сиёсат
ҚАБУЛИ ЭЪТИМОДНОМА АЗ САФИРОНИ НАВТАЪИН
3 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз даҳ сафири нави фавқулода ва мухтори кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул карданд.
Зимни маросими эътимодномасупорӣ, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус Виктор Денисенко, Ҷумҳурии Озарбойҷон Алимирзамин Гаввам оғли Аскаров, Ҷумҳурии Туркия Эмре Зеки Карагёл, Подшоҳии Арабистони Саудӣ Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдан, Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Тимоти Айдан Маршалл Ҷонс, Конфедератсияи Швейтсария Дэвид Грихтинг, Ҷумҳурии Чехия Ватслав Йелик, Ҷумҳурии Лаҳистон Радослав Грук, Ҷумҳурии Эстония Тоомас Тирс ва Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Заҳангир Алам эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суханронӣ, ҳамаи сафиронро ба муносибати оғоз гардидани фаъолияташон дар ин маснади пуршарафу сермасъул дар Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки онҳо бо талошу фаъолияти самарабахши худ ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии кишварҳои мо дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ сиёсати мутавозину мусолиматомез ва санҷидаву фарогирро пеша карда, дар асоси усули “дарҳои боз” тавонист мақому манзалати худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо намояд.
Дар зимн, Тоҷикистон бо доираи васеи кишварҳои минтақаҳои мухталифи ҷаҳон робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунарсаро ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар сиғаи бисёрҷониба роҳандозӣ намуда, рушди минбаъдаи онҳоро фаъолона пеш мебарад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳои Беларус, Озарбойҷон, Туркия, Чехия, Лаҳистон, Эстония, Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Конфедератсияи Швейтсария ва Ҷумҳурии Халқии Бангладеш андеша ронда, изҳори умед намуданд, ки сафирони фавқулода ва мухтори навтаъиншуда бо иҷрои рисолати сермасъул саъю талошҳои пайгиронаи худро баҳри татбиқи ҳадафҳои неки рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди давлатҳои худ бо Тоҷикистон ва барои ба сатҳи сифатан нав баровардани онҳо равона месозанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки бинобар таъсири рӯзафзуни як қатор омилҳои амниятӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ ҳамоно печидаву пуртазод боқӣ мемонад, сухан ронда, таъкид намуданд, ки, мутаассифона, сарфи назар аз тадбирҳои дар сатҳҳои гуногун андешидашаванда, шиддати хатару таҳдидҳои замони муосир паст намегардад.
Буҳрони амиқи сиёсиву низомӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ дар Афғонистон, ки мояи нигаронии ҷомеаи ҷаҳонист, боиси ташаннуҷи авзоъ дар минтақаи мо мебошад.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон омода аст, имкониятҳои васеи логистикии худро барои расондани кумаки байналмилалӣ ба ин ҳамсояи наздики худ пешниҳод намояд.
Пешвои миллат, инчунин, аз чораҳои андешидаи Тоҷикистон ҷиҳати мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ёдовар шуданд.
Дар маросими эътимодномасупорӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон, оид ба истифодаи энергияи “сабз”, оқибатҳои манфии ҳамагирии COVID – 19, таъсири буҳрони шадиди молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ, тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он, истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо ва дигар масъалаҳои мубрам изҳори андеша намуданд.
Дар фарҷом Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҳамаи сафирон барору комёбӣ орзу намуда, омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳри мусоидат дар самти пешбурди фаъолияти дипломатиашон махсус таъкид карданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.11.2021 №: 222 Мутолиа карданд: 1091