Хабарҳо
КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИЯВӢ. САТҲИ МАЪРИФАТ ВА ИНТИЗОМИ ДОНИШҶӮЁН НАМУНАВӢ АРЗЁБӢ ШУД
Дар Муассисаи давлатии «Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқов» вохӯрии гурӯҳи таблиғотии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ оид ба пешгирии зуҳуроти номатлуб дар соҳаи маориф бо устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Дар ҷамъомад Бобошоҳзода Муҳаммадшариф, муовини раиси ноҳия, Муҳаммадӣ Салимзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Фарҳод Абдуллозода, ёрдамчии калони прокурори ноҳия, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Фарҳод Абдуллозода оид ба вазъи ҷомеаи имрӯза иброз дошт, ки чолишҳои сиёсии ахир дар кишвари ҳамсояи мо – Афғонистон ва амалҳои террористӣ боиси нигаронии на танҳо Тоҷикистон балки тамоми ҷаҳон гардидааст. Созмонҳои террористӣ мехоҳанд бо ҳар роҳ ҷавононро ба сафи худ ҷабл намоянд. Аз ин рӯ, ҷавонони ноҳия, махсусан донишҷӯён бояд пайваста ба омӯзиши илму ҳунар рӯй оварда, аз ҳар гуна ақидаҳои носолим дур бошанд. Устодони таълимгоҳҳоро лозим аст, ки барои соҳибмаърифатии ҷавонон боз ҳам бештар заҳмат кашида, шогирдонро дар руҳияи инсондӯстиву ватанпарварӣ тарбия намоянд.
Муҳаммадӣ Салимзода ба маъмурият ва устодони Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқов барои саҳми назаррасашон дар баргузории чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ ва корҳои ободонии ноҳия изҳори сипос намуда, сатҳи маърифатнокӣ ва интизоми донишҷӯёни муассисаро намуна арзёбӣ кард.
Миралӣ ВОҲИДОВ,
мудири кафедраи рӯзноманигорӣ ва китобхонашиносӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 955