logo

ҳуқуқ

АЗ ТАЪРИХИ КОНСТИТУТСИЯҲОИ ТОҶИКИСТОН

 
Пайдоиш ва инкишофи конститутсияҳои Тоҷикистон ба таъсис ва ташаккули якумин давлати миллии Тоҷикистон алоқаманд аст. Анҷумани дуюми Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон 28 апрели соли 1929 аввалин Конститутсияро қабул кард. Он мувофиқи конститутсияҳои Иттиҳоди Шуравӣ (соли 1924) ва ҶШС Ӯзбекистон (1927) таҳия шуда буд.  
Анҷумани чоруми Шуроҳои Тоҷикистон 25 феврали соли 1931 Конститутсияи аввалини Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистонро қабул кард, ки он ба Конститутсияи соли 1924-и Иттиҳоди Шуравӣ мувофиқат дошт.
Конститутсияи дигар 1 марти соли 1937 аз тарафи анҷумани шашуми фавқулодаи Шуроҳои ҷумҳурӣ қабул гардид, ки моҳиятан бо Конститутсияи иттифоқии соли 1936 мувофиқ буд. Ин конститутсия 41 сол амал намуда, дар ин муҳлат ба он қариб ҳазор маротиба тағйиру иловаҳо ворид гардид. 
Конститутсияи чоруми Тоҷикистон, ки соли 1978 қабул гашт, мувофиқ ба конститутсияи собиқ шуравӣ буд ва он 16 сол амал намуд.      
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Конститутсияи нави худро бори аввал тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба 6 ноябри соли 1994 рост омад, аз дебоча, 10 боб ва 100 модда иборат аст.  Дар он хусусиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ муқаррар карда шудаанд. 
Ҳамин тавр, вобаста ба дигаргуниҳо ва ба миён омадани талаботи нави замон се маротиба - солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид шудаанд, ки ба рушду тараққиёти кишвар мусоидат намуданд.
 
Манучеҳр МУРОДАЛИЗОДА, 
сардори шуъбаи назорати давлатӣ оид ба 
регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои 
меъёрии техникӣ дар саноати 
вазнини  Агентии "Тоҷикстандарт"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.11.2021    №: 223    Мутолиа карданд: 2471
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед