Хабарҳо
ФОРУМИ МИЛЛӢ. МИНБАРИ ГУФТУГӮЙИ ОЗОД ВА ҲАМОҲАНГИИ МАҚОМОТ БО ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ
Бо ташаббуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 27-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми ҳафтуми миллӣ оид ба волоияти қонун баргузор гардид. Дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон, вазорату идораҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносони мустақил ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Музаффар Ашуриён, вазири адлия, иброз дошт, ки таъмини волоияти қонун яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб рафта, баланд бардоштани дониши касбӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, кафолати эҳтиром риоя ва иҷрои Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. - Ба андешаи мо, ҳамаи комёбиҳо дар ҷодаи таъмини волоияти қонун, аз қабули Конститутсияи кишвар сарчашма мегирад. Ин санади олии ҳуқуқӣ дар баробари таъмини дигар масъалаҳои муҳими давлатӣ дар рушд ва таҳкими низоми ҳуқуқӣ роҳи васеъ кушода, сиёсати ҳуқуқӣ, шакли ҳуқуқ, фаъолияти ҳуқуқиҷрокуниро пешбинӣ намуд. Бо мақсади амалисозии меъёрҳои Конститутсияи як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномаву стратегия, консепсия, нақшаи чорабиниҳо ва дигар санадҳои муҳими давлатӣ қабул гардида, ба амалисозии ҳадафҳои рушди давлат, эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва адолатпарвар равона шудааст, - гуфт вазири адлия.
Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди Олии кишвар, зикр кард, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба як қатор санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ҳамроҳ гардид. Бо мақсади таъмини фаъолияти шаффоф ва самараноки низоми судӣ мунтаззам дар доираи барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ такмили қонунгузорӣ ва таҷрибаи амалисозии ҳуқуқ ҷараён дорад. Аз ҷумла, дар назди Суди Олӣ ва судҳои вилоятӣ, коллегияҳои судӣ оид ба парвандаи оилавӣ ва маъмурӣ таъсис дода шуда, механизм оид ба дастрасии иттилоот ба фаъолияти судҳо ташкил шудааст.
Дар форум, инчунин, Зариф Ализода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Пратибҳа Меҳта, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, Саломе Штайб, директори кишвари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон, Нигина Баҳриева, директори Фонди ҷаъмиятии “Нотабене”, Исфандиёр Собирзода, ректори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суханронӣ намуданд.
Ба ақидаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ Форуми миллӣ минбари гуфтугӯйи озод ва ҳамоҳангии мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
Судобаи ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 862