Хабарҳо
Меркел бо охирин сафари расмӣ вориди Фаронса шуд
ТАСС. Шоми чаҳоршанбе садҳо сокини шаҳри Бонн дар шарқи кишвар Канслери Олмон Ангела Меркелро дар сафари охирини расмиаш ба Фаронса, ки бо даъвати Президент Эммануэл Макрон омада буд, гарм истиқбол гирифтанд.
Меркел, ки аз соли 2005 ба ин сӯ роҳбарии Ҳукумати Олмонро бар уҳда дорад, дар 16 соли ахир ҳамсуҳбати чаҳор Президенти Фаронса буд. Agence France-Presse характери гарму дӯстона доштани муносибатҳои роҳбарони ҳар ду мамлакатро зикр намуд. Ин аст, ки баъди бардоштани маҳдудиятҳо вобаста ба коронавирус Президенти Фаронса аввалин роҳбари хориҷие гардид, ки ба пойтахти Олмон даъват шуд.
ДИИШ масъулияти ҳамлаи террористиро дар Кобул ба уҳда гирифт
Лента.ру. «Давлати исломӣ» (ташкилоти байналмилалии террористӣ) масъулияти ҳамлаи террористӣ дар пойтахти Афғонистонро ба зимма гирифт. Ҳадаф ҷангиёни «Толибон» буд, - менависад АИР «Новости».
Ба гуфтаи ДИИШ, дар ин ҳамла панҷ террорист ширкат дошт ва дар натиҷаи он фармондеҳи неруҳои «Толибон»-и Кобул Ҳамдуллоҳ Мухлис кушта шуд. Ӯ пас аз пирӯзии ин ҳаракат дар Афғонистон баландпоятарин кушташудаи намояндаи «Толибон» мебошад. Ҳукуматдорони нави кишвар то ҳол марги ӯро эътироф накардаанд.
Дар ин ҳамла 23 нафар куштаву 50 тан маҷруҳ шуд.
Кумаки башардӯстонаи СММ ба Афғонистон
CentralAsia (CA). Як ҳавопаймои ҳомили кумакҳои башардӯстона дар фурудгоҳи Кобул фуруд омад. Ҳавопаймои аввал ба муҳоҷирони дохилӣ 33 тонна бастаи ашё ва амволе, ки барои гарм кардани манзилҳои истиқоматӣ дар фасли зимистон пешбинӣ шудааст овард.
Ҳар як баста 25 кг вазн дошта, дорои фарш ва дигар ашёҳо мебошад. Гуфта мешавад, ки ин аввалин аз се парвози UNHCR оид ба гурезагон мебошад ва интиқоли навбатии кумакҳои башардӯстона 4 ва 7 ноябр дар назар аст.
«Мо барои расондани кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон ва дигар кишварҳои минтақа аз роҳҳои заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоӣ истифода мебарем, то эҳтиёҷоти рӯзафзунро қонеъ кунем. Илова бар ин, дар Тирмизи Ӯзбекистон кумакҳои башардӯстона қарор доранд, ки дар ҳолатҳои зарурӣ тариқи мошинҳо боркаш ба Афғонистон интиқол мегарданд», - омадааст дар хабар.
ИМА гуфт, ки НАТО бояд муколамаро бо Россия ва Чин идома диҳад
ТАСС. НАТО бояд муколама бо Россия ва Чинро идома диҳад, зеро ҷомеаи ҷаҳон ҷанг байни давлатҳои абарқудратро намехоҳад. Дар ин бора генерал Марк Милли, раиси сардорони ситодҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА, дар форуми Аспен оид ба амният гуфт.
«Мо дар марҳалаи сулҳ байни кишварҳои абарқудрат қарор дорем ва мехоҳем онро нигоҳ дорем», - гуфт Милли.
Ба гуфтаи ӯ, барои ин муоширати мутақобила бо Россия, Чин ё кишварҳои дигар лозим аст. Ӯ таъкид кард, ки ин метавонад ҳам тавассути миёнаравҳо ва ҳам бевосита сурат гирад. «Фикр мекунам, ки ин муносибати оқилона аст. Ман итминони комил дорам, ки бояд на танҳо бо иттифоқчиён, шарикон ва дӯстон, балки комилан бо мухолифон ва душманон суҳбат кардан зарур аст», - гуфт Милли.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 883