logo

сиёсат

ИМОН БА ХУДО ВА НИЯТИ ПОК ПЕШВОРО МАҲБУБИ ДУНЁ КАРДААСТ

Итминони комил дорам, ки хидматҳои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон аз овардани сулҳ то баргардондани гурезаҳо ба Ватан, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҳифзи дини мубини Ислом ва садҳо амалҳои хайри дигар дар сафҳаи таърих абадан дарҷ мегардад, зеро таърих кам нафареро ёд дорад, ки ба Ватану миллати худ дар замони вазнини давлатдорӣ содиқонаву фидокорона хизмат карда бошад.
 
ЭЪЛОНИ СОЛИ БУЗУРГДОШТИ ИМОМИ АЪЗАМ 
Таърих устоди бузурги ҳаёт ва таълимдиҳандаи инсон мебошад. Гузашти вақт дар саҳифаҳои таърих бо талхиву шириниаш сабт гардида, таҷрибаи муайяни зиндагиро ба вуҷуд меорад. Инсон аз гузашта сабақ меомӯзад, дарси омӯхтаро баҳри таълиму тарбияи насли оянда сарф менамояд ва онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят месозад. Яке аз он нафароне, ки ба таърих таваҷҷуҳ намуда, барои муаррифӣ намудани бузургони гузаштаамон ба ҷаҳониён камари ҳиммат бастаанд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. 
Президенти кишвар ба хотири арҷгузорӣ ба хидматҳои беназири фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит (Имоми Аъзам) дар рушди фарҳанг ва тамаддуни исломӣ ва аҳамияти калон доштани мероси динӣ-ҳуқуқии ӯ дар ташаккул ва инкишофи худшиносии миллӣ соли 2009-ро – Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон карданд. Дар иртибот ба ин, дар пойтахти кишвар бо иштироки намояндагони 46 мамлакати дунё 1310-солагии ин пешвои мазҳаби ҳанафӣ ҷашн гирифта шуд. Қобили зикр аст, ки аксари аҳолии Тоҷикистон ва кишварҳои исломӣ пайрави мазҳаби ҳанафия мебошанд. 
Имом Абуҳанифа аввалин фақеҳ ва ҳомиест, ки дар замонҳои хеле тезутунди густариш ва интишори дини Ислом тавонистааст, забони шаҳдбори форсӣ - тоҷикиро пойбарҷо ва забони дуюми дин баъд аз забони арабӣ қарор бидиҳад. Тафсири Қуръон ва нияти намозро ба забони форсӣ - тоҷикӣ иҷозат дод ва аввалин тафсирҳои Қуръон ба забони тоҷикӣ аз он давра мебошанд. 
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастури Пешвои миллат Қуръони карим ба забони тоҷикӣ тарҷума ва тақдим шуд, то мардум бо лафзи ширину шевои модарии худ аз оятҳои Китоби осмонӣ баҳраманд гарданд ва аз моҳияти он бохабар шаванд.
 
ТАНЗИМИ АНЪАНА  ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО
Дар дини мубини Ислом худдорӣ аз зоҳирпарастӣ, кибру ғурур, оростани маъракаҳои серхарҷ ва амсоли инҳо аз арзишҳои воло ба ҳисоб мераванд. Вале, мутаассифона, бо сабаби ноогоҳӣ аз шариати ислом, миёни мардум бидъаткориву мусобиқаҳо дар баргузории тӯю маъракаҳои азодорӣ боиси исрофкориҳои аз ҳад зиёд гардиданд. Аз ҷумла, гузарондани маъракаҳои ҷумъагӣ, бист, чил, шашмоҳагию сол барои мардуми камбизоат тоқатнофарсо шуд. Вале баъзеҳо, сарфи назар аз нодориашон, барои он ки аз хешу ақрабо ва ҳамсояҳо таъна нашунаванд, маҷбур буданд, чунин маъракаҳои серхарҷро гузаронанд, ки боиси дар қарз ғӯтидани онҳо мешуд. Ҳол он ки баргузории маъракаҳои фавқуззикр дар аксар кишварҳои исломӣ ба назар намерасанд, зеро исроф ҳарому бидъаткор гумроҳ аст.
Аз ин лиҳоз, баҳри аз байн бурдани зиёдаравию исрофкориҳо ва таъмини зиндагии шоиста бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд. Қабули Қонуни мазкур амали хайре гардид ва он муҳимтарин рукнҳои ҳаёти иҷтимоӣ, анъана ва маросимҳои миллию диниро ба танзим даровард. 
Таҷрибаи Сарвари ғамхори Тоҷикистонро на танҳо аҳолии кишварамон, балки раҳбарон ва сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки бо тоҷикон анъанаҳои муштарак доранд, хуш пазируфта, пайравӣ низ карданд.
 
