Хабарҳо
РАШТ. 150 ГЕКТАР ЗАМИН ШОДОБ ШУД
Обёрӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида пайваста таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар ин ҷода ҳамвора тадбирҳои судманд амалӣ мешаванд.
Дар доираи нақшаи тадбирҳо ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ мавзеи Дашти Беоби деҳоти Ҳоит обёрӣ шуда, беш аз 150 гектар замини он ба гардиши кишоварзӣ ворид гардид.
Ба гуфтаи сардори шуъбаи кишоварзии ноҳияи Рашт Абдураззоқ Саломов, замини дашти мазкур тахту ҳамвор буда, кишоварзони деҳот метавонанд онро бо мақсади истеҳсоли бештари картошка ва ғалла истифода баранд.
Ҳанӯз солҳои ҳафтодуми асри гузашта давлатмардони ноҳияи Рашт бо мақсади обёрии ин мавзеъ талошҳои зиёд карданд. Аз дарёи Оби Кабуд ба воситаи пойгоҳи обкашӣ об бароварданд, аммо заҳмати онҳо натиҷаи дилхоҳ надод. Баъди аз кор баромадани пойгоҳи обкашӣ дигарбора сари ин масъала касе андеша накард.
Ёдрас бояд шуд, ки дар деҳоти Ҳоит заминҳои тахту ҳамвор зиёданд ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба нақша гирифтааст, ки мувофиқи имконоти мавҷуда ҳар сол миқдоре аз заминҳоро обёрӣ намуда, ба ихтиёри кишоварзон диҳад.
Раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимӣ рӯзҳои аввали ба кор оғоз кардан, бо сокинони деҳоти Ҳоиту Ясман вохӯрд. Пеш аз суҳбат ҳамроҳи мутахассисон вазъи Дашти Беобро дид ва ба онҳо дод, ки барои обёрӣ намудани заминҳои ин мавзеъ лоиҳа тартиб диҳанд. Ҳангоми суҳбат бо фаъолони деҳот дар ин мавзуъ ҳарф зад ва гуфт, ки мо бояд тамоми имкониятҳоро истифода бурда, масоҳати заминҳои обиро васеъ намоем. Афзоиши заминҳои кишт боиси пайдо шудани ҷойҳои нави кор ва зиёд гардидани маводи ғизоӣ мегардад.
Инак, баъди сипарӣ гардидани ду сол сокинони деҳоти Ҳоит шоҳиди обёрии Дашти Беоб шуданд. Бо дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшишу талошҳои раиси ноҳия ҳафтаи сипаригардида замини асрҳо лабташна обшор шуд.
- Мо ба нақша гирифтем, ки баҳори соли оянда дар ин мавзеъ 100 гектар картошка кишт кунем, - мегӯяд Абдураззоқ Саломов. - Бовар дорам, ки картошкапарварони соҳибтаҷрибаи ҳоитӣ дар ин масъала саҳми сазовор мегузоранд. Соли гузашта бо сабаби авҷи бемории коронавирус ин корро анҷом дода натавонистем. Шукрона, ки имсол имконият фароҳам омад. Агар 100 гектар замин барои картошкапарварӣ истифода бурда шавад, метавонем дар масоҳати боқимонда, ки аз 50 гектар зиёд аст, боғҳои интенсивӣ бунёд намоем. Яъне, дар баробари рушди картошкапарварӣ, боғдорӣ низ ривоҷ меёбад.
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 927