иқтисод
ДАНҒАРА. ЗАРКОРОН НАҚШАРО БАРЗИЁД ИҶРО НАМУДАНД
Пахтакорӣ бахши муҳимтарини соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини корхонаҳои саноати сабук бо ашёи хоми гаронбаҳо, яъне пунба, аҳамияти калидӣ дорад. Бо назардошти сол ба сол сердаромад гардидани соҳаи пахтакорӣ, инчунин, ҷиҳати татбиқи барномаи стратегии коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кори доимӣ ва мавсимӣ, имсол дар ноҳияи Данғара майдони кишти пахта зиёд шуд. Боиси тазаккур аст, ки парвариши пахта заҳматталаб буда, барои гирифтани ҳосили хуб бояд қоидаҳои агротехникӣ ҳатман риоя шаванд. Имсол пахтакорони ноҳия тухмиҳои аълосифати навъҳои гуногуни хитоӣ, инчунин, «Флора», «Ирам», «Флеш», «Хатлон – 2014», «Тоҷикистон», «Хуҷанд»-ро, ки ба иқлими ноҳия мутобиқанд, кишта, дар мавсими ҳосилғундорӣ ба натиҷаҳои баланди истеҳсолӣ ноил гардиданд. Заркорони зафарпешаи ноҳия дар вилояти Хатлон аввалин шуда, аз иҷрои нақшаи пахта мужда расонда, аз майдони 4 585 гектар ба ҷои 9 ҳазору 68 тонна 10 ҳазору 500 тонна пахта ҷамъ оварданд.
Тавре муовини аввали раиси ноҳия Ҷамшед Шарифзода ба хабарнигори махсуси «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, ҳангоми ҷамъбасти даври сеюми мусобиқа, ки дар шаҳри Бохтар баргузор гардид, ноҳияи Данғара сазовори ҷойи аввал гардид. Дар робита ба ин, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар фазои тантанавӣ ба раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин Хайриддин ифтихорнома ва туҳфаи молиявӣ супурд.
Барои ба даст омадани ин комёбӣ сокинони деҳоти Сангтӯда, Исмат Шарифов, Лолазор ва заҳматкашони кооперативҳои истеҳсолии «Сомонҷон», «Раҳмонҷон», «Дӯстӣ», «Ғайрат», «20-солагии Истиқлолият» саҳми бориз гузоштанд.
Тавре мутахассисони соҳа гуфтанд, ҳангоми нигоҳубини пахта ба ҳар гектар аз 250 то 300-килограммӣ нуриҳои азотиву фосфорӣ (нитрофос, суперфосфат ва аммофос) дода шуд. Коркарди байни қаторҳо, обмонӣ ва ғизодиҳӣ, мувофиқи меъёрҳои агротехникӣ ба сомон расида, тибқи тавсияҳои мутахассисони соҳа, бар зидди ҳашаротҳои зараровар аз заҳрҳои кимиёвӣ истифода бурда шуд.
Сари вақт таъмини пахтакорон бо оби полизӣ низ, яке аз омилҳои асосии муваффақиятҳост. Обтаъминкунандагони калидӣ Муассисаи давлатии «Нақби оби Данғара» (сардораш Файз Одинаев) ва идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия (роҳбараш Абдулло Муқимов) дар иҷрои нақша саҳми калон гузоштанд.
Имрӯзҳо дар қитъаҳои пахта 260 хоҷагии пунбакор ва 4 ҳазор чинакчӣ баҳри иҷрои уҳдадориҳо азму талош доранд. Деҳқонон аз рӯзҳои офтобӣ самаранок истифода бурда, ҳар рӯз ба нуқтаҳои қабул ба ҳисоби миёна зиёда аз 150 тонна пахта месупоранд. Ба ҳар кило пахтаи чидашуда ба чинакчиён аз 80 дирам то 1, 3 сомонӣ медиҳанд.
Имсол Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» ҳар як тонна пахтаро аз деҳқонон бо нархи 10 ҳазор сомонӣ мехарад, ки назар ба солҳои гузашта, ду баробар зиёд мебошад. Ин ташаббуси роҳбарияти корхонаи саноатии кишвар ба ғанӣ гардидани буҷаи хоҷагиҳо мусоидат мекунад.
Месазад гуфт, ки дар ғанигардии хирмани пахтаи ноҳия меҳнати самаровари пунбакорони Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки чанд сол мешавад ба пахтакорӣ машғуланд, назаррас аст. Пахтазорашон дар масоҳати 1800 гектар доман паҳн мекунад. То имрӯз онҳо зиёда аз 6 ҳазор тонна пахта ҷамъ оварданд.
Сарфи назар аз иҷрои барзиёди нақша, ғунучини ҳосили боқимонда бомаром ҷараён дорад. Заркорони зафарпешаи ноҳия мақсад доранд, ки аз ҳавои мусоид ва захираву имкониятҳо самаранок истифода бурда, истеҳсоли «тиллои сафед»-ро ба 11 ҳазор тонна расонанд.
Холназар КАСИРОВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.11.2021 №: 224 Мутолиа карданд: 3015