logo

иҷтимоиёт

ХУҶАНД. ТАТБИҚИ ЛОИҲА ҲАЛЛИ МУШКИЛИРО ОСОН КАРД

Имрӯз дар кӯчаю хиёбонҳои сарсабзу хурраму саросар гулпӯш ва тозаву озодаи шаҳри Хуҷанд қадам задану гаштугузор кардан ба ҳар кас ҳаловату фараҳ мебахшад. Шаҳрдорӣ талош дорад, ки Хуҷанд ҳамчун маркази маъмурии вилояти Суғд дар ҳамаи самтҳо  рушд кардаву ободу зебо бошад. Аммо ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳо,  чанд сол қабл мушкилие пеш омад, ки мебоист нахуст онро ҳаллу фасл кард. Ин  ҳам бошад, сари вақт тоза накардани маҳаллаҳо аз партовҳо. Зеро Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии шаҳр “Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ” бинобар фарсудашавии техникаву механизмҳои махсус бо таври бояду шояд аз уҳдаи иҷрои кор намебаромад. 
Баъди талошу такопӯй, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахту маишӣ”-ро  таҳия намуд, ки он аз ҷониби Бонки аврупоии рушду таҷдид маблағгузорӣ мешавад. Маблағи лоиҳа 10 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, дар ду марҳила татбиқ мегардад. 
Бино ба иттилои Шероз Расулов, директори гурӯҳи иҷроияи лоиҳаи мазкур, марҳилаи аввал солҳои 2011 – 2016-ро фаро гирифт. Дар ин давра  нахуст нақлиёти махсуси партовкашонӣ ва механизмҳои соҳа харида, баъдан,  нуқтаҳои асосии ҷамъоварии партовҳо барқарор шуданд. Сониян, ҷиҳати фаъолияти босамару бонизоми нақлиёти партовкашон сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ, ҳамзамон ҷиҳати тозагии мавзеъҳои партовгоҳ қуттиҳои нав, асбобҳои корӣ ва сарулибоси махсус дастрас шуда,  майдони партовгоҳ бо коркарди ниҳоияш дар масофаи 20 километр аз шаҳр дур муқаррар гардид.
- Кормандони муассиса, ки 170 нафарро ташкил медиҳанд,  бо дили гарм аз пайи иҷрои рисолати худанд,- мегӯяд Давронҷон Шокиров, директори генералии КВДК “Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ”. -Бо техникаҳои замонавии истеҳсоли Россияву Чин партовҳои сахту маиширо рӯзе ба миқдори то 550 – 600 метри мураббаъ ба партовгоҳ бурда, дар ҳамон ҷо бо моддаҳои махсуси кимиёӣ  безарар мегардонанд. Боиси тазаккур аст, ки партовгоҳи махсуси шаҳрӣ  тибқи меъёрҳои байналмилалӣ солҳои 2015 – 2016  дар масоҳати зиёда аз 20 гектар бунёд шуд. Дар баробари ин, мувофиқи марҳилаи дувуми лоиҳаи мазкур,  соли 2022 бояд коргоҳи бузурги коркарди партовҳо, ки дар Осиёи Миёна нахустин ба ҳисоб хоҳад рафт, ба истифода дода шавад. 
Муассиса худмаблағгузор аст ва табиист, ки  баҳри  фаъолияти босамару босифат  бояд ҳаққи хизматрасонӣ аз ҷониби аҳолӣ  сари вақт пардохт шавад. Бино ба гуфтаи директори генералӣ Давронҷон Шокиров, муштариён ҳам бо назардошти аҳамияти тозагиву санитарии шаҳр, ҳаққи хизматрасониро дар вақташ  пардозанд. Ҳоло маблағи хизматрасонӣ барои ҳавлӣ (аз ҳар нафар) 7 сомонӣ ва барои биноҳои баландошёна 5 сомониро ташкил медиҳад.
-То анҷомёбии марҳилаи дувуми лоиҳа як соли дигар боқӣ мондааст ва мо талош хоҳем кард,  ки майдони партовгоҳро  то 10 гектар васеъ намуда,  корхонаи коркарди партовро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳем,- таъкид кард Давронҷон Шокиров, директори генералии КВДК “Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ”-и шаҳри Хуҷанд.
 
Ҷовиди АШТӢ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.11.2021    №: 224    Мутолиа карданд: 542
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед