иҷтимоиёт
ҲАМСИНФ, ҲАМКУРС ВА ҲАМКОР
Охири ҳафта, вақте ба водии Вахш, ба хонаи падар мерафтам, аз назди мактаб мегузаштам, ки ба хотирам ҳамкурсам Абдурофеъ расид, ҳамоне, ки худашро талабаи собиқи ҳамин дабистон муаррифӣ мекард. Дар ин мактаби ибтидоӣ фарзандони сокинони деҳаҳои Меҳнатобод ва ба номи Энгелс ва Янгитурмуш (ҳоло Зарнисор) сабақ мегирифтанд. Ман аз деҳаи Зарнисор будаму Абдурофеъ аз деҳаи азими Меҳнатобод, ки он маркази деҳшуро низ ба шумор мерафт. Он солҳо синфхона намерасид, аз ин рӯ, синфи якумро дар идораи колхоз, синфи серо дар анбори деҳаи ба номи Энгелс хонда будем. Танҳо синфҳои 2 ва 4-ро дар бинои асосии мактаб хатм намудем. Меандешидам, бо Абдурофеъ, ҳамкурси имрӯзаам ва собиқ ҳамсинфам дар кадом бино хонда бошем? Аз рӯйи гуфтаи вай, дар бинои асосӣ, зеро он бо хонаи муаллим Абдуллоев рӯ ба рӯ буд.
Ҳоло аз шафати мактаб мегузаштаму фикрам ба солҳои бачагӣ банд мешуд. Суханони Абдурофеъ ором намегузоштам. Аз ин рӯ, субҳ назди тағоям Муаззамхон Эшонов - собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки солҳо мудири анбори колхоз буд, ҳамаи сокинони калонсоли деҳаҳои ҳамшафатро мешинохт, биомадам, баъди ҳолпурсӣ аз Абдурофеъ Рабиев гап кушодам.
- Дар колхози мо усто Рабӣ ном шахсе мезист, ҳам хона месохт ва ҳам гоҳе пойафзол медӯхт, дар деҳаи Меҳнатобод якчанд биноҳои сохтааш имрӯз ҳам пойбарҷост, зеро бо усули меъмории хосаи водии Зарафшон бунёд мекарду устувор буданд. (Баъд сарвари дастаи сохтмончиҳо буд то кӯч бастанашон). Марди ҳунарманду бавиҷдон буд, аз сидқи дил, аз рӯйи виҷдон кор мекард. Хонаашон назди ҷӯйи калон, шафати чойхонаю ҳавзи колхоз буд… Ва боз аспро, яъне аспбозиро дӯст медошт…
Тағоям идома дода буд:
- Абдурофеъро дар ёд дорам, бо Мансурхон (писарашон дар назар аст) ҳамсинф буду ба хонаи мо бисёр меомад. Бо падараш ёру бародар будам. Афсус, ки ба Панҷакент кӯчиданду робитаамон канда гардид.
Ҳамон лаҳза фикрам равшан шуду симои наврасии Абдурофеъ - бачаи оббоз, ошиқу дӯстдори асп дар назарам аёнтар падид омад. Бале, худи худаш бошад! Оббоз, аспдӯст, моҳигир ва серҳаракату чаққон. Дар синф аълохон буд. Муаллимон ӯро барои ҳама намуна меоварданд. Ӯ мудом ба хондани ҳар гуна китобчаҳо банд буд, ба бозии бачаҳо кам ҳамроҳ мешуд. Дар донишгоҳ низ ҳолаш чунин буд. Тарки одат амри маҳол будаву мемонда: мо лексия менавиштему вай китоб мутолиа мекард ё чизе эҷод менамуд. Рӯзномаи девории факултет аз лавҳаҳои вай гул-гул мешукуфт. Бо бисёр рӯзномаҳои даврӣ ҳамкорӣ мекард.
