Хабарҳо
“BAKU GRAND SLAM”
Кишвари моро шаш дзюдочӣ намояндагӣ мекунад
Гӯштигирони тоҷик Муҳаммадраҳим Сарахонов, Хушвақт Идиев, Ҳақназар Назаров, Амирҷони Насимҷон, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Темур Раҳимов дар мусобиқоти “Baku Grand Slam” (5 – 7 ноябр) ширкат мекунанд.
Ба иттилои сомонаи Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар мусобиқа 198 варзишгар (130 мард, 68 зан) аз 30 давлат иштирок мекунанд.
Барои ғолибони ҷойи аввал 5000 евро, ҷойи дуюм 3000 ва зинаи сеюм 1500 евро тақдим мешавад.
ҶОМИ ОСИЁ – 2022
Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфт
Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23), ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 (гурӯҳи “В”) ҷойи дуюмро ишғол кард, ба марҳилаи финалӣ роҳ ёфт.
Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё- 2022 бо иштироки 16 дастаи беҳтарини марҳилаи интихобӣ соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад.
Дастаҳои футболи ҷавонони то 23-солаи қораи Осиё дар марҳилаи интихобӣ дар 11 гурӯҳ бозӣ карданд. Тибқи низомнома ғолибони гурӯҳҳо ва 4 дастаи беҳтарини ҷойи дуюми гурӯҳҳо имкони иштирок дар марҳилаи финалиро пайдо намуданд.
Ҳамин тариқ, Ӯзбекистон ба ҳайси мизбон, дастаҳои олимпии Қатар, Эрон, Ироқ, Кувайт, АМА, Урдун, Австралия, Корея, Ветнам, Малайзия, Ҷопон, Тайланд, Арабистони Саудӣ, Туркманистон ва Тоҷикистон ба марҳилаи финалӣ роҳ ёфтанд.
Тими олимпии Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ бар дастаҳои Лубнон (1:0) ва Непал (6:0) ғалаба карда, аз дастаи Эрон (2:3) шикаст хӯрда буд.
Маҳмуд БАҲРОМ,
шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 884