logo

ҳуқуқ

КОНСТИТУТСИЯИ ДЕМОКРАТИАСОС. ЭЪТИРОФИ КОРШИНОСОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Касби Истиқлоли давлатӣ дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта кишвари моро дар пешорӯйи тағйирот ва гардишҳои куллӣ қарор дода, низоми нави давлатдорӣ зарурати бознигарии асноди ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятиро ба миён овард. Дар ин робита, таҳияи лоиҳаи Конститутсия ва қабули он, бозбинии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, такмил ва эҷоди қонунҳои нави ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир дастури кор қарор гирифт, зеро бидуни чунин амре таъмини манофеи давлату миллат номумкин буд.
 
Агар ба таърихи таҳаввулоти давлатдории навини тоҷикон дар замони истиқлолият назар афканем, бешубҳа қабули Конститутсия оғози башоратҳои нек дар роҳи бунёди давлати миллӣ ба шумор меравад. Зеро маҳз ҳамин санади олӣ, ки лоиҳаи он аз ҷониби ҳайати Комиссияи конститутсионӣ бо роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардида буд, ба дурнамои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, расидан ба ваҳдати миллӣ, бартараф намудани пайомадҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарор намудани хоҷагии халқ замина фароҳам овард.
Ҳоло боиси ифтихор аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сӯйи коршиносони байналмилалӣ ба сифати яке аз конститутсияҳои демократиасос эътироф шудааст. Олимони соҳаи ҳуқуқ яке аз вижагиҳои ба чунин баҳои баланд сазовор шудани Конститутсияи моро дар он мебинанд, ки ин санади олӣ аз принсипҳои демократӣ, арзишҳои умумибашарӣ таркиб ёфта, ҳуқуқу озодиҳои инсонро арзиши олӣ эълон ва халқро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намудааст. Гузашта аз ин, ҷой додани принсипҳои гуногунандешӣ, таҷзияи ҳокимият ба шохаҳо, эътирофи гуногуншаклии моликият, рӯ овардан ба иқтисоди бозоргонӣ ва дигар меъёрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони нав дар Конститутсия имкон фароҳам овард, ки равобити сиёсию иқтисодии Тоҷикистон бо ниҳодҳои байналмилалӣ ва соири кишварҳои олам ба таври мусбат гиреҳ хӯрад.
Барҳақ, яке аз вижагиҳои Конститутсияи мо бахшидани аз се як ҳиссаи меъёрҳои он ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба шумор меравад, ки ин масъала баёнгари мазмуну моҳияти ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, пуштибонии амиқи давлату Ҳукуматро дар раванди демократисозӣ ва манфиатҳои халқ нишон медиҳад.
Қобили зикр аст, ки барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки асоси ҷомеаи демократӣ ба шумор меравад, нақши ҳокимияти судӣ басо назаррас аст. Ин аст, ки баробари қабул гардидани Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ҳокимияти судӣ дар мамлакат ҳамчун рукни мустақил эътироф гардида, бар мабнои талаботи замон ва низомҳои нав ислоҳоти мақомоти судӣ оғоз гардид. Бесабаб нест, ки боби 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба суд ва ҳокимияти судӣ бахшида шуда, дар дигар моддаҳои он ҳолатҳое, ки марбут ба амалишавии ҳуқуқу уҳдадориҳои инсон, шаҳрванд ва ташкилоту муассиса, корхонаҳои давлатию ҷамъиятӣ ва хусусӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва тарзу воситаи фаъолияташон, бавосита ё бевосита зикр шудаанд, ки татбиқи онҳо низ дар ниҳояти кор бар дӯши мақомоти судӣ аст. Зеро ҳаллу фасли қонунии ҳама гуна баҳсу ихтилофот ва матраҳ кардани дигар масоили ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, салоҳияти судҳост.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон оид ба нақши ҳокимияти судӣ дар татбиқи амалии адолат ибрози назар намуда, таъкид карданд: «Мустақилияти ҳокимияти судӣ чун рамзи адолат аз обрӯву нуфузи он дар ҷомеа, сатҳи омодагии касбии судяҳо дар мавриди доварии софдилонаи онҳо ба нафъи инсон, ҷомеа ва давлат вобаста аст. Вазифаи асосии ҳокимияти судӣ татбиқ ва таъмини адолати судӣ мебошад. Аз ин рӯ, адолат дар фаъолияти мақомоти судӣ фақат дар сурате амалӣ мегардад, ки онҳо парвандаҳоро воқеъбинонаю беғаразона ва бо риояи қатъии талаботи Конститутсия ва қонунҳо ҳаллу фасл намоянд».
Дар партави ин таъкиди Пешвои муаззами миллат, мо – кормандони  мақомоти судӣ худро вазифадор меҳисобем, ки зимни иҷрои уҳдадориҳои хеш ба иштибоҳ роҳ надода, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонуну адолатро бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ҳифз намоем. Имрӯзҳо, ки аз қабули Конститутсия 27 сол сипарӣ мегардад, муқаррарот ва меъёрҳои волои ин ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ ва дигар қонунҳоро риояву иҷро намоем.
 
Баҳодур ИСОЗОДА,
муовини раиси суди ноҳияи Шоҳмансур
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.05.2021    №: 223    Мутолиа карданд: 2515
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед