ҳуқуқ
ГУЗАРЕ БАР КОРОМАДИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Дар таърихи башарият санад, маншур ва ҳуҷҷатҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ барои ташаккулу пешрафти муносибатҳои ҷамъиятӣ, шинохти миллатҳо дар арсаи байналмилалӣ, амалинамоӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, расондани ҳақ ба ҳақдор нақши босазо доранд. Тоҷикон ҳанӯз аз умқи таърих ба ин масъала таваҷҷуҳи вижа зоҳир намуда, дорои китобу давот, қонуну маншур, давлати дорои низоми идораи пешрафта, маънавиёти баланд ва нобиғаҳои сатҳи ҷаҳонӣ мебошанд, ки то имрӯз аз аҳамияти бузург бархӯрдор буда, моро водор месозад, ки аз дастоварҳои ниёгон илҳом гирифта, барои ташаккули Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд талош намоем.
Миллати тоҷик сӣ сол муқаддам 9 сентябр ба Истиқлоли давлатӣ мушарраф гардид. Ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои халқи соҳибтамаддуни тоҷик, ки дар як марҳилаи ҳассоси таърихӣ қарор дошт, дар сарнавишти ин миллат таҳаввулоти бузурги сиёсиву иҷтимоӣ ва гардиши куллиеро ба миён овард. Ин марҳалаи таърихӣ ба оғози дигаргуниҳои азими ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ рост омад, ки он бояд арзишҳои пурғановати миллати тоҷикро дар ҳамбастагӣ ва алоқамандӣ бо арзишҳои умумиинсонӣ дар худ таҷассум карда метавонист.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таҷрибаи конститутсионализми Тоҷикистон бори аввал тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ифодаи азму иродаи халқу миллати тоҷик буда, хусусияти асосии он дар санади миллӣ будани он ифода меёбад. Зеро Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии мардуми Тоҷикистон буда, ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии миллати дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, минбаъд барои устувор намудани пояҳои давлати соҳибистиқлолу мустақил мусоидат намудааст.
Бояд тазаккур дод, ки барои қабул намудани Конститутсия нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бениҳоят бориз мебошад. Зеро, пас аз Иҷлосияи таърихӣ масъалаи таҳия, муҳокима ва қабули санади ишорашуда аз нав ба миён гузошта шуд. Метавон гуфт, ки Конститутсияи амалкунанда натиҷаи амалӣ гаштани қарорҳои Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ мебошад. Дар ин иҷлосия қарор дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 1990 «Дар бораи ташкили комиссия оид ба тайёр намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд, ки дар асоси он Комиссияи нави конститутсионӣ таҳти роҳбарии Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Сипас, дар иҷлосияи ҳабдаҳуми Шурои Олӣ (26 июли соли 1993) дар бораи тағйир додани ҳайати комиссияи конститутсионӣ қарор қабул намуд, ки сарварии онро Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зимма доштанд ва ба ҳайати он олимон, кормандон ва коршиносон шомил буданд. Гурӯҳи кории таъсисдодашуда дар давоми шаш моҳи фаъолияташ ду лоиҳаи конститутсияро омада кард, ки яке шакли идораи парламентиро инъикос менамуду дигаре шакли идораи президентиро. Баъд аз муҳокима комиссияи конститутсионӣ лоиҳаи конститутсияеро, ки шакли идоракунии президентиро таҷассум менамуд, интихоб ва барои муҳокимаи умумихалқӣ дар матбуот нашр кард. Ниҳоят, 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.
Воқеан, Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар давраи ниҳоят ҳассос барои миллати тоҷик қабул карда шуд ва он тавонист рисолати аслии худро дар назди халқи тоҷик иҷро намояд. Диққати асосӣ ба вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона гардида, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ шинохта шудааст ва давлат масъул гардидааст то ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз намояд. Ин меъёр бори дигар исбот намуд, ки тоҷикон аз азал ба ҳуқуқу озодиҳои инсон эҳтиром мегузоштанд ва ҳамеша барои ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо талош намудаанд.
Зимнан, лозим ба тазаккур аст, ки Конститутсия санади шахшуда нест ва бо гузашти айём он ба такмил ниёз пайдо менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо назардошти омилҳои гуногун ба Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии худ се маротиба бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид намудааст, ки дар натиҷаи онҳо моҳият ва мундариҷаи меъёрҳои конститутсионӣ боз ҳам такмил дода шуда, муносибатҳои нав дар сатҳи конститутсионӣ мавриди танзим қарор гирифтанд.
Бори нахуст 26 сентябри соли 1999 ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки дар натиҷаи он парламенти доимоамалкунандаи касбӣ дар кишвар таъсис дода шуд; муҳлати ваколати Президент ба ҳафт сол ва муҳлати ваколати судяҳо ба даҳ сол расонда шуд; Президент ваколати доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ҳамасола дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон баромад намуданро пайдо кард; ба Президенти кишвар ҳуқуқи таъини раъйпурсӣ дода шуд.
Бори дуюм 22 июни соли 2003 ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид шуданд, ки онҳоро метавон ба чор қисмат ҷудо намуд: ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, низоми давлатӣ, муқаррароти интиқолӣ ва таҳриру тасҳеҳи Конститутсия. Дар асоси тағйиру иловаҳои мазкур инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ эътироф карда шуд; раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун шакли олии ифодаи бевоситаи ҳокимияти халқ муқаррар гардид; ҳизбҳои сиёсӣ чун унсури низоми сиёсӣ пазируфта шуданд; салоҳиятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас гардид; ба низоми судӣ суди иқтисодии ВМКБ, суди иқтисодии вилоятҳо ва суди иқтисодии шаҳри Душанбе ворид карда шуданд. Инчунин, як зумра тағйироти дигаре ворид гардиданд, ки барои такмил додани низоми қонунгузории кишвар ва рушди муносибатҳо дар ҷомеа нақши бузургро иҷро намуданд.
Бори сеюм 22 майи соли 2016 ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид шуданд ва дар натиҷаи он истилоҳи «Сарқонун» аз номи Конститутсия гирифта шуд; маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби субъектони хориҷӣ манъ гардид; синни интихоб шудан ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-солагӣ муқаррар карда шуд; инчунин, синни таъин гардидан ба вазифаҳои судяҳои судҳои ҷумҳурӣ низ аз 30-солагӣ муайян гардид.
Дар умум, тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридгардида мазмуну муҳтавои онро такмил дода, воқеияти замони худро инъикос намуданд ва барои такомул додани низоми сиёсии ҷомеа заминаи устуворро гузоштанд. Маҳз тағйиру иловаҳои воридгардида барои мукаммал намудани низоми қонунгузории кишвар замина гузошта, роҳи минбаъдаи давлатдориро муайян сохтанд.
Нақш ва мавқеи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти такмил додани меъёрҳои конститутсионӣ бениҳоят бузург мебошад. Зеро бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат ва дар заминаи меъёрҳои Конститутсия мо санадҳоеро қабул намудем, ки хусусияти миллӣ дошта, имрӯз дар арсаи дунё ҳамчун намуна хизмат намуда истодаанд. Инчунин, сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат боиси он гашта, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ моро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ташаббускор дар самти ҳимояи ҳуқуқи инсон мешиносанд.
Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ, Истиқлоли давлатӣ ва дигар дастовардҳои миллиро аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба расмият даровард ва ин санади мудавван дар самти сохтани як давлати амну амон, демокративу ҳуқуқбунёд, ташкили ҷомеаи шаҳрвандӣ, арзиши олӣ эътироф гардидани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, ташкили мақомоти олӣ ва маҳаллии давлатӣ, пеш гирифтани роҳи эъмори ҷомеаи адолатпарвар, равобити хуби байналмилалӣ ва рӯнамоии Ватани маҳбубамон дар арсаҳои мухталиф хидмат намуд.
Шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ муборизаҳои оштинопазири кишварҳои абарқудрат барои пайдо намудани нуфуз дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ моро аз ҳар вақта дида ҳушдор месозад, ки аз иштибоҳҳои гузаштаи таърихи миллатамон сабақ гирему ба ояндаи дурахшони Ватани азизамон назари хуб дошта бошем ва ба муқаддасоти миллӣ арҷ гузошта, меъёрҳои қонуни асосӣ – Конститутсияро риоя намуда, барои пойдории демократия ва рушди давлатдории миллӣ саҳми арзанда гузорем.
Раҳмон ДИЛШОД,
раиси кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ,
ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.11.2021 №: 223 Мутолиа карданд: 2342