Хабарҳо
МАВСИМИ ГАРМИДИҲӢ ОҒОЗ ШУД
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик», ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021 – 2022» дар ин самт корҳои зиёд ба сомон расидаанд. Барои назорати корҳои омодагӣ ба ин давра, хусусан мавсими гармидиҳӣ, ки яке аз бахшҳои муҳими қарори мазкур маҳсуб меёбад, дар корхонаҳои зертобеи ширкат ситоди фаврӣ ташкил шудааст.
Сари вақт таъмин намудани сокинон ва сохторҳои марбута бо гармӣ зери таваҷҷуҳи махсуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор дошта, ҳамасола амалисозии чораҳои зарурӣ дар ин самт ба он мусоидат намуд, ки теъдоди бинову иншооти ба шабакаҳои гармӣ пайвастшаванда афзоянд.
Бо назардошти ин, ҶСК «Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе» корҳои омодагиро ҷиҳати пайваст намудани иншоот ва биноҳои нави истиқоматӣ ба шабакаҳои гармидиҳӣ ба анҷом расонда, шуруъ аз санаи 18 октябри соли ҷорӣ ба кор оғоз намуд. Тавре мутахассисон иброз доштанд, марказ тибқи реҷаи муқаррарӣ бе мамоният сокинонро бо гармӣ таъмин мекунад.
ҶСК «Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе» дар тобеияти худ марказҳои барқу гармидиҳии 1 ва 2-и шаҳри Душанбе, дегхонаҳои «Шарқӣ» ва «Ғарбӣ» - ро доро мебошад, ки онҳо тибқи нақша дар ин давра бо иқтидори нисбатан зиёд фаъолият хоҳанд кард.
Маркази барқу гармидиҳии рақами 2 бо истифодаи ангишт кор мекунад ва барои мавсим дар анборҳои он соли ҷорӣ қариб 820 ҳазор тонна ангишт захира шудааст. Мавриди зикр аст, ки дар марказ танҳо ангишти истеҳсоли худӣ истифода мешавад.
Иншооти боқимондаи ҶСК «Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе» бо газе, ки аз Ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон ворид мешавад, фаъолият мекунанд.
Мувофиқи нақша, дар ин давра ҶСК «Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе» дар як шабонарӯз 460 мВт/соат неруи барқ ва 515 гигакалория/соат гармӣ истеҳсол менамояд.
Дар асоси нақшаи тасдиқгардида, дар мавсими имсола аз ҷониби марказҳои барқу гармидиҳии 1 ва 2-и шаҳри Душанбе ва дегхонаҳо бо неруи гармӣ таъмин намудани 2762 иншоот дар пойтахти кишвар ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 200 бинову иншоот зиёд мебошад.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1096