иҷтимоиёт
САРВАРЕ, КИ БО ДУОИ ПИРОНИ КОР САБЗИДА
Бо гузашти наздик 30 сол он лаҳзаи кории Иҷлосияи сарнавиштсози XVI Шурои Олии Тоҷикистон даъвати 12-ум, ки дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шуруъ шуду вакилони мардумӣ баъди ба истеъфо рафтани ҳайати қаблии Раёсати Шурои Олии Тоҷикистон бо сарварии Раиси он Акбаршоҳ Искандаров як ҷӯшу хурӯш масъалаи номзадии Раиси нави Шурои Олии Тоҷикистонро баррасӣ кардаву дар ниҳояти кор як тан ҷавонмарди чиҳилсола, раиси Шурои депутатҳои халқи шаҳри Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмонро ба ин мансаби баланди давлатӣ баргузиданд ва суханронии аввалину самимӣ, ҳаяҷонбахшу эҳсоси баланди ватандориву саршор аз ҳубби Ватани Сарвари ба тозагӣ интихобшуда аз хотирам, ки ба ҳайси хабарнигори парлумонии Радиои Тоҷикистон дар ин ҳамоиши муҳими сиёсӣ ширкат доштам, то кунун зудуда намешавад. Чун Раиси Шурои Олии ба тозагӣ интихобшуда Эмомалӣ Раҳмон ба минбар ҷиҳати сухан гуфтан баромад толори лабрез аз одам ҳамчунон хомӯшу ором гашта буд, ки ба қавли мардум паша пар занад, мешунидӣ.
- Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам,- бо як ҳаяҷону эҳсоси баланд ба сухан даромад Раиси нави Шурои Олии Тоҷикистон. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам.
Қарси пуравҷи толор ба осмон печида, медидам, ки нафарони зиёд миёни вакилони халқу даъватшудагон оби дида мерехтанд.
Баъди танаффуси эълоншуда, акнун ҷараёни Иҷлосияро Эмомалӣ Раҳмон идора кардаву шуруъ аз ин лаҳзаҳо баҳри иҷрои он ваъдаву уҳдадориҳои худ дар талош буд. Қарорҳои зиёд оид ба муътадилшавии вазъи сиёсии кишвар, гурезагону ба Ватан баргардондани онҳо ба тасвиб расида, баҳри татбиқи онҳо ҳатто як-ду рӯз сафари кории вакилони халқро ба минтақаҳои ҷангию ноороми кишвар ҳидоят кард. Аз рӯзи нахусти фаъолият ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ, ҳамчунон ки дар баромад таъкид дошт, ба таҷрибаи пирони кори рӯзгордида такя мекарду аз маслиҳатҳои онҳо баҳраманд мешуд. Худ чанд бор мушоҳида доштам, ки дар ҷараёни танаффуси кори Иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон дар долони Қасри Арбоб гоҳе бо нафарони таҷрибаандӯхтаи кишвар Иззатулло Ҳаёеву Акбар Мирзоев, Имомназар Хӯҷаназарову дигарону дигарон суҳбати самимӣ дошт. Ё ин ки дар рӯзи оши оштӣ, ки дар саҳни бинои Қасри Арбоб баргузор гашт Эмомалӣ Раҳмон миёни пирони зиёди кордидаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла ду пири кори машҳури Тоҷикистон, ду Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ: Абдуғаффор Самадову Миралӣ Маҳмадалиев ва роҳбари соҳибтаҷриба Рифъат Ҳоҷиев қарор дошта, бо онҳо суҳбат ороставу эшонро бо таваҷҷуҳ гӯш мекард. Дуртар аз онҳо вакилони халқу нафарони ба Иҷлосия даъватшудаю намояндагони васоити ахбори омма низ паси мизҳои ороста нишаста будем. Табиист, ки мазмуну мундариҷаи суҳбатҳо дар иртибот ба фардои ҷумҳурӣ буданду ҳар нафаре фикру мулоҳиза, фарзияҳои хешро иброз медоштанд. Як андешаи вакили мардумӣ аз ноҳияи Мастчоҳ, шодравон Малик Қурбонов, ки дар паси як миз нишаста будем то ҳол дар хотирам сахт нақш бастааст.
- Он мурғи бахту тахт, ки Худованд нишасти онро ба сари китфи ин ҷавон раво дид бе ваҷҳ нест, - бо нигоҳи ҷиддиву дурудароз ба сӯи Раиси нави Шурои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нигариста, иброз дошт вакили мардумӣ, - бинед чи хел чеҳраи кушоду самимии тоҷикӣ дорад. Ман шахсан эътимод дорам, ки ин ҷавон ҷумҳурии моро хуб идора карда, тинҷиву амониро барқарор хоҳад кард. Собиқ Раиси Шурои Олии Тоҷикистон Акбаршоҳ Искандаров низ дар нишасти матбуотӣ ба суоли хабарнигори Радиои Тоҷикистон, ки оё Раиси навинтихобшуда метавонад ҷумҳуриро аз ин буҳрони шадид раҳоӣ бахшад, посухи мусбат дода, иброз дошт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагидорию сохтори ҳизбӣ таҷрибаи ғанӣ дорад ва дар сурати гирди ӯ ҷамъ омадани аҳли ҷомеа Тоҷикистонро пеш хоҳад бурд.
Воқеан ҳам, баъди баохиррасии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баробари бо ҳайати нави Раёсати Шурои Оливу Ҳукумати нави Тоҷикистон аз Қасри Арбоб ба пойтахт- шаҳри Душанбе расидан, дар талоши роҳандозии фаврии он масоили муҳими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки вақт тақозо дошт, бо тамоми ҳастиву вуҷудаш камари ҳиммат баст.
Баҳриддин Аҳмедов, собиқадори меҳнат, он нафаре, ки дар он шабу рӯз котиби комиҷроияи Шурои депутатҳои халқи вилоят (имрӯз раиси дастгоҳ) - ро роҳбарӣ дошт, бо ёдоварӣ аз соатҳои аввали кории Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Тоҷикистон мегӯяд, ки хеле бо ҷиддияти том ба кор часпида, бо мулоҳизаи чуқуру дурандешӣ сухан меронд, супоришҳо ва муҳлати иҷро мушаххас буданд. Баробари ҷараёни Иҷлосия оид ба мушкилиҳои хеле зиёди ҷамъшудаи иқтисодиву иҷтимоӣ, муносибатҳои байналмилалӣ андеша ронда, ҷиҳати ҳалли онҳо шабҳо бедорхобӣ мекашид.
– Дарк кардам, ки дар интихоби Сарвари нав вакилони мардумӣ иштибоҳ накардаанд ва иншоаллоҳ ҷумҳуриро пешравию муваффақиятҳо интизор аст, - мегӯяд Баҳриддин Аҳмедов, - ва баъдан бо дастури худи Пешвои миллат бо ёдоварӣ аз он рӯзҳои таърихӣ китоберо низ иншо кардам, ки ҳамаи он мушоҳидаҳо дар он ҷой гирифтаанд.
Маҳз аз рӯзҳои аввали фаъолияти корӣ бо такя ба пирони кору соҳибтаҷрибаҳо Эмомалӣ Раҳмонро муяссар гашт, ки дар идоракунии кишвари соҳибистиқлол лаҳза ба лаҳза зам кардани таҷрибаву малака бо бовариву эътимод дар ҳамаи самтҳо: иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг марҳила ба марҳила пеш раваду бо гузашти 30 сол Тоҷикистонро ба як кишвари рӯ ба рушду сатҳи иқтисодиёташ болои такя ба технологияи пешрафта табдил диҳад ва мардум ба фардои боз ҳам шукуфону обод, зиндагии осуда эътимод пайдо кунад.
Тоҷикистон феълан таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на фақат дар ҳаллу фасли масоили иқтисодиву иҷтимоии дохили кишвар, ҳамзамон дар баррасии мавзуъҳои глобалии ҷаҳонӣ фаъолона ширкат меварзаду дар пиёдасозии онҳо нақши муассир мебозад.
Темур Пӯлотов, нависандаи тоҷиктабори русзабони бухороӣ, дар рӯзҳои доиршавии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб навишта буд: “Таърих бори дигар ба ин миллати қадимаву тамаддунсоз раҳм карду шанси дигар дод, ки давлати худро аз фаношавӣ нигоҳ дораду бо ин сарвари ҷавонаш кишвари тозаистиқлолро эҳё бахшаду ба ҷаҳониён собит созад, ки онҳо ворисони сазовори ҳамон Сомониёнанд”.
Ҷовиди АШТӢ,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.11.2021 №: 222 Мутолиа карданд: 560