Хабарҳо
ШОҲМОТ
Киҳо чемпиони Тоҷикистон гардиданд?
Ҷамшед Исоев ва Мутриба Ҳотамӣ (Душанбе) дар Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шоҳмот қаҳрамони кишвар гаштанд.
Бар пояи иттилои котиби генералии Федератсияи шоҳмоти мамлакат Илҳом Юнусов, дар мусобиқа 52 варзишгар (35 мард, 17 зан) аз тамоми манотиқи кишвар миёни ҳам нерусанҷӣ намуданд.
Миёни мардон зинаҳои дуюму сеюмро Аъзам Юнусов (Хатлон) ва Аҳмад Афзалзода (Суғд) гирифтанд. Ду ҷойи ифтихорӣ байни бонувон насиби Рухшона Саидова (Суғд) ва Амина Мазҳабова (Душанбе) шуд.
ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ
«Соро компания» қаҳрамони кишвар
Бошгоҳи «Соро компания» (Душанбе) дар силсилабозиҳои финалии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон – 2021 бар «Сипар» (Хуҷанд) бо ҳисоби 3:2 ғолиб омада, бори сеюм чемпиони Тоҷикистон гардид.
«Соро компания», қаблан солҳои 2018 ва 2019 сазовори медалҳои тилло шуда буд.
Нишони нуқра насиби футзалбозони «Сипар» гардид. Мақоми сеюмро тими «Пойтахт» касб кард.
Маҳмуд БАҲРОМ,
шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 921