Дар курси чорум мехондем, ки як олими олмонӣ аз Ҷумҳурии Демократии Олмон – (он вақт ГДР мегуфтанд), дар факултети мо меҳмон бишуд. Ӯро омӯзгорони кафедраи забонҳои хориҷӣ ҳамроҳӣ мекарданд. Вақте олим лексияашро ба охир расонду рӯ ба аудитория овард ва «кӣ савол дорад?, - гуфт, лаҳзае сукунат ҳукм ронд. Баъд Абдурофеъ даст бардошт. Саволаш ба забони немисӣ буд. Мепурсид, Тоҷикистон аз шинохти ин олим чӣ гуна аст? Аз ин суол олим шукуфт ва посух дардод, ки муаллимаамон бо лабони шукуфо тарҷума мекард. Мо низ фараҳманду болида гаштем, ки ҳамкурсамон накебида, бо олими хориҷӣ дар мусоҳиба шуд.
Баъдтар, пас аз хатми донишгоҳ ману Абдурофеъ ҳамроҳ дар рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон»), «Садои мардум» ба ҳайси рӯзноманигор кор кардем. Дар ин нашрияҳо низ ӯ чун одати ҳамешагӣ бештар бо мутолиа, эҷод ва сафарҳои эҷодӣ машғул буд. Дар идора кам медидем. Мудом ҷое шитоб мекард.
Аллакай, дар солҳои 1975-1980 чун нависандаи хушзавқ, ҷӯянда ва пуркор шинохта шуда буд. Вақте ҳикоя, қисса ва очеркҳои бадеияшро мехондам, бисёр ҳодисаҳои айёми бачагии худамон пеши назар меомаданд. Махсусан, дар ҳикояҳои «Дорбоз», қиссаи «Аспи охирин».
Оре, рафиқи мо Абдурофеъ бо зоҳиру ботинаш ҳаёти мардумро месанҷид, он гаҳ меҳнати зарбдоронаашонро дар навиштаҳош ҷой медод.
Ҳамин тавр, дар навишти асар дар бораи ҳаёт, кор ва тарзи роҳбарии Сироҷиддин Исоев, яке аз шахсиятҳои бузурги водии Вахш ва барпокунандаи сохти колхозӣ дар шӯразамину туқайзорҳо, баъд котиби якуми Ҳизби Коммунисти ноҳияи Колхозобод (имрӯза Ҷалолиддини Балхӣ) камар баст, аз рӯзнома рухсатии эҷодӣ гирифта, чанд моҳ бо ин мард ва одамони одӣ дар суҳбат буд, зиндагонии кишоварзон ва роҳбари ноҳияро меомӯхт. Сипас, паси миз нишасту андешаҳояшро рӯйи қоғаз бирехт. Асари мондагор биофарид, ки аз ҷониби адибону рӯзноманигорони вақт баҳои арзанда ёфт. Махсусан, журналисти варзида, хабарнигори рӯзномаи «Правда» Отахон Латифӣ ӯро барои чунин асари бадеию ҳуҷҷатӣ, дар саҳифаҳои рӯзномаи аз ҳама бонуфузи шуравӣ «Правда», ки чанд миллион нусха чоп мешуд, аҳсант хонд.
Абдурофеъ дар ҳама кор пайрави устодаш Латифӣ буд: ҳам дар зиндагӣ, ҳам дар навиштани асарҳо, ки бо тахаллусҳои Дарвеши Бохтарӣ, Шераки Ориён, Рофеъ Рабеъ ва монанди инҳо иншо мекард. Акнун муаллифи 100 китоби арзишманду 43 филму дорандаи ҷоизаҳои зиёди байналмилалӣ мебошад.
Китобҳои арзишманди ӯ «Эҷод чист? Эҷодгар кист?», «Миллате мезист дар рӯйи Замин» ба кас руҳу илҳоми тоза мебахшанд.
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.11.2021 №: 222 Мутолиа карданд: 603