Хабарҳо
ОСОРИ НАВИСАНДАИ ТОҶИК. АЗ НАЗАРИ АДИБОНИ РОССИЯ ВА ЭСТОНИЯ
Чанде пеш дар Москва китоби ду адиби маъруф Нина Веселова аз Россия ва Аво Сузи аз Эстония нашр шуд, ки дар бораи ҳаёту фаъолият ва вижагиҳои эҷодии адиби тоҷик- Абдурофеъ Рабиев (Шераки Ориё) баҳс мекунад.
Китоб бо матлаби Нина Веселова – «Левчик далёкий» («Шераке аз дурдаст») оғоз ёфта, мавсуф дар мавриди инсонгарии ба худ хос, шеваи нигориши осори насрӣ ва хислату рафтори Шераки Ориё ба таври васеъ менависад. Аз ҷумла, ин навиштаи адиби рус ҷолиби диққат аст: «Дар тафриқа аз дигарон Абдурофеъ Рабиев (Шераки Ориё) мушкиле чун пайдо кардани мавқеи хешро дар ин дунёи пурпеч надорад. Ба пиндори банда, ӯ рисолати нависандаро низ хуб дарк кардааст, яъне ҳодӣ будан, то ки дар пайгирӣ ҳар нафар тавонад меъёрҳои маънавии худро пайдо ва муқаррар бисозад. Мавқеи нависанда мушаххас аст: ба одамон на ҳамчун носеҳи бегона, балки мисли як ҳамдилу ҳамнафас муносибат мекунад. Ба матои тасвир унсурҳои асотир, қиссаю андарз афзуда, дар ин ҷода сабкеро меофарад, ки танҳо хоси ӯ мебошад».
Ёдовар бояд шавем, ки Нина Веселова кинематографист ва шоираву нависандаи номвар, дорандаи чанд ҷоизаи адабии Россия ва Аврупост.
Навиштаи дуюм бо номи «Неожиданности любви и жизни» («Аҷоиботи ишқ ва зиндагӣ») ба муҳаққиқи эстонӣ Аво Сузи мутааллиқ аст. Номбурда бастаю шефтаи фарҳанги тоҷик буда, асарҳои адибони моро дар забони асл мехонад.
Ӯ дар матлаби худ асарҳои Шераки Ориёро бо нозукбинӣ ба риштаи таҳлил кашида, изҳор медорад, ки адиб ба ниҳонхонаи дили одамон роҳ ёфтааст ва бо мушкилу дардҳои ҷомеа ошност.
Тазаккур бояд диҳем, ки осори Шераки Ориё бо забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, ҷопонӣ, чинӣ, ҳиндӣ, урду, қазоқӣ, украинӣ, белорусӣ, чехиву олмонӣ, арманиву гурҷӣ, испаниву арабӣ, дар маҷмуъ, ба чил забони хориҷӣ тарҷума шудаанд. Вай муаллифи зиёда аз сад китоб буда, ёздаҳтои онҳо бо забони русӣ интишор ёфтааст. Метавон гуфт, ки ин нависандаи тоҷик ба олами адабиёти муосири рус хеле наздик аст.
Ҳамчунин, ӯ муаллифи чилу се филмномаи фалсафӣ ва ҳунарист. Барои муаррифии адабиёту санъати тоҷик дар хориҷи кишвар аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ордени «Шараф» қадр шудааст.
Бузургмеҳр САЛИМ,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1011