ҒАМХОРИҲОИ БЕМИСЛ НИСБАТ  БА ЯТИМОНУ БЕПАРАСТОРОН
Ёриву кумак ба ниёзмандон аз хислатҳои ҳамидаи инсон ба ҳисоб мераванд. Аз ҷумла, дар робита ба ин, паёмбари ислом дар хутбаи худ ба муносибати оғози моҳи шарифи Рамазон аз шахсони сарватманду доро даъват кардааст: “Ба фақирон ва дармондагон кумаку ёрӣ расонед, ба ятимони бепарастор меҳрубониву ғамхорӣ кунед ва умед дошта бошед, ки баъди сари шумо дигарон низ ба ятимони шумо меҳрубонӣ намоянд”.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки аз чунин суханони пурмазмун огоҳанд, ба ҳар шаҳру ноҳия ва деҳае, ки сафар менамоянд, ҳатман аз аҳволи ятимон, бекасону маъюбон ва барҷомондагон хабар мегиранд. Махсусан, ятимонро пайваста сари хон ҷамъ оварда, барояшон туҳфаҳои пулию молӣ ҳадия менамоянд ва, аз ҳама муҳим, онҳоро падарвор насиҳат намуда, мегӯянд, ки давлату Ҳукумат ҳеҷ вақт онҳоро танҳо намегузорад. Чунин суханон ба онҳо неруи тоза бахшида, дилашонро ба зиндагӣ гарм менамояд. 
Ҳамин аст, ки дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба фақирону дармондагон, ятимону бепарасторон беш аз пеш меафзояд ва, ҳамзамон, аз ашхоси саховатпеша даъват ба амал меоваранд, ки дар ин амри хайр пайваста саҳми арзандаи хешро гузоранд. 
 
ЭЪТИМОДУ ДИЛБАСТАГӢ БА  МУҚАДДАСОТ ВА АРКОНИ ДИНИ ИСЛОМ
Пешвои миллат ҳамасола мусалмонони Тоҷикистонро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон, Иди саиди Фитр ва Иди Қурбон табрик менамоянд. Дар паёми шодбошиашон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон аз оятҳои Қуръон ва ҳадисҳои пургуҳари паёмбари Худо (с) ёдоварӣ намуда, мардумро барои дастгирӣ, ғамхорӣ ва раҳму шафқат намудан ба ниёзмандон даъват менамоянд. Ин ва дигар амалҳои хайри Пешвои маҳбубамон бозгӯйи дилбастагиашон ба дини Ислом ва мардуми мусулмон мебошанд. Дар ин радиф, бояд аз сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудӣ дар соли 2005 ёдоварӣ намуд. Аз натиҷаҳои сафари пурмаҳсул чандтои онро метавон махсус таъкид кард. Аввал ин ки Сарвари давлат бори сеюм ҳаҷҷи умра ба ҷо оварданд, ки нишона аз эътимоду эътиқодашон ба муқаддасот ва аркони дини мубини Ислом мебошанд. Дастоварди муҳими дигар ин аст, ки бори нахуст дар таърихи Тоҷикистон ва Осиёи Миёна ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гардид, ки бо Подшоҳи Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Абдулазиз оли Сауд дохили Хонаи Каъба шаванд. 
 
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БОРИ ҲАФТУМ  ДАР РӮЙХАТИ БОНУФУЗТАРИН  МУСУЛМОНОНИ ОЛАМ
Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ аз дини мубини Ислом пуштибонӣ намуда, пайваста таъкид месозанд, ки терроризму экстремизм ба дини Ислом ҳеҷ иртиботе надоранд. Ин ҳама саъю талошҳояшон дар ҳифзи арзишҳои динӣ мавриди таваҷҷуҳи кишварҳои исломӣ қарор гирифт. Ин аст, ки Маркази шоҳигарии тадқиқоти стратегии исломии Уммон бо дастгирии Маркази ҳамдигарфаҳмии мусалмонону масеҳиёни Ҷорҷтаун (ИМА), 19 октябри соли равон рӯйхати навбатии 500 мусулмони бонуфузтарини оламро (The Muslim 500)  ба  нашр  расонд ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бори ҳафтум ба он шомил намуд. Пайваста ба қатори чеҳраҳои шинохта, тобнок ва баргузидаи ҷаҳони ислом пазируфта шудани Сарвари маҳбуби кишвар гувоҳи хидматҳои шоёнашон ба дини мубини Ислом ва мусалмонони олам мебошад ва ин, бешак, боиси ифтихори тоҷикону тоҷикистониён аст. 
Арҷгузорӣ ба хидматҳои фарзонафарзандони тоҷик, ғамхориҳои бемисл нисбат ба ятимону маъюбону пиронсолон, эътимоду дилбастагӣ ба муқаддасоти дини мубини Ислом, муаррифии гузаштаи пурифтихори миллати куҳанбунёди тоҷикон ва, муҳимтар аз ҳама, барқарории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба касе даст медиҳад, ки имон ба Худо ва нияти пок дошта бошад. Хушбахтона, мо онро дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебинем.
 
Сайфулло АШУРОВ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.11.2021    №: 224    Мутолиа карданд: 1187
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед