ дар Афғонистон ба ҳисоб меравад. Айни ҳол шарикони террористи худкуш дар дохили беморхонаанд. Ба гуфтаи як шоҳиди ҳодиса, дар он задухӯрди шадид сар зад.
Даъвати кишварҳои узви G20
Синхуа. Бо сабаби он ки мамолики камбизоат бо ҳаҷми зарурии ваксинаи зидди коронавирус таъмин карда намешаванд, кишварҳои узви G20 таҳти фишори шадид қарор доранд. Дар ин бора дар паёми портали интернетии ҳиндии Wion News нашр шудааст.
"Ҳангоме ки раҳбарони кишварҳои узви G20 барои муҳокимаи нақшаҳои дифоъ аз пандемияҳои оянда ҷамъ омада буданд, коршиносони соҳаи тандурустӣ ва фаъолон изҳори нигаронӣ карданд, ки сарватмандтарин давлатҳои ҷаҳон доир ба пешгирии паҳншавии COVID – 19 ба қадри кофӣ ба кишварҳои қафомонда ёрӣ намерасонанд", - гуфта мешавад дар мақола.
Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар кишварҳои мутараққӣ ба ҳар 100 нафари аҳолӣ 133 воя ваксинаи зидди COVID-19, аммо дар кишварҳои камдаромад бошад, ба ҳар 100 нафар чор воя рост меояд.
Ҷорҷо Старас хостори азсаргирии муколама миёни Маскав ва НАТО шуд
Известия. Саъю кӯшиш барои аз нав оғоз кардани муколамаи созанда байни Россия ва Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар ҳоли ҳозир ниҳоят муҳим аст. Дар ин бора сафири фавқулода ва мухтори Италия дар Россия Ҷорҷо Старас баён дошт.
Ба гуфтаи ӯ, пас аз тасмими Маскав дар бораи қатъи кори намояндагии Россия дар НАТО ва сохторҳои ин эътилоф дар ҳудуди Федератсияи Россия, муҳим аст, барои барқарор намудани муколамаи муфид, ки барои ҳама манфиатовар мебошад, саъю кӯшиш намоем.
Ба гуфтаи сафир, бидуни ҳамкорӣ бо Москва дар ҳалли масоили тандурустӣ ва мубориза бо тағйирёбии иқлим ба натиҷаҳои мусбат ноил шудан ғайриимкон аст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 946