logo

ҳуқуқ

КОНСТИТУТСИЯ ВА РУШДИ ҶОМЕАИ ДЕМОКРАТӢ

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба марҳилаи нави давлатдорӣ ворид гардид. Миллати соҳибтамаддуни тоҷикро лозим омад, то низоми давлатдориро бар асоси арзишҳои инсонӣ ва манфиатҳои миллӣ муайян намояд. Дар шароити ҳассоси сиёсӣ ва дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти ҷомеа, масъалаи ҳифзи арзишҳои миллиро дар низоми қонунгузорӣ мушаххас кардан муҳим арзёбӣ мегардид. Зеро дар заминаи дигаргуниҳо, ки дар ҳаёти сиёсии кишвар ба вуҷуд омада буд, зарурати муайян намудани асосҳои ҳуқуқии давлату ҷамъиятро бар асоси ислоҳоти куллӣ талаб менамуд. Мутобиқ сохтани асосҳои ҳуқуқии ҷомеа бо принсипҳои демократӣ ва ташаккули арзишҳои миллӣ дар низоми қонунгузорӣ аз ҷумлаи ҳадафҳое буданд, ки мардуми Тоҷикистон ҷиҳати расидагӣ ба онҳо иқдом намуданд. 
Ҳанӯз 6 ноябри соли 1994 мардуми кишвар бо эҳсоси баланди ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар ҷараёни муҳокимаи лоиҳаи Конститутсия фаъолона иштирок намуда, як қатор пешниҳодҳо низ ба миён оварданд. Билохира, баҳри таъмини адолату озодӣ ва ташаккули ҷомеаи демократӣ сокинони Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи худро қабул намуданд.
Бо эълони Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр дар сатҳи Конститутсия масири давлатдории миллӣ боз гардид. Ин қадами муҳим баҳри мустаҳкам намудани Истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб рафта, имкониятҳои фаровонро баҳри рушди ҷомеаи демократӣ ва инкишофи давлатдории миллӣ фароҳам овард. Дар шароити ҷаҳони муосир ин принсип даст дод, то Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар радифи дигар мамлакатҳои мутамаддин ҳамчун давлати озоду соҳибистиқлол арзи вуҷуд дошта бошад. Инъикоси манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ дар сатҳи Конститутсия як қатор имкониятҳоро баҳри ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва  арзишҳои миллӣ дар дохили кишвар ва берун аз он эҳё намуд. 
Эътирофи халқи Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ шароит фароҳам овард, то шаҳрвандон дар раванди ташкилу фаъолияти мақомоти намояндагӣ, иҷроия ва судӣ иштирок намоянд. Нақши халқ дар ташкил ва фаъолияти мақомоти олии давлатӣ ба воситаи вакилон ва ё бевосита тавассути интихобот сурат мегирад. Халқ орзу ва ормонҳои худро бо ширкат дар интихоботи озоду демократӣ амалӣ менамояд. Ҳамин тариқ, рушди ҷомеаи демократӣ дар рафти таъмини ҳокимияти халқ, ифодагари адолат ва озодиҳои инсон буда, марҳилаи инкишофи соҳибихтиёрии халқ маҳсуб мегардад. 
Тоҷикистон ҷиҳати бунёди давлати демократӣ бо роҳи қабули Конститутсия тавонист арзишҳои демократиро, ки асоси онҳо ҳокимияти халқ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад, ҳамчун арзишҳои воло ҳифз намояд. Махсусан, кафолати Конститутсия дар хусуси он ки инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ таъмин мешавад, аз унсурҳоест, ки ҷомеаи демократӣ онро талаб менамояд. 
 
Нусратуллои НАЗАРИЁН,
донишҷӯйи соли чорум, бахши ҳуқуқшиносии ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.11.2021    №: 223    Мутолиа карданд: 2696
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед