Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
Парламентская газета. Имрӯз Президенти Россия Владимир Путин бо ҳамтои беларусаш Александр Лукашенко дар иҷлосияи Шурои Олии Иттиҳоди давлатҳои Россия ва Беларус (дар формати видеоконфронс) ширкат варзида, декларатсияи такмилшудаи ҳарбӣ, Консепсияи сиёсати муҳоҷират ва як қатор барномаҳои ҳамгироиро тасдиқ хоҳанд кард.
INTERFAX.RU. Дар Ӯзбекистон мақомоти назоратӣ кори чанд шабакаи иҷтимоӣ ва мессенҷери Telegram-ро ба далели нақзи қонун дар бораи маълумоти шахсӣ маҳдуд кард.
Ба ҷуз аз Telegram, шабакаҳои иҷтимоии “Одноклассники”, YouTube, LinkedIn, Instagram ва Facebook ба феҳристи поймолкунандагони ҳуқуқи субъектҳои маълумоти шахсӣ шомил шуданд.
ТАСС. Теъдоди фавтидагони аз спирти метил заҳролудшуда дар вилояти Свердловск ба 35 нафар расид. Дар ин бора ҳамоҳангсози лоиҳаи “Назорати халқӣ”- и ҳизби «Единая Россия» дар вилояти Свердловск Дмитрий Чукреев хабар дод.
Комсомолская правда. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ваксинаи зидди коронавирус- Covaxin-ро, ки аз ҷониби олимони Ҳиндустон сохта шудааст, тасдиқ кард. СҶТ тавсия додааст, ки ваксина барои одамони аз 18-сола боло дар ду воя гузаронда шавад.
АИР "Новости". Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ба иҷрокунандаи муваққатии вазифаи Канслери Олмон Ангела Меркел яке аз ҷоизаҳои асосии Фаронса - ордени Легиони Шарафро супурд ва аз ӯ барои саҳмаш дар рушди Аврупо изҳори сипос кард.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 912