иқтисод
СУҒД. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТ БА 15 КИШВАРИ ОЛАМ
- Вилоят чун водии дорои имконот шинохта шуда, дар он 700 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият дорад. Дар бахши саноати кӯҳиву металлургӣ, саноати сабук, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, коркарди пахтаву нассоҷӣ, истеҳсоли маҳсулоти пахтагин, масолеҳи сохтмонӣ дастовардҳо назаррас буда, имконият барои густариши ҳамкориҳо фаровон аст.
Ин нуктаро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни Форуми «Имконоти тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо» баён дошт.
Музаффар Юнусов, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, ба «Ҷумҳурият» гуфт, ки дар форум муовини якуми Сарвазири кишвар Давлаталӣ Саид, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, намояндагони вазорату идораҳо, намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон Мехта Пратибха, намояндаи тиҷоратии Россия дар Тоҷикистон Евгений Коренков, президенти палатаи савдо ва саноати вилояти Липетски Федератсияи Россия Анатолий Голтсов, муовини ҳокими вилояти Тошканд Равшан Юлдошев, муовини ҳокими вилояти Самарқанд Ҷамшед Ҳайдаров, муовини ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Хуршедҷон Ахмедов, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, беш аз 200 нафар тоҷирону соҳибкорон ва сармоягузорон аз Россия ва Ӯзбекистон, 200 соҳибкору роҳбарони корхонаҳои саноатии вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои кишвар иштирок доштанд.
Давлаталӣ Саид иброз дошт, ки дар Тоҷикистон бо тадбирандешиҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳибкорӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, фазои мусоиди сармоягузорӣ имкон медиҳад, ки тарҳу лоиҳаҳои муштараки барои ҷонибҳо судманд амалӣ шаванд.
Гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъол буда, барои рушди соҳибкориву сармоягузорӣ имтиёзҳо мавҷуд мебошанд. Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати дарҳои бозро пеш гирифта, бо тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҳамкории густурдаву пурсамар дорад.
Гуфта шуд, ки ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ соли гузашта беш аз 1,5 миллиард долларро ташкил дода, баҳри расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, ки аз ҷониби Сарвари давлат эълон шудааст, тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд. Имрӯз аз ҳудуди вилоят маҳсулоти гуногун ба зиёда аз 15 кишвари ҷаҳон содирот мешавад.
Дар натиҷаи азнавташкилдиҳии хоҷагиҳои калон 66 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ таъсис ёфта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ низ сол ба сол дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Ҳамзамон, вилоят чун дигар минтақаҳои Тоҷикистон ба маркази гардишгарӣ табдил ёфта, дар он садҳо иншооти соҳаи сайёҳӣ, ҷойҳои таърихиву фарҳангӣ, маконҳои истироҳативу фароғатӣ фаъол аст.
Дар доираи форум 20 октябр меҳмонони дохиливу хориҷӣ дар маросими ифтитоҳи ҳафтумин Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2021» иштирок карда, бо намунаҳои маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ ва соҳаи кишоварзӣ шинос мешаванд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.11.2021 №: 224 Мутолиа карданд: 1707