иҷтимоиёт
САНАДЕ, КИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИРО ТАҲКИМ БАХШИД
Бешубҳа, қабули Конститутсия дастоварди бузурги халқ дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин маҳсуб ёфта, он дар як вақт барои пойдории сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ ва ташаккули ниҳодҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварамон нақши созгор дорад ва дар заминаи он сатҳи маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии аҳолӣ баланд гардид.
Конститутсия заминаи эҷоди қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии моҳиятан миллӣ ва созгор ба паймонҳои байналмилалиро фароҳам оварда, таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату маҳал, нажоду забон, мазҳабу эътиқодро ҳадафи асосӣ қарор дод. Ин санади олии ҳуқуқӣ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҳким бахшида, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои умдаи пешрафти ҷомеаро ба меъёрҳои эътирофшудаи ҷаҳони муосир мутобиқ гардонд. Ҳоло Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи дигаргуниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҷамъиятиро дар худ таҷассум намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ба сифати арзиши олӣ эътироф кардааст. Бо назардошти аҳамият ва мавқеи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Конститутсия боби махсус бахшида шудааст, ки асоси ин бобро меъёрҳои эътироф ва пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ, ки аз Эъломияи умумии ҳуқуқи башар бармеоянд, ташкил медиҳад.
Имсол аз қабули Конститутсия бисту ҳафт сол пур мешавад ва тайи ин солҳо собит гашт, ки мардуми кишвар шакли идораи давлату давлатдориро дуруст интихоб кардаанд. Чунки ба шарофати он ҷаҳониён Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, кишвари татбиқкунандаи сиёсати дарҳои кушода ва халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки ба арзишҳои конститутсионӣ эҳтиром гузорем, омӯзишу риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, ки аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфтаанд, дар меҳвари кору фаъолият ва зиндагии хеш қарор диҳем. Зеро таҷриба нишон медиҳад, ки давлату миллати қонунсолор устувору бегазанд ва гузашта аз ин, соҳиби мақому ҷойгоҳи шоиста аст.
Қурбоналӣ ҚОДИРОВ,
омӯзгори Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.11.2021 №: 223 Мутолиа карданд: 577